Аз ҳайати Тоҷикистон дар Женева "гуноҳ"-и Улфатхоним Мамадшоеваро пурсиданд. ВИДЕО

Дар акс: Абдураҳмон Аламшозода, Улфатхоним Мамадшоева ва Рангита де Силва де Алвис

Дар нишасте дар Женева аз мансабдорони Тоҷикистон дар бораи рӯзноманигор ва фаъоли зиндонии ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева пурсиданд.

Гузоришгар Рангита де Силва де Алвис рӯзи 31-уми январ гуфт, "чанд хабарнигор ва ҳомии ҳуқуқ аз миёни занон боздошт ва ҳабс шуданд, аз ҷумла журналисти помирӣ ва ҳомии ҳуқуқ Улфатхоним Мамадшоева." Ва пурсид, ки "ҳуқуқи ӯ ва шахсони дигар ба мурофиаҳои одилона то куҷо таъмин шудааст?"

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҷавоб аз мавқеи ҳукумат пуштибонӣ кард ва гуфт, "ӯ чанд банди қонунро вайрон карда, мардумро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба беназмӣ хонд."

"Мамадшоева дар Душанбе пайваста бо хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ мулоқот карда, маводи дорои сирри давлатиро пешкаш мекард. Ба як гурӯҳи ҷиноии ташкилшуда ҳам дохил буд ва он беназмиҳои бисёр хатарноке ташкил кард, ки сохторҳои ҳифзи қонун ва объектҳои стратегиро ҳадаф қарор медод," – афзуд Аламшозода.

Вале, масалан, бо зикри ин ки “Улфатхоним Мамадшоева сирри давлатиро ба хориҷиҳо пешкаш кардааст”, шарҳ надод, ки чӣ гуна як фаъоли иҷтимоӣ метавонад донандаи асрори давлатӣ бошад.

Улфатхоним Мамадшоева ҳамроҳи даҳҳо сокини дигари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2022 дастгир ва ба 21 сол зиндон маҳкум шуд. Ҳамагӣ чанд соат пеш аз дастгир шудан ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷинояте накардааст ва ҳеч гуноҳ надорад.

Ин баҳс дар нишасти Кумитаи Созмони Милал дар бораи решакан кардани табъизи занон дар Женева рӯзи 31-уми январ сурат гирифт.

Дар он гурӯҳи калони мансабдорони тоҷик, аз ҷумла, вазири адлия Музаффар Ашӯриён, вазири кору муҳоҷират Гулнора Ҳасанзода ва мушовири раисҷумҳур Зариф Ализода аз шароити занон дар ҷумҳурӣ ва таъмини ҳуқуқи онҳо ситоиш карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Фаъоли модарзод". Улфатхоним Мамадшоева кист?

“Занҳои қарлуғ, қунғурот, қатаған... дорем”

Қабули қонуни зидди хушунати хонаводагӣ; коҳиши феҳристи корҳои мамнуъ барои занон; афзоиши маош; ҳузури бештари духтарон дар донишгоҳҳо; афзоиши занони соҳибкор ва мубориза бо қочоқи инсон пешрафте дар чанд соли охир номбар шуд.

Мақомоти тоҷик гуфтанд, қонун дар бораи мубориза бо хушунати хонаводагӣ “пурра татбиқ мешавад” ва дар панҷ соли гузашта дар додгоҳҳо беш аз 2800 парванда баррасӣ ва сабабгорон ҷазо дода шуданд.

Онҳо дар ҷаласаи Женева таъкид карданд, ки занон аз ҳисоби камшуморон ё ақаллиятҳо низ ҳуқуқи баробар доранд.

Гулнора Ҳасанзода

Гулнора Ҳасанзода, вазири кору муҳоҷират, гуфт: “Бар асоси нуфусшумории соли 2022 беш аз 80 қавму миллат дорем. Дар миёни онҳо занон ҳам ҳастанд. Занҳои қарлуғ, қунғурот, қатаған, улуман, барлос, синчӣ, сизим, лӯлӣ дорем. Онҳо бо ҳуқуқи баробар таъмин шудаанд, аз таҳсил гирифта то бахшҳои дигари ҳаёт."

Ба иттилои Ҳасанзода, дар мактабҳои Тоҷикистон таълим ба забонҳои гуногун, аз ҷумла, тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ, туркманӣ ва англисӣ фароҳам шудааст.

Ҳузури 30-дарсадии занон дар ҳукумат таъмин нашуд?

Аммо гузоришгари Созмони Милал Рангита де Силва де Алвис гуфт, “фазо барои фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ маҳдуд шуда, чанд созмони иҷтимоӣ ва хабаргузориҳо кори худро бас карданд.”

Аз ин пеш, рӯзи 29-уми январ, назари фаъолони ҳуқуқ аз Тоҷикистон ҳам шунида шуд. Лариса Александрова, як фаъоли ҳуқуқи занон, гуфт, бо вуҷуди чораҳое, ки барои тавсеаи намояндагии занон дар ниҳодҳои давлатӣ давоми 20 соли охир гирифта шудаанд, то ҳол дар ҳеч сохторе ҳузури 30-дарсадии занон таъмин нашудааст.

“Бо ҳадафи ташвиқи ширкати занони қобили рақобат дар интихобот дар ҳавзаҳои якмандатӣ ба палатаи поёнии порлумон машварат медиҳем, ки ба қонун тағйирот ворид карда шавад ва занҳои номзад аз додани гаравпулӣ озод гарданд,” – афзуд ӯ.

Кумитаи Созмони Милал дар бораи решакан кардани табъйиз алайҳи занон, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, ҳар чанд сол бо ҳадафи ҳалли мушкилоти доғ ҷаласа барпо карда, иҷрои супоришу камбудҳоро аз ҳукуматҳо талаб мекунад.