Ҳукумат дар эъломияе ҳадафро "баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам кардани институти ҳуқуқи инсон... ва баланд бардоштани мақоми қонун" номид. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистонро солҳо боз барои нақзи густурдаи ҳуқуқи одамон, аз ҷумла ҳаққи бунёдии онҳо ба мисли озодии виҷдону баён танқид мекунанд.
Аҳад Содиқов, як масъули идораи Омбудсмен, мегӯяд, дониши нокофии ҳуқуқии аҳолӣ сабаб гашт, то 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон шавад. "Яке аз камбудҳои асосии шаҳрвандони мо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷа ҳамин аст, ки маърифати ҳуқуқии нокофӣ доранд. Аз ҳуқуқу озодиҳои худ огоҳ нестанд. Имрӯз муҳоҷирати корӣ бисёр авҷ гирифтааст, ҳазорон шаҳрванди мо ба мушкил дучор мешаванд," - -афзуд ӯ.
Дар пайи эълони "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар Вазорати адлияи Тоҷикистон як гурӯҳи кории иборат аз намояндагони идораҳои давлатӣ таъсис ёфтааст. Онҳо нақшаи чорабиниҳоро таҳия хоҳанд кард. Тафсилоти он дастрас нест.
Як пурсиши кӯтоҳи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои пойтахт нишон дод, ки бархе намедонанд ҳангоми поймол шудани оддитарин ҳуқуқашон ба кадом ниҳод муроҷиат кунанд. "Бояд ба ҳукумат ва Ҳизби халқӣ-демократӣ муроҷиат кард,” – гуфт яке аз роҳгузарон.
Ҳукумати Тоҷикистон барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи мардум, зери по кардани он аз тарафи созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ танқид мешавад. Солҳои охир ва бо бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон ин танқидҳо зиёдтар ва баландтару бештар садо медиҳанд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch дар гузориши нави худ гуфт, риояи ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистон дар соли 2023 низ беҳтар нашуд ва зери по кардани он аз тарафи мақомот ҳамчунон идома ёфт.
Аҳад Содиқов, намояндаи Омбудсмен, мегӯяд, эълони соли маърифати ҳуқуқӣ барои боло бурдани имиҷи Тоҷикистон дар назди созмонҳои байнулмилалӣ мусоидат хоҳад кард:
"Мо намегӯем, ки ҳеч мушкилӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон нест. Кишварҳое ҳастанд, ки садсолаҳо боз давлати демократӣ месозанд ва дар онҷо ҳам мушкил ҷой дорад. Вазифаи асосии мо ҳам ин аст, ки ҷиҳати бартараф кардани мушкилҳо саҳмгузорӣ кунем."
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, эълони чунин сол дар сурате метавонад ҳосил бидиҳад, ки шаҳрвандон низ ба шинохти ҳуқуқи худ талош кунанд. Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқдони тоҷик, гуфт: "То андозае боло бурдани дониши ҳуқуқии сокинон, албатта, имконпазир аст. Бо баромадҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳо. Ҳамаашон хуб аст, вале ба мақсади ниҳоӣ расидан бисёр мушкил."
Дар Тоҷикистон баъзан солҳоро ба ин ё он соҳа мебахшанд. Мақомот мегӯянд, ин тасмимҳо натиҷаи назаррас доранд. Вале, ба гуфтаи яке аз ҳамсуҳбатони сарироҳии мо, маърифати ҳуқуқӣ метавонад бештар бо намунаҳои барҷастаи риояи ҳуқуқи одамон ва додгоҳҳои одилу мустақил густариш пайдо кунад. Чизҳое, ки алҳол дар Тоҷикистон бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд.