Радиои Озодӣ беш аз даҳ хонаводаро дар Бадахшон пайдо кардааст, ки аз ду то даҳ аъзои онҳо пас аз ширкат дар эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 ва майи 2022 зиндонӣ шудаанд.
Таҷрибаи зиндонӣ кардани хешовандони афроде, ки мавриди таваҷҷуҳи мақомот қарор доранд, қаблан ҳам дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон мушоҳида мешуд. Мақомот ин амали худро мубориза бо ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва терроризм медонанд, аммо коршиносони мустақил ва мунтақидон мақомотро барои муҷозоти дигарандешон муттаҳам мекунанд.
Бештари маҳкумшудагон барои ширкат дар гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ифротгароӣ ва бархеи дигарро барои терроризм гунаҳкор шудаанд. Тақрибан ҳамаи онҳо аъзои хонавода ва ё хешовандони роҳбарони ғайрирасмии минтақа ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, ки бо моддаҳои гуногун ҳукми зиндон гирифтаанд.
Хати сиёҳ барои хонаводаҳо
Бештарин теъдоди маҳкумшудаҳо дар хонаводаи сарҳанги пешини нерӯҳои марзбонии КДАМ Толиб Аёмбеков мебошанд, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст:
бародараш Рашид Аёмбеков ба даҳ сол;
бародари дуввум Аноятшо Аёмбеков ба муддати 30 сол;
писараш Ғуломалӣ Абдураҳмонов ба ҳукми абад;
писари дуввумаш Ҳасаналӣ Абдураҳмонов ба муддати 20 сол;
бародарзода Мамадамон Аёмбеков ба муддати 10 сол;
бародарзодаи дигараш барои 8 сол равонаи зиндон шудааст.
Инчунин аъзои хонаводаи Мамадбоқир Мамадбоқир, яке аз афроди бонуфузи ВМКБ, ки моҳи майи соли 2022 ба таври мармуз кушта шуд, низ зиндонӣ шудаанд:
Тоҳир Мамадбоқиров барои 28 сол ва,
Акрам Мамадбоқиров ба муддати 8 сол ҳукми зиндон гирифтаанд.
Аъзои хонаводаи Мамадшоевҳо:
Рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева барои 21 сол ва бародараш
Хурсанд Мамадшоев 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Ду тан аз наздикони хонаводаи Ниёзшо Гулобов низ, ки мақомот ӯро дар рӯйхати роҳбарони ғайрирасмӣ ворид ва ба ҳукми абад маҳкум карданд, равонаи зиндон шуданд:
Азим Гулобов ба муддати 18 сол ва Аслан Гулобов ба ҳукми абад маҳкум шуда буд.
Зодагони шаҳри Хоруғ бародарон Шоишириновҳо:
Имумназар Шоиширинов ба ҳабси абад ва бародараш Умед Шоиширинов барои 14 сол зиндонӣ шудаанд.
Бародарони ва хешовандони генерали нерӯҳои марзбонии КДАМ Холбаш Холбашов низ барои солҳои гуногун зиндонӣ шуданд:
Сарбаланд Холбашов ба муддати 9,6 сол ва наздиконашон Саидаброр Шодавлатов ба муддати 26 сол, Иброз Шодавлатов барои 10,5 сол ва Азиз Шодавлатов ба 9,6 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Хонаводаи зодагони ноҳияи Рӯшон Замировҳо:
Наҷиб Замиров ба 10,6 сол ва Орзу Замиров барои 10,5 сол зиндонӣ шудаанд.
Афлотун ва Самсон Зарифбековҳо барои 1,5 ва 1,6 соли зиндон маҳкум шуданд.
Фаромуз Ғуломайдаров, бародари Ëдгор Ғуломайдаров, фармондеҳи пешини нерӯҳои мухолифин, ки моҳи майи соли 2022 дар ҷараёни амалиёти низомӣ кушта шуд, 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Мумтоз Мазоров, бародари Хурсанд Мазоров, ки моҳи майи соли 2022 кушда шуд, 21 сол ҳукми зиндон гирифт.
Инҳо танҳо бахше аз зиндониёне мебошанд, ки наздиконашон ҳукми онҳоро барои Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Дар воқеъ теъдоди маҳкумшудагони як хонавода шояд бештар ҳам бошад.
Дар гузашта наздикони роҳбари собиқи Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Мирзо Зиёев, муовини пешини Вазорати мудофеа Абдуҳалим Назарзода, фармондеҳи пешини саҳроӣ дар минтақаи Рашт Алӣ Бедакӣ ва дигарон, ки аз сӯи мақомот барои табадуллоти давлатӣ мутаҳҳам шуданд, мавриди муҷозоти дастаҷамъӣ қарор гирифтанд.
СУҲБАТРО ИНҶО ТАМОШО КУНЕД:
Ангезаи фишор чӣ аст?
"Чандин далел вуҷуд дорад, ки амали мақомотро тавзеҳ медиҳад. Далели аввал ин аст, ки наздикон аз ҷараёни ҷиноят хабар доранд, аммо онро фош намекунанд ва худ низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд Дуввум, боздоштшудаҳо молу дороиҳо доранд ва мақомот бо боз кардани чандин парванда, мехоҳанд онҳоро аз дороӣ маҳрум кунанд. Саввум, қишри рақиби идеологии ҳукумат ва соҳиби нуфуз дар миёни мардум, ки бояд муҷозот шаванд", - мегӯяд рӯзноманигор ва корманди пешини мақомоти интизомии Тоҷикистон.
Ӯ ба унвони мисол, ба парвандаи Зайд Саидов ва Абдуҳалим Назарзода ишора мекунад, ки дороиашон бо шадидтарин муҷозот ва теъдоди зиёди парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи атрофиёнашон мусодира шуд.
"Ба назари ман мақомот дар ВМКБ сирфан аз нигоҳи идеологӣ амал карданд, то ҳадди аксар афроди аз ҳукумат норозиро муҷозот кунанд",-мегӯяд ҳамсуҳбати Радио Озодӣ.
Шадидтарин муҷозоти дастаҷамъӣ дар баробари хешовандони Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини Вазорати дифоъ иҷро шуд. Онҳое ҳам мавриди пайгард қарор гирифтанд, ки ҳатто замони "ошӯб" дар Тоҷикистон набуданд.
Аммо, дар таърихи Тоҷикистони муосир истисноҳо ҳам вуҷуд доранд. Барои мисол, хешовандони Лангариевҳо, Чоловҳо ва Шамоловҳо, ки замоне дар сафи Фронти халқӣ меҷангиданд, бо вуҷуди иттиҳомоти ҷиддӣ, вазифаҳои давлатии худро нигоҳ доштанд.
Алим Шерзамонов, сиёсатмадори мухолиф ва муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, чунин "ҳукмҳои хонаводагӣ"-ро, қассоси ҳукумат медонад.
"Ман бовар дорам, ки ин муҷозоти дастаҷамъӣ алайҳи хонаводаҳое ба монанди Аёмбековҳо ва бародарон Мамадбоқировҳо аст. Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон на танҳо мансабҳои давлатӣ маврусӣ шудаанд, балки муборизон ва ҳомиёни ҳуқуқ низ одатан кам нестанд, ки узви як оилаанд. Барои мисол, Улфатхоним Мамадшоев ва бародараш Хурсанд Мамадшоев солҳост фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ буданд",-мегӯяд Шерзамонов.
Ба гуфтаи ӯ, чунин муносибат бо шаҳрвандони норозӣ дар кутоҳмуддат метавонад суботи ҳукуматро таъмин кунад, аммо дар дарозмуддат боиси муҳоҷиратҳои умумӣ мешавад.
Гуфтугӯ