Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меъмори ҷавони тоҷик: "Шаҳр танҳо хишт ва бетону роҳи асфалт нест"


Шукрулло Мирвайдуллоев, меъмори ҷавони тоҷик дар Амрико
Шукрулло Мирвайдуллоев, меъмори ҷавони тоҷик дар Амрико
Шукрулло Мирвайдуллоев, меъмори ҷавони тоҷик, се сол боз дар Вашингтон, пойтахти Амрико, кору зиндагӣ мекунад, аммо ба он чи дар Тоҷикистон мегузарад, низ бетавофут нест. Аз ҷумла, ба сохтмонҳои нав дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари ҷумҳурӣ ва тахриби биноҳои бозмонда аз Шӯравии собиқ. Аммо суҳбати мо аз он оғоз шуд, ки ӯро чӣ гуна ба Иттиҳоди меъморони Амрико (American Institute of Architects) пазируфтанд ва он чӣ маъно дорад?

Шукрулло Мирвайдуллоев: “Ин созмон яке аз ташкилоти пешбарандаи кори меъморон дар Амрико аст ва барои ҳар як лоиҳакаш ва меъмор узвият дар он бисёр муҳим аст. Дар Амрико тақрибан 120 ҳазор меъмор ҳаст. Аз ин шумора 96 ҳазор узви American Institute of Architects мебошанд. Дар як ширкат ҳамчун меъмор кор мекунам. Бар илова, ҳамроҳи яке аз дӯстон ширкати World Virgin Aeon Architecture-ро таъсис додем. Дар баробари корҳои асосӣ онро низ мечархонем. Тавре мебинед, рӯзи шанбе аст, вале бо дӯстам дар идора нишаста кор мекунем. Ба ҳар меъмори узви American Institute of Architects имконоти зиёд фароҳам аст. Аз ҷумла, эътирофи касб; дастгирӣ; пешрафт ва рушд. Узвият дар Иттиҳод ҳамчунин имкон медиҳад, ки ба рушди соҳа таъсир расонед, дар сиёсати давлатӣ иштирок кунед, масъалаҳои муҳимро муҳокима намоем ва ба қабули қарорҳои вобаста ба меъморӣ таъсир гузоред.”

Радиои Озодӣ: Муштариёни аввалинатон аз куҷо ҳастанд?

Шукрулло Мирвайдуллоев: “Дархости аввалине, ки барои лоиҳакашӣ гирифтем, аз Хуҷанд аст. Ҳоло машғули таҳияи ин тарҳ ҳастем. Ба ҷуз ин дар озмунҳои байнулмилалии лоиҳакашӣ иштирок мекунем, то худу ширкатро муаррифӣ кунем. Дар моҳи феврали имсол дар як озмуни байнулмилалӣ дар шаҳри Перуҷаи Итолиё будем. Шарти озмун таҳияи бинои қабули меҳмонҳо дар назди коргоҳи шаробкашӣ буд. Дар озмун лоиҳакашон аз 110 кишвар буданд. Ҳарчанд ғолиб наомадем, тарҳи пешниҳодии мо ба Short List ворид шуд. Дар миёни 110 кишвар ин натиҷаи бисёр хуб аст.”

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон, хусусан шаҳрҳои бузург, ҳоло сохтусози азиме ҷараён дорад. Бисёриҳо дар Душанбе аз вайрон кардани биноҳои бозмонда аз Шӯравӣ нигаронанд. Дар ин бобат чӣ назар доред?

Шукрулло Мирвайдуллоев: “Мо, лоиҳакашон, ба биноҳо аз чанд нуқта менигарем. Пеш аз тарҳрезӣ минтақаро дар шароити шаҳр меомӯзем. Суол мегузорем, ки оё бино ё хиёбон арзиши таърихӣ, меъморӣ дорад ё не? Оё мешавад биноро аз нав таъмир ва бозсозӣ карду арзиши таърихии онро боло бурд? Мо ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо ба ин ҷиҳат бисёр аҳамият медиҳем, тадқиқот мегузаронем, баъд тарҳрезиро шуруъ мекунем. Агар биноро вайрон накарда, имкони барқарор кардан бошад, беҳтар аст, вайрон нашавад. Ман шахсан тарафдори аз байн бурдани биноҳои дорои арзиши таърихиву меъморӣ нестам. Дар Амрико, дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон кӯшиш мекунанд биноҳои таърихиро ҳифз кунанд, вайрон намекунанд. Шаҳр танҳо хишт ва бетону роҳи асфалт нест. Шаҳр аз одамоне иборат аст, ки 60-70 сол дар он умр ба cap бурдаанд ва аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр хотироти худро доранд. Бинобар ин ҳифз кардани бино, майдону гулгашт, муҷассама, граффитиҳо, мозаикаҳо, барелефҳо бисёр муҳим аст. Ин маънои онро надорад, ки мо шаҳрро обод накунем. Рушди шаҳр бо ҳифзи ҳамин ҷанбаҳо бояд сурат гирад.”

Бинои нави ҳукумати Тоҷикистон дар маркази Душанбе
Бинои нави ҳукумати Тоҷикистон дар маркази Душанбе

Радиои Озодӣ: Эҳтимол биноҳои навсохтро дар Душанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон дидед. Ба тарҳу сохти нави биноҳо дар Тоҷикистон чӣ баҳо медиҳед?

Шукрулло Мирвайдуллоев: “Тақрибан як моҳ пеш дар Душанбе ва Хуҷанд будам. Душанбе шаҳри сабз ва бисёр зебо аст. Сохтмон зиёд аст ва ба назар мерасад, ки усули биносозии хеле монументалӣ интихоб шудаст.”

Радиои Озодӣ: Метавонед 10 биноро дар Душанбе номбар кунед, ки ба назари шумо тарҳи хуб ҳастанду арзиши меъморӣ доранд?

Шукрулло Мирвайдуллоев: “Мушкил аст, ки даҳ биноро номбар кунам, чун дар Хуҷанд ба воя расидаам ва аҳёнан дар Душанбе будам. Ба назари ман, бинои Кохи “Борбад”, Маркази “Исмоилия”, Чойхонаи “Роҳат”, Театри опера ва балет, бинои ҳамакнун тахрибшудаи Кумитаи марказии ҳизби Коммунист ва театри Маяковский арзиши бузурги меъморӣ доранд ва доштанд. Масалан Кохи “Борбад” дар рӯҳияи равияи меъмории Брутализм бино шудааст, ки солҳои 70-ум авҷи сохту соз ба ин сабк буд. Бинои маркази Исмолия ҳам, ки дар солҳои истиқлол бино шудааст, диққатҷалбкунанда аст. Дар назари аввал бино одӣ менамояд, аммо вақте аз дохил зеҳн монед, маълум аст, ки хеле кори олӣ анҷом шудааст ва худи бино ба муҳити атроф ҳамоҳанг аст. Бо мавод бисёр хуб кор карданд. Севум чойхонаи “Роҳат”. Ин бино танҳо ба назар одӣ менамояд, дар асл як шоҳкории меъморӣ аст. Бубинед, вақте кас дар ошёнаи дувум менишинад, миёни он сутунҳои бузург, сақфи баланд ва ҳамзамон метавонад кӯчаро мушоҳида кунад. Ин як эҳсоси аҷиберо ба вуҷуд меорад. Ин тарҳи сода нест, балки як фикри бузурге аст, ки меъмор тавонистааст дар ин ҷо ғунҷонад. Дар дунё чунин бино, ки одамон зери сақфи баланд, дар айвон нишаста суҳбат кунанд ва аз як сӯ дарахтҳо ва аз тарафи дигар кӯчаи серғавғоро мушоҳида кардан мумкин бошад, зиёд нест. Меъмории ин чойхона чунон бадеияту мазмуни баланд дорад, ки як умр дар ёд мемонад. Меъморӣ ин илм дар бораи офариниши фазо ва муҳит аст ва дар мисоли чойхонаи “Роҳат” ин муҳит ба шакли олиҷаноб ташкил шудааст.”

Чойхонаи "Роҳат"
Чойхонаи "Роҳат"

Радиои Озодӣ: Дар Хуҷанд чӣ?

Шукрулло Мирвайдуллоев: “Дар шаҳри Хуҷанд бозори “Панҷшанбе” ва маҷмаа ва масҷиди Шайх Маслиҳатдин. Ҳоло бо сохтусозҳои нав каме намои ин маҷмаа коста шуд. Бинои китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ва ҳам ансамбли бинои ҳукумат аз ҷиҳати меъморӣ арзиши баланд доранд. Як равише, ки ҳоло дар Хуҷанд мушоҳида мешавад, ин аст, ки хонаҳо дар назди соҳили дарёи Сир сохта мешаванд. Ҳол он ки ду соҳили дарё ин макони иҷтимоӣ бояд бошад, ҷойи сайру саёҳат ва гаштугузори мардум. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳам маконҳои иҷтимоӣ назар ба хонаву биноҳои хусусӣ ба буҷети шаҳр фоидаи бештар меоранд. Ман ин ишораҳоро танҳо барои ислоҳ ва пешрафти кор мегӯям, на барои танқид.”

Масҷиди Шайх Маслиҳатдин дар Хуҷанд
Масҷиди Шайх Маслиҳатдин дар Хуҷанд

Радиои Озодӣ: Дар ду даҳсолаи охир сокинон дар минтақаҳо манзили худро дигар мекунанд. Аксаран биноҳо дуошёна ҳастанд ва хонаҳои калон доранд. Хусусан меҳмонхонаҳо. Ба тарҳу сохт ва меъмории ин биноҳо чӣ баҳо медиҳед?

Шукрулло Мирвайдуллоев: “Тавре мушоҳида мешавад, бисёре аз биноҳоро дар Тоҷикистон сокинон бо хост ва тавони худ сохта истодаанд, ки на ҳама вақт аз нигоҳи меъморӣ, нигоҳдории гармиву сардӣ ва намуди зоҳирӣ дуруст ҳастанд. Масалан, инҷо, дар Амрико, таҳияи тарҳи биноҳо 3-4 сол давом мекунад ва аз чанд давраи санҷиш мегузарад. Баъдан мақомоти шаҳр ё ҷамоат иҷозаи сохтмон медиҳанд. Дар инҷо меъмор ҳақ дорад, ҷараёни сохтмонро назорат кунад ва нагузорад, ки бинокорон тарҳро дигар кунанд ё маводеро истифода баранд, ки дар лоиҳа пешбинӣ нашудааст. Аммо дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки тарҳро бинокорон мегиранду ба лоиҳакаш мегӯянд, ҳаққи коратро гирифтӣ, дигар ба рафти сохтмон кордор нашавад. Ин чандон дуруст нест. Ба фикри ман, бояд ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карду ҳаққи архитекторро дар он ҷо бояд аниқ кард, ки тавонад рафти сохтмон ва дурустии онро назорат карда тавонад. Ғайр аз ин, дар Амрико ҳар як маҳал, шаҳр қоидаҳои биносозии худро дорад ва шахси пулдор ҳам наметавонад ба хости худ бино созад. Танҳо дар доираи қоидаҳо ва монанд ба сохти биноҳои ҳамон маҳал метавонад бино созад. Фикр мекунам, барои пешгирии хатоҳо дар оянда дар Тоҷикистон бояд қонунгузории назорати сохтмон сахттар карда шавад. Вагарна як ҳарҷу марҷ (хаос) ба вуҷуд меояд ва баъдан ислоҳ кардани он мушкил ва пурхарҷ хоҳад шуд. Маърифати меъмории мардум ҳам бояд боло равад. Дар Амрико меъморон ҳатто ба мактабҳои миёна рафта, бо хонандагон дарсу машғулият мегузаранд.”

Душанбе
Душанбе

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG