Оё тими миллии Тоҷикистон қодир аст, дар оянда низ чунин хуб бозӣ кунад ва ё беҳтар аз ҳоло бошад? Дар бораи ҳамин масъала бо Алишер Аминов, мутахассиси собиқадори ФИФА (Федератсияи Байнулмилалии Футбол) ва муаллифи барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон, суҳбат кардем.
Радиои Озодӣ: Аввал назари худро дар бораи ҳунарнамоии футболбозони тоҷик дар Қатар мегуфтед, ки то куҷо бозӣ ва маҳорати хуб нишон доданд?
Алишер Аминов: “Пеш аз ҳама, як дастоварди таърихии тими миллӣ аст. Бори аввал ба марҳилаи асосии Ҷоми Осиё роҳ ёфт ва метавон гуфт, шӯре бапо кард. Тими Имороти Муттаҳидаи Арабиро шикаст дод ва дар ин мусобиқот сарбаландона ҳунарнамоӣ кард. Ман, воқеан, аз он фавқулода хурсандам, ки футболбозони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё шарафмандона ҳунарнамоӣ карданд. Пеш аз ҳама мехоҳам, мухлисон, даста, ҳайати мураббиён ва раҳбари Федератсияи футболу раҳбарони кишварро барои ин дастоварди олӣ табрик бигӯям. Ман эҳсоси мардумро дар Тоҷикистон ва мухлисонро дар инҷо, дар Қатар, дидам. Барои ҳамин, тамоми мардуми Тоҷикистонро барои ин муваффақият табрик мегӯям. Дар инҷо чанд омил буд, ки ба футболбозони тоҷик кумак кард, ки ба ин ҳад бирасанд. Бидуни шак, инҷо пеш аз ҳама саҳми Федератсияи футболи кишвар ва, албатта, ҳосили кори мутахассиси хорватӣ буд. Ӯ тавонист, тимро на танҳо ба марҳилаи асосии бозиҳо бирасонад, балки натиҷаи сазоворе ба даст орад. Метавонам бигӯям, ки мураббӣ рӯҳияи бозигаронро ҷиддан боло бурда буд ва бачаҳо ҳам метавон гуфт, тими якдиле буданд. Рӯҳияи баланди ҳайати мураббиён ва тамоми даста дар ҷараёни мусобиқот мушоҳида мешуд.”
Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, оё футболбозони тоҷик метавонанд, дастовардеро, ки дар Қатар нишон доданд, дар бозиҳои ояндаи байнулмилалӣ нишон бидиҳанд?
Алишер Аминов: “Инҷо эҳсоси ман ба ҳайси як мухлис поён меёбад. Мо бояд ба натиҷаҳои ҳунарнамоӣ воқеъбин бошем. Дар воқеъ тими Тоҷикистон як кори номумкинеро анҷом дод, чунки агар воқеъбинона ба вазъи футбол дар Тоҷикистон нигоҳ кунем, чӣ футболи бачагонаву наврасон, футболи касбӣ, омода кардани мутахассисон, вазъи моддиву фаннӣ ба натиҷаи соҳибшудаи тими миллӣ мувофиқат намекунад. Аз ин рӯ бисёр умедворам, ки ин дастоварди тими миллӣ барои инкишофи тамоми соҳаи футбол такони ҷиддие мешавад.”
Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон будед, вазъи футболро таҳқиқ кардед, тарҳи барномаи рушди футболро ҳам таҳия кардед. Ба назари Шумо, чӣ кор бояд кард, ки футболи Тоҷикистон бештар рушд кунад ва ё инкишоф ёбад?
Алишер Аминов: “Дар воқеъ, футбол як соҳаи мушкил аст. Дар се соли охир, бо даъвати Федератсияи Футболи Тоҷикистон дар кишвар будам, то вазъи соҳаро ҳамаҷониба таҳлил кунаму барномаи фарогири рушди футболро таҳия намоям. Албатта, аз вазъи футболи кишвар огоҳ ҳастам. Аввал аз футболи кӯдакону наврасон, доварӣ, мураббиён ҳайратзада шудам, чун онҷо мутахассисони дараҷаи олӣ кор мекунанд. Ман вазъи футболи Узбекистон ва дигар кишварҳои собиқи шӯравиро медонам. Вобаста ба футболи кӯдакону наврасон бояд бигӯям, ки дар Тоҷикистон 125 мактаби махсус ҳаст, вале фақат панҷтои онҳо имконоти моддиву фаннии хуб доранд. Вобаста ба омода кардани мураббиён. Онро Салоҳиддин Ғафуров раҳбарӣ мекунад. Метавонам гӯям, ки ӯ мутахассиси соҳибтаҷриба аст. Онҳо тарҳҳои Федератсияи Байнулмилалии Футбол ва Конфедератсияи Футболи Осиёро барои тамрини мураббиён амалӣ мекунанд.
Мехостам, ба ин мушкилот тамаркуз кунам. Пеш аз ҳама масъалаи кадрҳои тиббии варзишӣ, ки вазъи бисёр бад дорад. Ин на танҳо ба футбол дахл дорад, балки вазифаи Кумитаи варзиш ва Вазорати тандурустӣ аст. Инҷо бояд ҷарроҳони худро тарбия кард, ки варзишгаронро муолиҷа ва ё ҷарроҳӣ мекунанд ва ба онҳо имкон дод, ки сатҳи касбии худро боло баранд. Дар ин масъала мо ба оҳистагӣ ба пеш меравем. Як шарики стратегиро маълум кардем, ки Шифохонаи маркази шикастабандӣ ва ортопедии Маскав аст. Ба ғайр аз ин, бояд Тоҷикистон маркази офитябахшии худро дошта бошад ва бояд ба хӯрду хӯроки варзишгарон ва масъалаи равонии онҳо аҳамияти зиёд диҳад. Бояд дар масъалаи тибби варзишӣ ислоҳоти зиёд анҷом дод.
