Сардии ҳаво дар ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон камбуди ҳаммоми умумиро барои занон ошкор кард. Баъзе аз бонувони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар хонаҳояшон дар Душанбе ва Бохтару Хуҷанд об надоранд, аммо барои шустушӯ ҳаммоми занонаи мувофиқ низ намеёбанд.
Дар шаҳри Кӯлоб, ки беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад, то ҳамин моҳ ҳаммоми вижа барои занон набуд. Ҳоло соҳибкоре барои бонувон як ҳаммом омода кардааст, вале на ҳама имкони ворид шуданро доранд.
Рухшона Сатторова, сокини Кӯлоб, рӯзи 24-уми январ гуфт, хонаҳояшон сард аст ва барои шустушӯ оби гарм надоранд, вале аз навбати зиёд ҳам натавонист, вориди ягона гармобаи бонувон шавад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Нархи як соати шустушӯ дар ҳаммоми маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб барои занони калонсол 20 сомонӣ ва барои кӯдакону наврасон 10 сомонӣ муқаррар шудааст.
Аксар муштариёни ҳаммом заноне ҳастанд, ки дар баландошёнаҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳое, ки наздиконашон дар хонаҳои заминӣ ҳастанд, ба онҷо барои шустушӯ мераванд.
Моҳира Холматова, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, "аз замоне ки ҳаво сард шуд, ба ҳаммом нарафтем. Пул нест, касал ҳам шудем, аз хона намебароем, чун шароит нест."
Соҳиби ягона ҳаммом барои занон дар Кӯлоб мегӯяд, муштарӣ ба маротиб зиёд шудааст. Нигина Раҷабова мегӯяд, "Духтарон, занҳо ва пиразанҳо меоянд. Мегӯянд, ҳаммоми умумиро бори аввал мебинанд."
Шаҳри Кӯлоб сеюмин шаҳри сераҳолии Тоҷикистон аст. Як бахши зиёди мардум дар хонаҳои баландоёшона зиндагӣ мекунанд, ки ҳамеша мушкили дастрасӣ ба оби гарм доранд. Зимистони имсол сард омад ва зиндагии онҳоро сахт кард. Ҳамин вазъ боис шуд, ки зарфи ҳаммому баҳси атрофи он ҳам гарм шавад.
Гуфтугӯ