Бозии аввалини чорякфиналии Ҷоми Осиё-2023 миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун рӯзи ҷумъа дар шаҳри Ал-Райяни Қатар, дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ, доир гардид.
Дар ҷараёни бозӣ лаҳзаҳои голзанӣ хеле бисёр буд, аммо бозигарони ҳарду даста аз онҳо истифода карда натавонистанд.
Шаҳром Самиев, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, осеб дид ва ӯро Рустам Соиров дар дақиқаи 29-уми бозӣ иваз кард.
Голи ягона ва ҳалкунанда дар дақиқаи 66-уми бозӣ зада шуд. Тӯби задаи бозигари урдуниҳо ба пойи ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов расида, вориди дарвоза гардид.
Сардовари бозии Тоҷикистону Урдун довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Фу Минги 41-сола аз Чин буд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Урдун таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Аммута, мутахассиси 54-солаи марокашӣ, муқобили тими миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Ҳамакнун мунтахаби Урдун дар нимфинал рӯзи 6-уми феврал бо ғолиби бозии чорякниҳоӣ байни дастаҳои Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат хоҳад кард.
Мунтахаби Тоҷикистон, ки бо роҳбарии сармураббӣ Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, дар аввалин иштироки худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё то ба чорякфинал баромад, дар байни ҳашт дастаи беҳтарини мусобиқот дар Қатар ҷойгир шуд.
Дарвоқеъ, мунтахаби Урдун рақиби тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал бозиро 16-уми ноябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.
Дар маҷмуъ, тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун бо ҳам шаш бозӣ кардаанд: се бозӣ дар доираи мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон, як бозӣ дар Ҷоми Осиё ва ду бозии дӯстона. Аз шаш бозӣ чортоаш бо пирӯзии урдуниҳо, як дидор бо ғалабаи футболбозони тоҷик анҷом ёфта, як бозӣ мусовӣ шудааст.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар Қатар иштирок дошт. Ӯ пеш аз ин бозӣ бо ҳайати тими миллии Тоҷикистон мулоқот кард.
Бозии дуюми даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни тимҳои миллии Австралия ва Ҷумҳурии Корея 2-юми феврал дар варзишгоҳи Ал-Ҷануби шаҳри Ал-Вакраҳ соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ (20:30 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
Ду бозии дигари даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи шанбеи 3-юми феврал байни тимҳои миллии Эрону Ҷопон ва Қатару Узбекистон доир мегардад.
ҶОМИ ОСИЁ-2023
1/4 ФИНАЛ
2-юми феврал (ҷумъа)
Тоҷикистон – Урдун – 0:1
Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 66 – ба дарвозаи худ (0:1).
Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Алишер Шукуров, Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 77), Шервонӣ Мабатшоев, Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 29, Алиҷони Айнӣ, 82).
Корти зард: Салим Ал-Аҷалин, 68, Раҷаъ Ал-Айид, 72, Алӣ Олван, 83 – Урдун, Алишер Шукуров, 79 – Тоҷикистон.
Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ
Австралия – Ҷумҳурии Корея. 20:30
Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб
3-юми феврал (шанбе)
Эрон - Ҷопон. 16:30
Ал-Райян, варзишгоҳи Education City
Қатар - Узбекистон. 20:30
Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт
НИМФИНАЛ
6-уми феврал (сешанбе), 20:00
Урдун – Австралия/Ҷумҳурии Корея
7-уми феврал (чоршанбе), 20:00
Эрон/Ҷопон –
Қатар/Узбекистон
ФИНАЛ
10-уми феврал (шанбе), 20:00
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.
Гуфтугӯ