“Коғази тиббиро бурд, аммо..."
Шарифҷон Шарифов ва Шавкатҷон Олимов, ба қавли пайвандон, дар соли дувуми Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мехонданд. Онҳоро дар моҳи ноябри соли 2023 ба хидмат бурдаанд. Мақомот мегӯянд, онҳо ба дарс наомаданд ва аз донишгоҳ ронда шуданд.
Мухбира Шарифова, модари Шарифҷон Шарифов, мегӯяд, як дасти писараш шикаста буду санади тиббӣ ҳам дошт, вале дар донишгоҳ эътибор надодаанд: “Коғази тиббиро бурда дод, аммо дар рӯзномаи донишгоҳ сабт накардаанд. Бинобар ин, навиштаанд, ки ба дарсҳо ҳозир нашуд. Бо ин ҳам, барои хориҷ шудан мувофиқ нест.”
Ӯ се моҳ боз барои халосии фарзандаш аз сарбозӣ ва идомаи таҳсили ӯ дар донишгоҳ талош дорад. Маҳбуба Солиева, модари Шавкатҷон Олимов, низ бо ҳамин вазъ рӯбарӯст.
Мегӯяд, “бегоҳи 3-юми ноябр аз дарс омад, либосашро иваз кард ва ба кӯча баромад. Бачаҳо хабар оварданд, ки Шавкатро се мард гирифта рафтанд. Сипас фаҳмидем, ки ба комиссариат бурдаанд.”
Ин ду ҷавон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастанд ва дар донишгоҳ дар як гурӯҳ таҳсил доштаанд. Ба қавли модарон, ҳардуи онҳо то лаҳзаи бурдан ба Комиссариати ҳарбӣ “дар бораи қарори ронда шудан аз мактаб огоҳ набуданд”.
Посухи раис; шубҳаи вакил
Раиси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар номае ба волидон навиштааст, Шарифҷон Шарифов дар нимсолаи аввали таҳсил 63 соат ба дарс наомад.
Тибқи низомномаи Вазорати маориф агар донишҷӯ беш аз 48 соат бе сабаб ба дарс наояд, номаш дар рӯйхати рондашудаҳо қарор хоҳад гирифт. Фармони ихроҷи Шавкатҷон Олимовро низ ба сабаби наомадан ба дарс баровардаанд.
Умедҷон Пӯлодов, вакили мудофеи Шарифҷон Шарифов, мегӯяд, “ӯ то 3-юми ноябр ба дарс мерафт, аммо фармон 20-уми октябр қабул шудааст. Вале на декани факулта, на сарпарасти гурӯҳ ва на каси дигар нусхаи онро ба Шарифҷон ё волидонаш надодааст”.
“Ба сабаби онки донишҷӯ буд, ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбиро дошт. Донишҷӯ ҳамроҳи падараш ва адвокат ба Додгоҳи шаҳри Хуҷанд барои баррасии масъала муроҷиат кард”, -- гуфт Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи Шавкатҷон Олимов.
Ҳомиёни ҳуқуқ бо дархости волидони ин ду ҷавон баҳсро ба додгоҳ кашонданд, аммо дар зинаи аввал ҷавоби “не” шуниданд. Ҳоло мехоҳанд қазияро ба зинаҳои болотари Додгоҳ баранд, то баҳои воқеии ҳуқуқӣ ба даст оранд.
Бори аввал нест, ки донишҷӯён ҳангоми таҳсил ё супоридани имтиҳон ба артиш ҷалб мегарданд. Дар гузашта чанд видео аз лаҳзаи ҷалби иҷбории донишҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, сабаби баҳсҳои зиёд гардида буд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, вале мавридҳои "сарбозшикор" ва фишор ба волидони ҷавонон ин хабарҳоро зери шубҳа мебарад. Дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳангоми мавсими даъват ба артиш бо миёнравии волидон ҳатто донишҷӯёне, ки дар хориҷа таҳсил доштанд, низ ба ватан баргашта ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд.