Аксари довталабони вазифаи котиб ва ёварони раисони додгоҳҳо дар Тоҷикистон бо вуҷуди баҳои қаноатбахш гирифтан аз диктант, як имтиҳони муҳим барои қабул ба кор пазируфта шудаанд.
Беш аз 280 довталаби мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар додгоҳҳо дар имтиҳоне, ки Додгоҳӣ олӣ мегирад, ширкат карданд ва беш аз сад нафари онҳо баҳои се гирифтаанд, ки маънии “қаноатбахш”- ро дорад.
Дар дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, озмун аввали моҳи сентябр ҷамъбаст шуд .
Дар дафтари матбуоти додгоҳ аз ин бештар шарҳ надоданд, вале як мақом аз Додгоҳи олӣ гуфт, бархе нафароне, ки аз диктант баҳои 3 гирифтанд, ба кор қабул шуданд. Дар баробари диктант, озмуни қабул имтиҳоноти дигар ҳам дорад, ки бештар ба ихтисосу қонундонӣ иртибот мегиранд.
"Ба истиснои диктант дигар баҳояшон хуб буд"
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, онҳоеро, ки дар навиштани диктант, муваффақ набуданд, барои он пазируфтанд, ки дар имтиҳони тахассусӣ баҳои баланд гирифтанд.
“Дар имтиҳон ба ғайр аз диктант баҳои умумӣ буд. Баъзе, ки аз диктант баҳои 4 гирифта буд, вале баҳои умумиашон паст буд, ба кор гирифта нашуданд. Инҳое, ки аз диктант баҳои 3, вале имтиёзҳои умумиашон аз рӯйи баҳогузории то 25 баллӣ аз 19 боло буд, ба кор гирифта шуданд.”-гуфт ӯ.
“Ҳукмат баҳои “се”, вале холи баланд гирифт”
Дар таҷриба одам хубтару беҳтар меомӯзад. Умед дорам, ки оянда судяҳои хуб мешаванд
Ҳукмат Саидов, аз ҷумлаи довталабонест, ки бо вуҷуди гирифтани баҳои қаноатбахш аз диктант котиби додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъйин шудааст. Ӯ дар маҷмӯъ, 19,1 хол ба даст овардааст, ки барои қабул ба кор кофист. Ҳукмат ва панҷ нафари дигар баъди ширкат дар озмун дар додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кор пардохтанд.
Билолиддин Садриддинзода, раиси додгоҳи ноҳия рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дониши котибони навтаъйин тавсиф кард ва гуфт, мумкин аст, дар оянда додрасҳои хуб шаванд.
“Инҳо коргузорӣ дар суд ва рафти мурофиаҳоро меомӯзанд. Мо онҳоро омода мекунем, кӯмакашон мекунем. Дар таҷриба одам хубтару беҳтар меомӯзад. Умед дорам, ки оянда судяҳои хуб мешаванд”- гуфт ӯ.
“Диктант” - як навъ санҷиши зеҳнӣ аст, ки матнеро як нафар мехонад ва довталабон, ё донишҷӯ бояд бехато он матнро рӯи коғаз биёрад. Кори котибон ва ёварони раиси додгоҳ монанди навиштани диктант аст.
Котиби додгоҳ ҳангоми мурофиа пурсишу посухҳои ҷабрдидаву, ҷавобгар, шоҳидон, вакили дифоъ, додситон ва додрасро мешунавад ва китобат мекунад. Аз ин рӯ, дар имтиҳони интихоби онҳо навиштани диктант ҳатмӣ аст.
“Хатои имлоӣ ҳукмро тағйир намедиҳад”
Солҳои ахир сатҳи забондонии кормандони додгоҳ ва додрасҳо дар матбуот интиқод мешавад. Ду соли пеш даҳҳо довталаби кор дар додгоҳи Тоҷикистон аз диктант баҳои 2 гирифтанд.
Файзи Олӣ, вакили собиқадор мегӯяд, сатҳи пасти забондонии котибони додгоҳ ва додрасҳо дар парвандаҳои ҷиноятӣ возеҳ дида мешавад.
Ҳар парвандаро гиред, аз аввал то охир пур аз хато ҳаст.
Ӯ мегӯяд, дар аксар додгоҳҳои Тоҷикистон ҳуруфи тоҷикӣ истифода намешавад ва баъзан ба ҷойи калимаи “ҷиноӣ” “чиноӣ” навишта мешавад, ки маънии комилан дигар дорад. Ба гуфтаи ӯ, чунин навишт, гоҳо мазмунро дар парванда тағйир медиҳад.
“Ҳар парвандаро гиред, аз аввал то охир пур аз хато ҳаст. Лекин ин хатоҳо дар баровардани ҳукм ҳеҷ таъсир надоранд. Дар судури ҳукм судя бо судяи болоӣ, ё дигарон машварат мекунад ва на хатои имлоӣ ва на гапи тарафи ҳимоя нақш надорад” - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вакили собиқадор, замони шӯравӣ ҳукмро бо забони русӣ ва дуруст менавиштанд ва ба имлову матни ҳукм аҳамияти зиёд медоданд.
Чаҳор моҳ дарси забон барои додрасу додситонҳои оянда
Аксари онҳое, ки барои кор дар додгоҳу додситонӣ пазируфта мешаванд, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаанд.
Нарзулло Каримов, устоди фанни забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар факултаи ҳуқуқшиносӣ дарс медиҳад, рӯзи 25-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, соатҳои дарси забони давлатӣ кам аст. Ба гуфтаи ӯ, дар факултаи ҳуқуқшиносӣ чанд соли охир ҳамагӣ чаҳор моҳ дарси забони тоҷикӣ муқаррар кардаанд, ки кифоя нест.
Забони тоҷикиро дар соли аввали таҳсил чаҳор моҳ мехонанд. Дигар намехонанд.
“Забони тоҷикиро дар соли аввали таҳсил чаҳор моҳ мехонанд. Дигар намехонанд. Пештар як сол буд. Вақте ба низоми кредитӣ гузаштанд, соатҳо кам шуд. Лекин донишҷӯёни бисёре ҳастанд, ки дар чор моҳ хеле хуб забонро аз бар мекунанд. Дар маҷмӯъ, фикр мекунам, ки ин кам аст” – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ. Ҳамасола бештар аз 300 нафар кормандони маъмурии додгоҳ ва додрасҳо ба нафақа мераванд ва ё аз кор барканор мешаванд.