Онҳо бо ин изҳорот шикояти шаҳрвандонро дар бораи фишор ба падару модари даъватшавандаҳо тасдиқи худро ёфт. Ҳарчанд раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода гуфт, фишор ё маҷбуркунӣ набуд.
“Вақте волидонро даъват мекардем, пурра мефаҳмиданд, розӣ мешуданд ва фарзандашонро даъват менамуданд. Ҳатто аз Чин омад, аз Арабистон ва аз Олмон ҳам. Дар муддати 10 рӯз расида омада, ба хидмати модар-ватан сафарбар гардиданд,” -- афзуд Баҳодурзода.
Дар даъвати тирамоҳии соли гузашта аз шаҳри Исфара 366 нафар ва дар соли 2023 дар умум 716 нафар ба сафи неруҳои мусаллаҳ ҷалб карда шудаанд.
Раиси шаҳр гуфт, шахсан худи ӯ ва шаш муовинаш ба иҷрои нақшаи даъват машғул шуданд: “Панҷоҳ дарсад бештари сафарбаршудаҳоро аз Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ даъват кардем. Фақат бо роҳи фаҳмондадиҳӣ. Ман ва шаш муовинам асосан бо ҳамин кор машғул будем. Ягон хел мушкилӣ набуд”.
Дар моҳҳои март то майи соли 2023 даҳҳо сокини шаҳри Исфара аз ҳолатҳои маҷбурӣ овардани фарзандонашон аз Русия шикоят карда буданд. Сокинони чанд ҷамоати Исфара гуфта буданд, ки барои ҷалб накардани фарзандони муҳоҷирашон ба хидмати ҳарбӣ дари масҷидҳояшон баста ва худашон аз барқу об маҳрум шудаанд.
Ҳарчанд шаҳрдории Исфара тасдиқ кард, ки бо волидони ҷавонони синни даъватӣ борҳо вохӯрдааст, ин иддаоро тасдиқ накард.
Баҳоваддин Баҳодурзода дар нишасти хабарии қаблиаш гуфта буд: “Ин маълумот нодуруст аст, ки барои даъват дари масҷидҳоро маҳкам кардем ё барқи ягон нафар хомӯш карда шудааст. Мо дар вақташ аз тарафи ҳукумат вокуниш карда будем, ки ин маълумот тасдиқи худашро наёфт. Ба даъват ин масъала тамоман алоқамандӣ надорад. Аммо мо инро пинҳон намекунем, ки дар ҳақиқат бо якчанд волидон вохӯрдем. Корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдем ва фарзандҳояшонро даъват карданд, ҳоло хидмат карда истодаанд.”
Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, аммо мавридҳои "сарбозшикор" ва фишор ба волидони ҷавонон ин хабарҳоро зери шубҳа мебарад. Сокинон мегӯянд, ҳамчунин, гузоришҳо дар бораи латукӯбу марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ онҳоро дар мавриди фиристодани фарзандонашон ба артиш "дудила" кардааст.
Дар Тоҷикистон ҳар баҳору тирамоҳ давоми чор моҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш мебаранд. Солҳост, ки мавсими даъват бо ҷалби иҷборӣ ё “облава” сари забонҳо мешавад. Мақомот ваъдаи ислоҳи вазъро медиҳанд, вале омори “облава”-и ҷавонон кам нашудааст.
Гуфтугӯ