Ин талаб дар Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи инсон садо дод. Нишаст рӯзи 14-уми декабри имсол дар Душанбе гузашт.
Ҳайати Тоҷикистонро Фирӯз Орзузода аз Дастгоҳи иҷроияи президент раисӣ кардааст. Посухи ӯ ва намояндагони дигари ҳукумат ба талаби озодии рӯзноманигорону ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ маълум нест. Пештар мақомот гуфта буданд, ки онҳо ба узвият дар созмонҳои мамнуъ ё ҳамкорӣ бо онҳо дастгиру зиндонӣ шудаанд ва, биноан, қазияашон ҷиноист, на сиёсӣ.
Дафтари матбуоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе рӯзи 18-уми декабр бо нашри эъломияе гуфт, дар Муколама аз “маҳдудиятҳои сиёсӣ ва озодии баён, маҳдудиятҳои афзоянда барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил” низ изҳори ташвиш шудааст.
“Иттиҳоди Аврупо аз нокофӣ будани тафтиши нақзи ҳуқуқи башар ҳангоми рӯйдодҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2021-2022 пурсида, бори дигар зарурати ҳамкориро бо аҳолии маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид кард,” – гуфта шудааст дар эъломия.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳори соли 2022 шоҳиди эътирози гурӯҳе аз сокинон ва саркӯби онҳо аз тарафи нерӯҳои Тоҷикистон буд. Дар он ҳодиса 34 нафар кушта, даҳҳо кас дастгир ва ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.
Созмону кишварҳои ғарбӣ рафтори мақомоти Тоҷикистонро нақзи ҳуқуқи одамон медонанд. Мақомот гуфтаанд, ки ин афрод узви гуруҳҳои ҷиноӣ буданд. Наздикони кушташудаҳо ва зиндониён дар Бадахшон ҳамвора ба бегуноҳии онҳо таъкид мекунанд.
Иттиҳоди Аврупо дар идома Тоҷикистонро барои риояи ҳуқуқи занону фароҳам кардани озодии эътиқод ва кӯшиши ислоҳот дар зиндонҳо ташвиқ кардааст.
Дар Муколама дархости Тоҷикистон барои пайвастан ба GSP+ низ баррасӣ шудааст. GSP+ низоми имтиёзӣ аст, ки ба кишварҳои дар ҳоли рушд иҷоза медиҳад молу колои худро аз рӯйи таърифаҳои сабуки гумрукӣ ба бозори Иттиҳоди Аврупо ворид кунанд.
Душанбе дар соли 2019 барои пайвастан ба ин низом дархост кард, ки, ба бовари коршиносон, даҳҳо миллион доллари содиркунандагони тоҷикро ҳифз мекунад. Дар иваз мақомоти Тоҷикистон бояд уҳдадории худро дар робита бо 27 эъломия, аз ҷумла оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи меҳнат, муҳити зист ва иқлим риоя кунад.
Даври ояндаи Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи инсон дар соли 2024 дар Брюссел дар назар аст.
Гуфтугӯ