Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи футболи Тоҷикистон ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт


Мунтахаби Тоҷикистон Иморотро шикаст дод ва ба 1/4 финал баромад
Мунтахаби Тоҷикистон Иморотро шикаст дод ва ба 1/4 финал баромад

Дастаи миллии Тоҷикистон дар даври 1/8-ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар шаби якшанбеи 28-уми январ бо ҳисоби 5:3 ба дастаи Имороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуд.

Даври 1/8-ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар 28-уми январ бо ду бозӣ миёни тимҳои миллии Австралия – Индонезия ва Тоҷикистон – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз ёфт.

Нахуст дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия дар варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамади шаҳри Ал-Райян вориди рақобат шуданд. Австралиягиҳо ба дарвозаи индонезиягиҳо чаҳор голи беҷавоб заданд.

Дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 12-ум, Елкан Багготт, бозигари мунтахаби Индонезия тӯбро ба дарвозаи худ зад. Дар охири нимаи аввал, дар дақиқаи 45-ум, Мартин Бойл голи дуюми австралиягиҳоро ба самар расонд. Ду голи дигарро дар нимаи дуюми бозӣ Крейг Гудвин (89) ва Ҳарри Суттар (90+1) вориди дарвозаи мунтахаби Индонезия карданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Австралия бо ҳисоби 4:0 ғолиб омада, аввалин шуда ба чорякфинали Ҷоми Осиё-2023 баромад. Австралиягиҳо дар даври чорякниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Арабистони Саудӣ/Ҷумҳурии Корея рақобат мекунанд. Ин бозӣ 3-юми феврал дар дар варзишгоҳи Ал-Ҷануби шаҳри Ал-Вакраҳ соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ (20:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Сипас бозии дуюми 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шаби якшанбе дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Ал-Райян баргузор шуд.

Ин бозии ҷолибу пуршиддат бо ҳуҷумҳои футболбозони ҳарду даста сурат гирифт. Лаҳзаҳои голзанӣ хеле зиёд буд, аммо тӯб дар замони асосӣ танҳо ду бор вориди дарвоза шуд.

Дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 30-юм, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов тӯби ба назди дарвоза ирсолкардаи ҳамдастааш Зоир Ҷӯрабоевро бо зарбаи сар ба дарвозаи мунтахаби Иморот зада, ҳисобро кушод.

Голи ҷавобиро Халифа Ал-Ҳаммадӣ дар охири замони асосӣ (дақиқаи 90+5) бо зарбаи сар аз ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд.

Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт.

Сардовари ин бозӣ, довари 37-солаи FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Араки Юсуке аз Ҷопон барои муайян кардани ғолиб силсилаи пеналти таъйин кард.

Ҳамаи панҷ бозигари мунтахаби Тоҷикистон - Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров ва Алишер Шукуров – тӯбро аз пеналти ба нишон расонданд.

Аз чаҳор зарбаи аз пеналти задаи бозигарони Иморот танҳо сетоаш вориди дарвоза шуд. Бозигари бразилӣ Каё, ки шаҳрвандии Иморотро дорад, натавонист тӯбро вориди дарвоза намояд. Дарвозабони моҳири мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов баъди зарбаи ӯ тӯбро баргардонд. Ин зарбаи дуюми футболбозони Иморот аз пеналти буд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи пеналти бо ҳисоби 5:3 ғолиб шуд. Дар ин пирӯзӣ саҳми Рустам Ятимов, қаҳрамони ин бозӣ, бузург аст.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, бо шикаст додани тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (сармураббиаш Паулу Бентуи 54-солаи портуғолӣ) ғолиб омад ва дуюмин шуда ба чорякфинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Футболбозони тоҷик дар даври чорякниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ/Урдун рақобат мекунанд. Ин бозӣ 2-юми феврал дар шаҳри Ал-Райян, дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ, соати 14:30 бо вақти маҳаллӣ (16:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар, ки бо иштироки 24 тими миллӣ дар шаш гурӯҳ баргузор шуд, 25-уми январ ба поён расид ва ҳамаи ҷуфтҳои 1/8 финали Ҷоми Осиё-2023 муайян гардиданд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.

Дастаҳои мунтахаби Қатар ва Тоҷикистон (гурӯҳи “А”), Австралия ва Узбекистон (“В”), Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (“С”), Ироқ ва Ҷопон (“D”), Баҳрайн ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “Е”), Арабистони Саудӣ ва Тайланд (“F”) ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо карданд.

Инчунин аз байни дастаҳои ҷойҳои сеюм, ки нишондодҳои хубтар доштанд, чаҳор даста - Урдун аз гурӯҳи “Е”, Фаластин аз гурӯҳи “С”, Сурия аз гурӯҳи “В” ва Индонезия аз гурӯҳи “D” ба ҳаққи ширкат дар 1/8 финал мушарраф шуданд.

Ҷоми Осиё-2023

1/8 ФИНАЛ

28-уми январ (якшанбе)

Австралия – Индонезия – 4:0

Голҳо: Елкан Багготт, 12 (1:0), Мартин Бойл, 45 (2:0), Крейг Гудвин, 89 (3:0), Ҳарри Суттар, 90+1 (4:0).

Ал-Райян, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

ТоҷикистонИмороти Муттаҳидаи Арабӣ – 1:1, аз рӯи пеналти - 5:3

Голҳо: Ваҳдат Ҳанонов, 30 (1:0), Халифа Ал-Ҳаммадӣ, 90+5 (1:1).

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Алишер Шукуров, Парвизҷон Умарбоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 85), Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 72), Шервонӣ Мабатшоев (Табрез Исломов, 85), Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 72).

Кортҳои зард: Яҳё Ал-Ғасанӣ, 69, Таҳнун Ал-Заабӣ, 84 (ҳарду Иморот), Нуриддин Ҳамроқулов, 116 (Тоҷикистон).

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

29-уми январ (душанбе)

Ироқ – Урдун. 16:30

Доҳа, Варзишгоҳи байнулмилалии Халифа

Қатар – Фаластин. 21:00

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

30-юми январ (сешанбе)

Узбекистон – Тайланд. 16:30

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

Арабистони Саудӣ - Кореяи Ҷанубӣ. 21:00

Ал-Райян, варзишгоҳи EDUCATION CITY

31-уми январ (чоршанбе)

Баҳрайн – Ҷопон. 16:30

Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама

Эрон – Сурия. 21:00

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа

1/4 ФИНАЛ


2-юми феврал

Бозии аввал, 16:30

Ал-Райян, врзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

Тоҷикистон – Ироқ/Урдун

Бозии дуюм, 20:30

3-юми феврал

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

Австралия – Арабистони Саудӣ/Ҷумҳурии Корея

Бозии 3-юм, 16:30

Ал-Райян, варзишгоҳи EDUCATION CITY

Эрон/ Сурия - Баҳрайн/Ҷопон

Бозии 4-ум, 20:30

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

Қатар / Фаластин - Узбекистон/ Tайланд

НИМФИНАЛ

6-уми феврал, 20:00

7-уми феврал, 20:00

ФИНАЛ

10-уми феврал, 20:00

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG