Пуштибонии як мансабдори тоҷик аз тахриби чойхонаи "Роҳат"

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ аз тахриби чойхонаи “Роҳат” пуштибонӣ кард ва гуфт, бояд ба монанди он иншооти нав сохта шавад.

Низом Мирзозода 5-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигорон назарашро дар бораи вайрон кардани чойхонаи “Роҳат” чунин баён кард:

“Чойхонаи “Наврӯз” чӣ камбуд дорад? Дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой муъҷизаи меъморӣ эълон шудааст. Агар мо як чойхонаи дигар бо номи чойхонаи “Роҳат” созем, бо ҳамин меъморӣ, бо ҳамин нақшу нигори миллӣ ва аз ин зебову озода гардонем, чӣ зарар дорад? Магар хубтар нест? Бинои ҳукуматро ба истифода диҳем дар пасманзар (фон)-и ҳамон бино чойхонаи “Роҳат” чӣ хел мешавад? Сухан гуфтан ва эрод гирифтан осон аст, лекин дурандеш будан лозим аст.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Меъмори ҷавони тоҷик: "Шаҳр танҳо хишт ва бетону роҳи асфалт нест"

Баҳси вайрон кардан ё мондани чойхонаи “Роҳат” ҳадди ақал ҳафт сол боз идома дорад.

Дар пайи аз нав сохтани бинои ҳукумати Тоҷикистон як қисмати ин чойхона дар хиёбони марказии Душанбе тахриб шуд, аммо қисмати асосии он ҳанӯз мондааст. Бинои ҳукуматро Чин месозад.

Мақомот дар бораи тахриби пурраи чойхона санаи мушаххасро эълон намекунанд.

Чойхонаи “Роҳат” соли 1958 сохта шуда, яке аз маконҳои дидании пойтахт ба шумор меравад.

Тарафдорони мондани чойхона мегӯянд, “Роҳат” ҳамчун макони таърихӣ бояд ҳифз шавад. Аммо мақомот гуфтаанд, чойхонаи "Роҳат” ба феҳристи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишвар шомил намешавад.

Дар пайи бозсозии Душанбе чанд бинои қадимии Душанбе, аз ҷумла Театри Маяковский, бинои Вазорати кишоварзӣ ва ҳукумат тахриб шуданд. Коре, ки сабаби танқидҳои зиёд шуд, вале монеи тасмими мақомот нагашт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Генплан ва баҳси биноҳои қадимиву нави Душанбе дар мизи гирди Радиои Озодӣ. ВИДЕО