Ду соли ҷанг дар Украина. Назарҳо аз Тоҷикистон: "Бояд сулҳ кунанд"

Алмаато, Қазоқистон, 24 феврал. Дар пояи муҷассамаи нависандаи украинӣ Тарас Шевченко

Бархе раҳбарони Аврупо ва ғарб ба Киев рафтанд, то дар маросимҳои бахшида ба дуввумин солгарди  ҳамлаи васеъмиқёси  Русия ба хоки Украина паёми қотее  фиристанд. Дар як ҳамоиши Душанбе ҳам ҷанги идомаёбандаро маҳкум карданд. Бархе сокинони Душанбе музокираро танҳо роҳи хатми ҷанг номиданд.

24 феврал дар Киев раҳбарони кишварҳои зиёди аврупоӣ ва ғарбӣ меҳмон шуданд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дар як муроҷиати видеоии сабтшуда аз фурудгоҳи Киев, ки дар оғози ишғолгариҳои Русия саҳнаи набардҳои шадид буд, ба ҳамватанонаш гуфт, ду соли ҷанги шадид маънои онро дорад, ки "мо ба ғалаба наздиктар мешавем”.

Зеленский гуфт: "Ду сол пеш мо дар ин ҷо як нерӯи душманро бо оташ пешвоз гирифтем." Вай афзуд, муҳим аст, ки ҷанг "бо шартҳои мо" хотима ёбад.

Бино ба гузоришҳо, раиси Комиссияи Аврупо Урсула вон дер Лейен ҳамроҳи сарвазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ва сарвазири Белгия Александр Де Кру, ки кишвараш ҳоло раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро бар ӯҳда дорад, аз Полша бо қатора ба пойтахти Украина расиданд.

Урсула вон дер Лейен бо нашри аксаш дар истгоҳи Роҳи оҳани Киев навишт: “Мо муқовимати фавқулоддаи мардуми Украинаро таҷлил мекунем”. “Аз гузашта бештар мо дар канори мардуми Украина қарор дорем”, гуфт ӯ, “ҳам аз лиҳози молӣ, ҳам иқтисодӣ, ҳам низомиву маънавӣ”.

Дар паёмаш ба Украина президенти ИМА Ҷо Байден аз сарсупурдагии мардуми ин кишвар ситоиш карда гуфтааст, “эътилофи бемисли иборат аз 50 кишвар ба раҳбарии ИМА барои пуштибонии Украинаву ироаи кӯмакҳои зарурӣ ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани Русия ӯҳдадор боқӣ мемонад”.

Бархе сокинони Душанбе мегӯянд, фурсати хатми ҷанг расидааст ва ҷонибҳо бояд сари мизи гуфтушунид нишинанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъди 2 сол: Назари тоҷикон ба ҷанги Русия дар Украина

Маросиме дар Душанбе

Дар остонаи дуввумин солгарди ҷанги бедалели Русия дар хоки Украина, ки 24 феврали соли 2022 шурӯъ шуд, дар дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳам бо ҳузури сафирони кишварҳои хориҷии муқими Душанбе маросиме барпо шуд. Ҳамзамон дар изҳороте, ки дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе 23 феврал нашр кард, аз истодагарии мардуми Украина ситоиш ва ҳамраъйии аврупоиҳо бо мардуми ин кишвар дар ҷанги зидди Русия баён намуд.

Валерий Евдокимов, сафири Украина дар Тоҷикистон дар маросими рӯзи ҷумъа нахуст аз талошҳои кишвараш дар муқобила бо таҷовузи низомии Русия суханронӣ кард. Вай изҳор дошт, ки мақомоти Киев тавонистанд кишварро аз нобудӣ эмин нигаҳ дорад:

Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Дар давоми ин ду сол Украина тавонист бо тамоми тавоноӣ дар баробари ҳамлаҳои Русия истодагарӣ кунад, ки онро мешавад бо муҳорибаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон муқоиса кард. Мо тавонистем, ки кишварро аз нобудшавӣ ҳифз кунем.”

Дар эъломияи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо омадааст: «Соҳибихтиёрӣ ва дахлнопазирии ҳудудӣ асоси низоми байналмилалӣ мебошанд; Русия ба муқобили як узви соҳибихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷанги нави мустамликавӣ пеш мебарад. Русия собит намуд, ки сазовори эътимод нест, ӯҳдадориҳои қонунии худ, созишномаҳои байналмилалӣ ё дуҷонибаро вайрон мекунад», омадааст дар матни изҳорот.

Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар суханронии худ таъкид дошт, ки таҷовузи Русия ба хоки Украина барои тамоми ҷаҳон хатарҳоеро эҷод кардааст ва пешгирӣ аз он вазифаи ҳар як кишвар мебошад:

Ӯ афзуд, «Мо бояд ёриҳоро ба Украина фароҳам кунем, то ки Украина пирӯз шавад. Ба ин маънӣ, ки принсипҳои низоми ҷаҳонӣ, қонунмандӣ, демократия барқарор карда шавад. Мо онҳоро бояд кӯмак кунем ва кӯмак ҳам мекунем.”

Сафирони бештаре аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе ба мисли Фаронсаву Олмон, Япония ва Бритониёи Кабир дар ин маросим дар суханрониҳои худ аз амалкарди Русия интиқод ва пуштибонии худро бо мардуми Украина изҳор медоштанд.

Мануэл Микаллер, сафири ИМА дар Тоҷикистон махсус таъкид кард, ки пуштибонии Вашингтон аз Украина ба маънии мухолифат бо мардуми Русия нест:

Микаллер гуфт: “Мехоҳам таъкид кунам, ки муборизаи мо бар зидди мардуми Русия нест, балки бо мақомоти худкомаи ин кишвар аст. Мо аз он русиягиҳо, аз журналистону модарон сар карда то муаллимони мактабу пизишкон, ки бар зидди ҷанг ва тарафдорӣ аз сулҳ ба кӯчаҳо баромада, худро зери хатар қарор медиҳанд, ситоиш мекунем.”

Дар остонаи солгарди дувуми ҳамлаи Русия ба Украина Иттиҳодияи Аврупо бастаи сенздаҳуми таҳримҳоро нисбати 106 мақом ва 88 муассисаи муқассир дар ҳамлаҳои низомии Русия муаррифӣ кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Кӯмаки нави Бритониё ба УкраинаБайден гуфт, Путин подоши амалашро мебинад"Қарори Русия монеи кори Радиои Озодӣ ва гуфтани ҳақиқат намешавад"Reuters: Эрон ба Русия садҳо мушак додаастИттиҳоди Аврупо бастаи нави таҳримҳоро алайҳи Маскав пазируфтТасдиқи марги беш аз 45 000 низомии Русия дар ҷанг дар Украина