Стивен Капус, раиси Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, гуфт, қарори Русия монеи кори ин расонаи муътабар нахоҳад шуд.
"Ин фақат як намунаи дигар аз он аст, ки чӣ гуна давлати Русия гузоришҳои воқеиро ба унвони як таҳдиди асосӣ мебинад. Ва ин воқеан нигаронкунанда аст," – гуфт ӯ рӯзи 20-уми феврал.
"Дар рӯзҳои охир мо шоҳиди миллионҳо нафар ва теъдоди бесобиқаи мухотабони русзабон шудем, ки ба созмони хабарии мо, ба тамоми пойгоҳҳои Радиои Озодӣ, ба вебсайтҳои мо меоянд, то дар бораи марги Алексей Навалний хабар бигиранд. Онҳо барои ҷустуҷӯи ҳақиқат ба назди мо меоянд ва мо аз ин маъмурияти бисёр муҳими худ даст нахоҳем кашид,” – идома дод ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Дар Русия созмонҳоеро “номатлуб” меноманд, ки аз хориҷа пул мегиранд. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ як ниҳоди ғайритиҷоратист, ки аз сӯйи Конгресси Амрико сармоягузорӣ мешавад.
Ҳуқуқдон Максим Оленичев мегӯяд, акнун дар Русия метавонанд як нафарро барои писандидан (“лайк” мондан) ва паҳн кардани матлабҳои Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷазо бидиҳанд.
Ӯ гуфт: “Дар Русия бастаи қонунҳо вуҷуд дорад, ки ба мақомоти интизомӣ ҳақ медиҳанд, бе гирифтани ягон иҷозаи корбар ба муҳтавои саҳифаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои Интернети русӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Аз ин рӯ, шабакаҳое ба мисли ВКонтакте, Майл.Ру, Одноклассники ва ғайра амн нестанд. Мақомоти Русия бе иҷозаи корбар метавонанд, ба матолиби онҳо дастрасӣ пайдо кунанд, акс бигиранд ва сипас барои нашри матолиби “созмонҳои номатлуб” ба зидди онҳо парвандаи маъмурӣ боз кунанд.”
Ба қавли Оленичев, қонун ба мухотабони берун аз Русия дахл надорад: “Интерпол ҷавобгарии ҷиноиро бо парвандаи “созмонҳои номатлуб” таъқиби сиёсӣ мешуморад. Аз ин рӯ, агар аз тарафи мақомоти интизомии Русия ба Интерпол дархости ҷустуҷӯ фиристода шавад ва агар одам берун аз Русия бошад, ӯро боздошт карда ба Русия намедиҳанд.”
Аз соли 2021 то кунун ба даҳҳо расона, ки сиёсатҳои ҳукумати Русияро танқид мекарданд, унвони “созмони номатлуб”-ро доданд. Қарори нав бар иловаи қонуни феҳрасти “маъмурони хориҷӣ” дар Русия аст, ки Радиои Озодиро ҳам дар он шомил карданд.
Бахши русии Радиои Озодиро барои нодида гирифтани маҳдудиятҳои сахти ин қонун ҷаримаҳои бузург карданд. Сипас соли 2021 дафтари онро дар Маскав бастанд.
Русия дар соли 2022 ҳамчунин вебсайтҳои Радиои Озодиро барои пок накардани мақолаҳо дар бораи Украина дар қаламраваш дастнорас кард. Қарори нав як зарбаи дигаре ба озодии матбуот дар Русия аст.
Гуфтугӯ