Ин таҳқиқро хабарнигорони "Медиазона" ва бахши русии Би-би-сӣ бо гуруҳи ихтиёриён анҷом доданд.
Аз се ду ҳиссаи кушташудаҳо онҳое ҳастанд, ки пеш аз ҳамла ба Украина бо артиши Русия робитае надоштанд. Яъне, бештари онҳо ихтиёриён, даъватшудаҳо, маҳбусони пешин ва ҷалбшудаҳо аз ширкатҳои ба истилоҳ хусусии низомӣ буданд.
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, аз 5406 низомии басеҷшуда 80 дарсадашон дар соли дувуми ҷанг кушта шудаанд. Дар гузориш омадааст, бештари низомиёни кушташуда аз вилоятҳои Краснодар, Свердловск, Челябинск ва Ҷумҳурии Бошқирдистон мебошанд.
Омори мазкурро хабарнигорон аз манобеи боз, ба мисли таъзияномаҳо дар матбуот ва навиштаи хешовандони кушташудагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъ овардаанд.
Вазорати дифои Русия талафоти сарбозонашро дар ҷанг ошкор намекунад ва омори хабарнигоронро ҳам шарҳ надодааст.
Расонаҳо дар аввали имсол маълум карданд, ки аз соли 2022 Бунёди давлатии нафақаи Русия ба кормандонаш амр додааст, дар бораи ширкатдорони ҷанги Украина ва имтиёзҳо ба онҳо ё хешовандонашон маълумот нашр накунанд, чун мумкин аст, бо истифода аз он талафоти нерӯҳои Русия маълум карда шавад.