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар масъалаи мудирияту менеҷерҳои дастаҳои футбол ҳам бояд аҳамияти зиёд дод, чун дар инҷо ҳам мушкилоти калон вуҷуд дорад. Бо назардошти онки дар дастаҳои футбол чӣ гуна одамон ба ҳайси менеҷер кор мекунанд, бояд ин самт низ ислоҳ шавад. Ман бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрда будам ва дар бораи таъсиси кафедраи мудирият дар варзиш, аз ҷумла мудирият дар футбол суҳбат кардем, вале дар ин ду сол донишгоҳ фаъолияти чандоне нишон надод. Ва ин бисёр ғамангез аст. Дар масъалаи ҳуқуқи варзишӣ ҳам мушкилоти бузург вуҷуд дорад. Ҳуқуқдонҳои варзишӣ намерасанд. Мо бо ректор масъалаи таъсиси кафедраи ҳуқуқи варзиширо дар заминаи факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳам баррасӣ карда будем. Сари ин масъала бояд андеша кард, зеро ингуна мутахассисон, ҳуқуқдонҳои футбол камёбанд ва ин ба вазъи мудирият дар футбол дар Тоҷикистон таъсир мегузорад. Ин вазифаи Кумитаи варзиш ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар масъалаи имконоти моддиву фаннӣ. Дар кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Олмон, низоми се сатҳии рушди футбол вуҷуд дорад. Маркази миллии футболи Тоҷикистон, ки барои омода кардани тамоми дастаҳои миллӣ аст ва ҳам маркази омода кардани мутахассисони футбол. Дар ин масъала ҳаракат ба самти дуруст ва бомуваффақият идома дорад, чунки бунёди Маркази миллӣ дар Варзоб тақрибан ба поён расидааст. Як маркази муосир аст, ки ман онҷо будам. Ин як заминаи хубе барои омода кардани тамоми дастаҳои миллӣ аст. Дар масъалаи сатҳи дувум бояд панҷ маркази минтақаии футбол бошад, ки ҳоло нест ва харҷи зиёд мехоҳад. Як масъалаи ҷиддии дигар вазъи ғайриқаноатбахши майдонҳои футбол дар бисёре аз шаҳрҳои кишвар аст.
Дар Тоҷикистон бояд футбол аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳам самаровар бошад. Дар Тоҷикистон аз ҳисоби мухлисон дастаҳо пул кор карда наметавонанд, ё аз ҳисоби фурӯши ҳаққи намоиши мусобиқоти футбол тақрибан даромаде надоранд. Барои ҳамин, дар Тоҷикистон манбаи даромад худи футболбоз буда метавонад, ки аз ӯ бозигари моҳире на танҳо барои тими миллӣ тарбия мекунед, балки метавонед, ба дастаҳои сарватманди осиёӣ ва ё аврупоӣ фурӯшед ва аз ин ҳисоб қисми харҷеро ҷуброн мекунед, ки давлат ва ё бахши хусусӣ барои дастаҳои футбол мепардозанд.”
Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон ҳоло футбол маҳбуб аст, дар ҳар деҳаву гӯшаҳои Душанбе майдонҳои хурди футболро мебинед. Оё ҳамин майдонҳо ҳам метавонанд, дар рушди футбол дар Тоҷикистон мусоидат кунанд?
Алишер Аминов: “Футболи оммавӣ асоси рушди футбол аст. Ҳар қадар теъдоди мардуми футболбоз дар Тоҷикистон зиёд бошад, ба маҳбубтар шудани ин бозӣ мусоидат мекунад. Албатта, аз байни ин футболбозон барои футболи касбӣ ҳам интихоби зиёд пайдо мекунед. Метавонам, бигӯям, воқеан аз дидани майдонҳои хурди футбол дар маҳаллаҳои нави Душанбе хушҳол ва ҳайрон шудам. Ман вақти таҳияи тарҳи рушди футбол дар Тоҷикистон ба масъалаи футболи оммавӣ ва иҷрои тарҳи минифутбол дар мактабу донишгоҳҳо тамаркуз кардам. Ба назари ман, ин як тарҳи ояндадорест, ки бояд амалӣ кард. Ва дар поёни суҳбат мехостам, бигӯям, ки ин дастоварди олии бозигарони тоҷик бо табрики онҳо хотима наёбад. Ба бовари ман, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бояд як ҷаласае барои рушди футбол баргузор кунад. Ҳама тарафҳои дахил, идораҳо, вазорати молия, вазорати маорифу вазорати тандурустиро ҷамъ оварда, мушкилоту роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ кунад. Онҳо бояд санадҳои хубе барои рушди футбол дар Тоҷикистон ва барномаи рушди футбол барои панҷ соли ояндаро таҳия кунанд. Агар ин кор сурат нагирад, метарсам, ки дастоварди футболбозони тоҷик фақат аз доираи Ҷоми Осиё берун намеравад. Суръати рушди футбол дар ҷаҳон бисёр тез аст ва футболи Тоҷикистон ҳам бояд аз он ақиб намонад.”