Масъулони Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд хабар доданд, ки парвандаи раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба Додгоҳи Олӣ фиристодаанд. Дар ин ниҳод ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки дар нимсолаи аввали 2023 ин яке аз намоёнтарин ҳолати ришваситонии як мансабдори баландмақом аст, ки ошкор гардид.
Радиои Озодӣ моҳи май аввалин шуда дар бораи боздошти Насрулло Садриддинзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов гузориш дода буд.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Масъулони Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд, пас аз се моҳи боздошти Раиси Додгоҳи Ҷаббор Расулов, қазияро расман шарҳ доданд. Дар ин ниҳод гуфтанд, Насрулло Садриддинзода моҳи май бар асоси шикояти ду соҳибкор ва дар вақти гирифтани пора дастгир шудааст. Ин ду соҳибкор ба қочоқ ва сохтакорӣ муттаҳам мешуданд ва ба гуфтаи масъулини Оҷонсӣ, раиси додгоҳ барои кам кардани ҷазо аз онҳо пора талаб кардааст. Дар муддати се моҳ Садриддинзода ва наздиконаш дар ин бора чизе нагуфтаанд ва назари онҳо ба иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.
Гузоришҳои қаблӣ ҳокӣ аз он буд, ки Насрулло Садриддинзода ба гирифтани 23 ҳазор доллар ришва гумонбар аст. Баъдан ин иттилоъ тавассути Оҷонсии фасод расман тасдиқ шуд.
Азизхон Ҷӯрахонзода, сардори шӯъбаи тафтишоти Оҷонсии зидди фасод дар Суғд гуфт, парвандаи раиси додгоҳ бар асоси қисми 3-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ ё таҳқиқ шуд. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Насрулло Садриддинзода дар моҳи феврали соли 2020 ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуда буд. Пештар дар мансаби муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Спитамен кор кардааст.
Дар фармони барканорияш аз 23-юми май ӯ ба кирдоре муттаҳам шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад". Назари худаш ва наздикону вакили мудофеъ то ҳол дастрас нест.
Хабарнигорон рӯзи 14-уми август дар нишасти матбуотии раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз Шермуҳаммади Шоҳиён пурсиданд, ки даст ба ҷиноят задани додрасҳо баёнгари чист?
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ гуфт, "соли гузашта 4 судя (додрас) даст ба ҷиноят заданд, аз ҷумла, ҷиноятҳои коррупсионӣ. Дар ин нимсола ду судя даст ба ҷиноят зад. Ин ҳолати бисёр ташвишовар аст. Камбудии роҳбарияти Додгоҳи олӣ аст."
Ташвиши Шоҳиён дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ дар шаш моҳи аввали имсол даҳҳо қарори ғайриқонунӣ аз тарафи додрасҳо бароварда шудааст.
Вай ҳамзамон афзуд, даст ба ҷиноят задани чанд додрас наметавонад бовари мардумро ба қарори дурусти додгоҳҳо кам кунад.
Коршиносон мегӯянд, дар низоми додгоҳии Тоҷикистон омилҳои фасод зиёд ба назар мерасад ва ин ба қарорҳои додгоҳӣ бетаъсир нахоҳад монд.
Дар бештар аз даҳ соли охир зиёда аз сӣ додрасро ба гуноҳи "паст задани шаъну эътибори судя" аз кор рондаанд. Мақомот ҳеч вақт ин ибораро шарҳ надоданд, аммо баъзе аз ин додрасҳо ба иттиҳоми ришвагирӣ маҳкум шуданд.
Дар додгоҳҳои Тоҷикистон 443 додрас кор мекунанд ва ҳамаи онҳоро раисҷумҳур таъину барканор мекунад.
Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон мегӯяд, маоши ками додрасҳо дар Тоҷикистон заминаро "барои коррупсия фароҳам мекунад".
Гуфтугӯ