Гузоштани дурбинҳои назоратӣ дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон ҳатмӣ шуд. Бар асоси илова ба қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, минбаъд дар ҷойҳои будубоши сарбозон бояд камераҳои назоратӣ насб карда шаванд. Қонунро рӯзи 13-уми ноябр президент Эмомалӣ Раҳмон имзо карда, Радиои Озодӣ 1-уми декабр бо муҳтавои он шинос шуд.
Мақомот ҳадаф аз насби камераҳоро “таҳкими интизоми ҳарбӣ, тартибот ва қонуният.. ва пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ” гуфтаанд. Мақомот аз ин бештар шарҳ надодаанд. Маълум нест, ки гузоштани камераҳо аз кай оғоз мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ солҳост талаб доранд, ки барои пешгирӣ аз бадрафторӣ нисбати сарбозон, дар қисмҳои ҳарбӣ камера гузошта шавад.
Метавонем дар даромадгоҳи ҳоҷатхона камера гузорем ва вобаста ба соати даромад ва инки чанд кас ворид мешавад, ба фош шудани ҷиноят кӯмак кунем. Барои қазои ҳоҷат на зиёда аз даҳ дақиқа зарур аст. Вале бадрафторӣ нисбати сарбозон метавонад 20-30 дақиқа ё соатҳо давом кунад. Аз рӯи сабтҳои видеоӣ мо метавонем аниқ кунем, ки чанд кас даромад ва чӣ қадар вақт дар дохил буд
Ҳомиёни ҳуқуқ бо ишора ба қонуни нонавишта дар артиш мегӯянд, на ҳама сарбозони ҷавон ҳозиранд бигӯянд, ки онҳоро кӣ латукӯб ё озор додааст. Бадрафторӣ, аз ҷумла азият шудани навсарбозон аз сӯи сарбозони собиқадор яке аз мушкилиҳои асосии артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Дар яке аз охирин ҳолатҳо моҳи майи имсол Додгоҳи олии Тоҷикистон як афсар ва ҳафт сарбози собиқро барои латукӯби наваскарон аз 9 то 11 сол ба зиндон маҳкум карда буд.
Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” солҳост, ки ба ҳифзи ҳуқуқи сарбозон машғул аст. Ӯ дар ҳайати гуруҳҳои мониторинги аз қисмҳои ҳарбӣ боздид кардааст. Мегӯяд, то ин дам дар баъзе қисҳои ҳарбӣ камераҳо насб шудаанд, вале ҳоло, ки ин кор ҳатмӣ шуд, метавонад натиҷаи хуб орад. Радиои Озодӣ дар суҳбат бо Хуршед Қурбоншоев аз ӯ пурсид, ки насби камераҳо дар қисмҳои ҳарбӣ чиро тағйир медиҳад ва барои аз байн бурдани “дедовшина” чӣ манфиат дорад?
Хуршед Қурбоншоев: Ин иқдом албатта кори хуб аст, мо тарафдори ҳамин фикрем, ки ин метавонад сабаби пешгирии ин рафторҳо бошад. Мо медонем, ки дар як макони будубош аз 40-50 сарбоз истиқомат мекунанд. Ҳамаи онҳо бояд зери назорат бошанд. Мо дар баъзе қисмҳои ҳарбӣ дидем, ки камераҳои назоратӣ натанҳо дар ҷойи хоб, балки дар ошхонаҳо, дар роҳравҳо, ғайр аз ҳаммом ва ҳоҷатхона насб шудааст.
Суҳбатро инҷо тамошо кунед:
Радиои Озодӣ: Дар қонун гуфта шудааст, ки камераҳо дар маконҳои будубоши сарбозон гузошта мешавад. Вале дар баъзе ҳолатҳо дида шуд, ки латукӯби сарбозон дар дигар маконҳои қисмҳои ҳарбӣ иттифоқ афтод, аз ҷумла дар ҳоҷатхонаҳо. Ба назари шумо ба ғайр аз ҷойи хоб, боз дар кадом маконҳои қисмҳои ҳарбӣ мешавад камераҳо гузошт, то аз бадрафторӣ нисбати сарбозон ҷилавгирӣ шавад?
Хуршед Қурбоншоев: Вақте мо сабти видеоӣ мекунем, ҳастанд тарафҳои этикӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба мо иҷозат намедиҳанд дар даруни ҳоҷатхона камера гузорем. Барои онки ин як кирдори ғайриахлоқӣ аст ва ба ягон чаҳорчӯба дароварда намешавад. Вале метавонем дар даромадгоҳи ҳоҷатхона камера гузорем ва вобаста ба соати даромад ва инки чанд кас ворид мешавад, ба фош шудани ҷиноят кӯмак кунем. Барои қазои ҳоҷат на зиёда аз даҳ дақиқа зарур аст. Вале бадрафторӣ нисбати сарбозон метавонад 20-30 дақиқа ё то соатҳо давом кунад. Аз рӯи сабтҳои видеоӣ мо метавонем аниқ кунем, ки чанд кас даромад ва чӣ қадар вақт дар дохил буд. Ин албатта барои фош кардани ҷиноят кумак мекунад.
Радиои Озодӣ: Чигуна метавон аз насби камераҳо ба беҳтарин усул истифода кард, то барои аз байн бурдани латукӯби сарбозон кумак кунад?
Хуршед Қурбоншоев: Як саволи муҳим ин аст, ки ин сабтҳо дар куҷо нигоҳ дошта мешаванд ва наворҳоро кӣ назорат мекунад? Аз рӯи таҷриба медонем, ки фармондеҳи қисми ҳарбӣ дар ҳолатҳои сар задани чунин ҳолатҳо (бадрафторӣ нисбати сарбозон) шахси манфиатдор ба ҳисоб меравад. Агар фармондеҳ ба наворҳо дастрасӣ дошта бошад, барои онки барояш мушкил эҷод нашавад, метавонад ҳамон навори заруриро тоза кунад. Ё метавонад гӯяд, ки дар ҳамон вақт камераҳо кор намекарданд. Пешниҳод мекунем, ки шахсоне ки онҷо манфиатдор нестанд, масалан додситонии ҳарбӣ ба наворҳо дастрасӣ дошта бошанд. Онҳо метавонанд ҳамаи инро назорат кунанд. Ҳамчунин аз нигоҳи техникӣ хотираи камераҳо пур мешаванд ва метавонанд шабонарӯз сабт накунанд. Барои ҳамин пешниҳод мекунем, ки намояндагони додситонии ҳарбӣ ё сарпарастоне, ки аз болои қисмҳои ҳарбӣ назорат мебаранд, рафта бо санад сабтҳоро гиранд ва ин наворҳо барои як муддати муайян ҳифз карда шаванд.
Гуфтугӯ