"Суди олӣ (Додгоҳи олӣ) бар асоси моддаи 319, қисми 3, маҳкум кард. Панҷ сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Гирифтани пора ба миқдори... аниқаш ба ёдам нест... 3 ҳазор доллар, ба фикрам," – гуфт Ҷӯрабек Шерзода, муовини раиси Додгоҳи вилояти Суғд, ҳафтае пеш дар нишасти мабуотӣ.
Пештар масъулони Оҷонси зидди фасод дар вилояти Суғд хабар дода буданд, ки дар соли 2023 ин яке аз мавридҳои намоёнтарини ришвагирии як мансабдори баландмақом аст. Он вақт Насрулло Садриддинзода ба гирифтани 23 ҳазор доллар гумонбар медонистанд.
Дар тобистони соли гузашта бо тасдиқи расмии ин ҳолат парванда барои муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон рафта буд. Ҳамакнун масъулони Додгоҳи вилояти Суғд мегӯянд, дар бораи ҷузъиёти парванда маълумот надоранд.
Ҷӯрабек Шерзода гуфт: “Он шахс чӣ кирдор содир кард ва барои чӣ маҳкум шуд, ба мо дастрас нест. Танҳо медонем, ки дар ҳаракатҳояш характери коррупсионӣ доштааст, ҳам аз вазифа озод шуд ва ҳам маҳкум гардид.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулони Оҷонси зидди фасод дар вилояти Суғд, пас аз се моҳи боздошти раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов қазияро расман шарҳ дода, гуфта буданд, ки Насрулло Садриддинзода бар асоси шикояти ду соҳибкор ва дар вақти гирифтани “пора” дастгир шуд.
Ин ду соҳибкор ба қочоқи мол ва сохтакорӣ муттаҳам мешуданд ва ба гуфтаи масъулони Оҷонсӣ, раиси Додгоҳ барои кам кардани ҷазо аз онҳо ришва хостааст. То ҳол назари пайвандони Садриддинзода ва ё вакили мудофеаш ба иттиҳом ва ҳукми ӯ маълум нест.
Насрулло Садриддинзода дар моҳи феврали соли 2020 ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуда буд. Пештар дар мансаби муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Спитамен кор кардааст.
Дар фармони барканорияш аз 23-юми майи соли 2023 ӯ ба кирдоре муттаҳам шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".
Тайи бештар аз даҳ соли охир зиёда аз сӣ додрасро ба гуноҳи "паст задани шаъну эътибори судя" аз кор рондаанд. Мақомот ҳеч вақт ин ибораро шарҳ надоданд, аммо баъзе аз ин додрасҳо ба иттиҳоми ришвагирӣ маҳкум шуданд.
Дар додгоҳҳои Тоҷикистон 443 додрас кор мекунанд ва ҳамаи онҳоро раисҷумҳур таъину барканор мекунад. Мақомот ин шохаро мустақил медонанд, вале Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон додрасҳоро бештар вобастаи ҳукумати марказӣ ва маоши камро заминае "барои коррупсия” донистаанд.