"Хонаамро ба зани прокурор доданд".Шикояти Муяссар аз қарори додгоҳ.ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даъвову баҳс барои хона дар Тоҷикистон зиёдтар мешавад

Як сокини шаҳри Хуҷанд, ки мегӯяд, хонаашро аз даст додааст, ҳалномаи додгоҳро ғайриқонунӣ медонад. Муяссар Тоирова, иддао дорад, ки додгоҳ бо ёрии шавҳари собиқаш манзили сабтшуда ба номи ӯро ба ҳамсари як корманди додситонӣ додааст. Шавҳари собиқи зан ин даъворо беасос медонад.

Муяссар Тоирова ва чор фарзандаш чанд моҳи охир ҳуҷҷатҳои хонаеро баррасӣ мекунанд, ки ҳамакнун тақрибан аз даст додаанд. Модари хонавода мегӯяд, ин манзил воқеъ дар як гӯшаи шаҳри Хуҷанд, ба номи ӯ аст, вале бе огоҳӣ ва бе ширкати ӯ харидуфурӯш шудааст.

“Як одам ба ман занг заду гуфт, ки ман прокурор ҳастам ва он хонаро харида будаму ҳуҷҷатҳояшро ба номи ҳамсарам гузаронда деҳ. Ман гуфтам, ки чихел хонаро ба номатон гузаронда медиҳам. Ман вай хонаро ба ҳеҷ кас нафурӯхтаам ва нияти фурӯхтан ҳам надоштам. Чихелашба он хонаро фурӯхтагӣ гуфта, масъаларо бо собиқ шавҳарам дар миён гузоштам. Собиқ шавҳарам дар ҷавоб гуфт, ки ман хонаро дар вақташ ба онҳо фурӯхта будам”. - Муяссар Тоирова, сокини шаҳри Хуҷанд.

Муяссар Тоирова ва шавҳари собиқаш Зоир Тоиров мегӯянд, онҳо хонаи баҳсиро соли 2004 харида, санад ҳам доранд. Ду сол баъд ба гуфтаи Зоир Тоиров ба нияти фурухтани хона аз Азизмурод Сабурӣ маблағ гирифтаасту ба ҷойи шартномаи хариду фурӯш ваколатномаи соҳибии хонаро додааст.

Тоиров гуфт: “Ман дар соли 2006 ба фикрам бо нархи 7 ё 7,5 ҳазор долларба фурӯхта будам. Мо рафтем ваколатномаи генералӣ додем. Ба мӯҳлати се сол. Аз номи Тоирова Муяссар ба номи зани прокурор. Дар давоми се сол прокурор хонаро ба номаш карда гирифтанаш лозим буд. Аммо ду моҳ пеш ба ман занг зада гуфт, ки биёед, судбозӣ накунем, ҳамсаратонро гӯед хонаро ҳуҷҷат карда гирем. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки соли 2014 аз ҳамсарам ҷудо шудаам, вай ҳоло гапи маро намегирад”.

Вале Муяссар Тоирова мегӯяд, ӯ аз ягон харидуфурӯш огоҳӣ надошт ва ҳеч гуна ваколатномаеро ҳам имзо накардааст. Вай нусхаи ваколатномаеро, ки Зоир Тоиров дастраси Радиои Озодӣ кард, қалбакӣ медонад ва иддао дорад, ки ному насаб ва имзояш хато навишта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол тибқи санадҳо ба гуфтаи зан ҳанӯз ҳам хона расман ба номаш қайд шудааст. Аммо шавҳари собиқи зан, Зоир Тоиров баръакс ҳуҷҷатҳои ӯро қалбакӣ медонад.

Баҳси зану шавҳари собиқ дар ҳоле идома дорад, ки моҳи гузашта бо даъвои Азизмурод Сабурӣ, Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ин баҳсро ба фоидаи харидор, яъне Сулҳия Шоева ҳал кард. Шоева ҳамсари Азизмурод Сабурӣ аст. Онҳо аз сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.

Ҳамакнун Муяссар Тоирова мехоҳад аз ҳалномаи додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят барад. Вай мегӯяд, дар муҳоҷирати корӣ пойҳояш бемор шудаанд ва ба ин хона ниёз дорад.

“Дар ҳозира ҷойи зистам ошхонаву дигар хонаҳояш ҳамааш хунук аст. Баъди онки ман ҷарроҳӣ шудам, дар ин хона имкони зистан надорам”-- афзуд, Муяссар Тоирова.

Маълум нест, ки даъвои ин зан то куҷо натиҷа медиҳад. Вай ба ҳуҷҷатҳояш такя мекунад ва умедвор аст, додгоҳ ҳалномаро бекор хоҳад кард.

Чунин даъвоҳо миёни сокинон барои манзили зист дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Дар бархе ҳолатҳо мисли қазияи Муассара Тоирова, сокинон аз қарори додгоҳҳо норозигӣ мекунанд, ки сабаби печидатар шудани ҷанҷолҳо мешавад.