Ин даврми сездаҳуми таҳримҳо алайҳи Маскав дар ду соли охир аст. Аз замоне ки Русия ҳамлаи бедалели худро ба хоки Украина сар кард.
Раёсати Иттиҳоди Аврупо дар Белгия дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, “ин яке аз бастаҳои калонтарини таҳримҳост, ки аз ҷониби кишварҳои узв тасдиқ шуд.”
Тибқи иттилои Reuters, бастаи нав тақрибан 200 муассиса ва шахсони воқеиро фаро мегирад.
Он рӯзи 24-уми феврал, дар солгарди дувуми оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина, ба иҷро медарояд.