Насрулло Садриддинзода, раиси Додгоҳ (Суд)-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, дастгир шудааст.
Фармони барканорияш рӯзи 23-юми май нашр шуд.
Сабабашро кирдоре донистанд, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад", аммо тафсилот надоданд.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Садриддинзода ба гирифтани 23 ҳазор сомонӣ (ду ҳазор доллар) ришва гумонзад аст.
Ба зидди ӯ бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ (гирифтани пора) парванда кушодаанд. Назари худаш ва наздикону вакили мудофеъ дастрас нест.
Ду манбаи наздик ба тафтишот гуфтанд, Насрулло Садриддинзода аз сӯйи маъмурони Оҷонси зидди коррупсия дар Суғд дастгир шуд.
"Феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст. Ӯро ҳангоми гирифтани ришва аз як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт карданд," – хабар дод яке аз манбаъҳо.
Насрулло Садриддинзода дар моҳи феврали соли 2020 ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуда буд.
Пештар дар мансаби муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Спитамен кор кардааст.
Рӯзи 23-юми май Зафар Қодирзода, додраси Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, низ ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз кор ронда шудааст.
Дар бештар аз даҳ соли охир зиёда аз сӣ додрасро бо гуноҳи "паст задани шаъну эътибори судя" аз кор рондаанд.
Дертар баъзе аз ин додрасҳо ба гуноҳи ришваситонӣ маҳкум шуданд.
Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон мегӯяд, маоши ками додрасҳо дар Тоҷикистон заминаро "барои коррупсия фароҳам мекунад".
Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд. Мақомот Додгоҳро як шохаи мустақил медонанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, низоми додгоҳӣ пойбанди ҳукумати иҷроия буда, мустақил нест.
Гуфтугӯ