Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анваршо Мирзоев: Яке аз сабабҳои асосии бохти мо истифода набурдани варзишгарони захиравӣ буд


Анваршо Мирзоев
Анваршо Мирзоев

Радиои Озодӣ дар суҳбат бо мутахассиси футбол Анваршо Мирзоев дар бораи сабабҳои шикасти мунтахаби Тоҷикистон пурсид.

Мунтахаби Тоҷикистон аз тими Урдун бар ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи иштирок дар нимфинали Ҷоми Осиё-2023 маҳрум гашт. Ин шикаст ҳазорҳо нафарро дар Тоҷикистон ва ҳам Қатар ғамгин сохт, ҳарчанд бархеҳо гуфтанд, то ¼ финали мусобиқа рафтани футболбозони тоҷик лоиқи ситоиш аст.

Радиои Озодӣ дар суҳбат бо мутахассиси футбол Анваршо Мирзоев нахуст дар бораи сабабҳои шикасти мунтахаби Тоҷикистон пурсид.

Анваршо Мирзоев: Яке аз сабабҳои асосии бохти мо истифода набурдани варзишгарони захиравӣ буд. Сармураббӣ бачаҳои дар захира бударо тақрибан, ки истифода намебурд ва ҳам касоне, ки аз курсии эҳтиётӣ вориди бозӣ шуданд, он қадар сабқатро хуб накарданд. Ба ғайр аз ин? тими Тоҷикистон дар 5 бозӣ бо як ҳайат бозӣ кард ва дар рақобати охиронашон бо тими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 142 дақиқа бозӣ карданд. Мушкили асосӣ ин буд, ки бачаҳо хаста буданд ва чӣ қадаре, ки тавонистанд дар давоми қисми аввал хуб бозӣ карданд ва дар қисмати дуввум қувваташон нарасид. Инчунин бозигарон нодуруст иваз шуданд. Бозигарон бояд дунафарӣ иваз мешуданд, чун маълум буд, ки бачаҳо дигар қувваташон намерасид.

Радиои Озодӣ: Аммо бархе мегӯянд, ки сармураббӣ дигар футболбозони хуб надошт, ки ба бозӣ дарорад ва таваккалаш ба ҳамин ҳайати асосӣ буд.

Анваршо Мирзоев: Бозигарони хуб ҳастанд, аммо дар давоми 2-3 соле, ки Петар Шегрт сармураббии тими мунтахаб аст, танҳо як ҳайатро омода мекунад ва ба дигар футболбозоне, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунанд, хуб эътибор намедиҳад. Аз он 12-13 нафаре, ки дар ҳайати захира ҳастанд, бисёр кам истифода мебарад ва ба онҳо боварӣ надорад. Мушкилӣ ҳамин аст.

Радиои Озодӣ: Пешбиниатон барои ояндаи тими мунтахаб чӣ аст? Ба ҳар ҳол бархеҳо мегӯянд, футболбозони тоҷик таҷрибаи нав касб карданд. Пешниҳоди Шумо барои беҳтар кардани вазъ чӣ аст?

Анваршо Мирзоев: Барои мо акнун мушкилтар мешавад. Барои онки пештар моро дастаи заиф ҳисоб мекарданд ва муқобили мо хуб тайёрӣ намедиданд. Аммо акнун ҳар даста, ки дар Осиё муқобили мо бозӣ мекунад, медонад, ки мо дар Ҷоми Осиё то даври ¼ ниҳоӣ роҳхат гирифтем ва бо мо сахттар бозӣ мекунанд. Барои ҳамин дигар барои мо мушкилтар хоҳад шуд. Зиёдтар ба бачаҳои ҷавон эътибор додан даркор аст. Ба бозигароне, ки дар чемпионати худамон бозӣ мекунанд, ба онҳо эътибор додан даркор аст. Он футболбозоне, ки дар ҳайати захира ҳастанд ва сармураббӣ ба онҳо боварӣ надорад, онҳоро ҷавоб додан лозим мебошад. Омодагии бештар дидан лозим аст, чун моро дар пеш бозии вазнин бо тими Арабистони Саудӣ мунтазир аст. Ҳам дар хона ва ҳам дар сафар. Тақдири роҳхат гирифтани мо ба Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар ин бозиҳо ҳал мешавад. Барои ҳамин сармураббӣ тамоман тайёриро дигархел кунад ва ба бозигарони дигар эътибор диҳад. Ин таҷрибаи хуб буд ва мо аз ин чемпионат фаҳмидем, ки бачаҳои мо ягон рақиб наметарсанд. Солҳои пеш дар чашми мо каме тарс буд ва ҳоло ин тарс гум шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG