Баҳсҳо барои моликият ба манзили зист дар Тоҷикистон доғтар мешавад. Як додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе 7-уми октябр ва дар Рӯзи ҷаҳонии маскан гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол фақат худи ӯ чаҳордаҳ парвандаи ҷанҷоли хонаро ба поён расондааст.
Дар Тоҷикистон ҳуқуқ ба манзил аз ҳақҳои бунёдӣ ё асосии шаҳрвандон эътироф шуда, Конститутсия маҳрум кардани шахс аз манзили зистро манъ кардааст. Вале сокинон мегӯянд, баъзан дар додгоҳҳои кишвар аз ин ҳуқуқи бунёдии худ дифоъ карда наметавонанд.
Ҳар рӯз ба камияш як нафар ба Радиои Озодӣ маҳз бо ҳамин мушкил муроҷиат мекунад ва ҳоло даҳҳо нусхаи аризаи шаҳрвандон дар дасти мо маҳфуз аст. Баҳси 13-солаи Умаралӣ Саидов, сокини шаҳри Душанбе, барои хона бо ҳамсари бародари марҳумаш низ яке аз ин муроҷиатҳо буд ва танҳо баъд аз нашри он дар Радиои Озодӣ ҳалли худро ёфт.
Агар дар гузашта ҷанҷол ба сари манзил миёни хешовандон ва корхонаву ашхоси алоҳида сар мезад, ҳоло вайрон кардани хонаҳо барои сохтмони биноҳои баландошёна дар Душанбеву минтақаҳои дигар ба он илова шудааст.
Мардум мегӯянд, мақомоту моликони ширкатҳо ҳаққи онҳоро нодида мегиранд. Вале масъулон иддао доранд, ки сокинон хонаҳои худро аз нархи будааш гаронтар пешниҳод мекунанд.
Масъуд Собиров, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт ва раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, мақомот бе ягон созиш ва пардохти ҷуброни баробар ба қимати хонааш манзили ӯро вайрон карданианд. Дар ҷойи хонаи ӯ ширкати "Ғаюр Семент" бояд мактаб созад.
"Тибқи шиносномаи техникӣ хонаи ман аз чаҳор ҳуҷра иборат аст. Ҳамааш қонунӣ аст. Ба ман кофист, ки як хонаи сеҳуҷраӣ диҳанд ва бе мушкил хонаамро гиранд, аммо чунин карданӣ нестанд", -- гуфт ӯ.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, то замони ҳалли баҳсҳо атрофи ҷуброни манзил ҳеч кас ё ширкат ҳақ надорад, хонаҳоро вайрон кунад. Вале сокинон ба мисли Масъуд Собиров шикоят мекунанд, ки масъулони ширкатҳо бе мувофиқа бо онҳо, ба тахриби хонаҳояшон сар карда, ҳуқуқашонро "дағалона поймол мекунанд".
Моҳи сентябри имсол дар ширкати "Ғаюр Семент" ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, баҳсҳо атрофи ҷуброни пардохт нахуст бояд дар сатҳи ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳал шавад. Масъулони ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "Ғаюр Семент" омода аст, барои ҳар метри мураббаъ ба соҳибони хонаҳо 600-650 доллар диҳад, аммо сокинон ба гуфтаи онҳо маблағи зиёд талаб доранд.
Тахриби манзили сокинон барои бунёди биноҳои баландошёна дар пойтахт аз сӯи ширкату мақомоти маҳаллӣ дар ҳолест, ки баъзе дигар мегӯянд ҳатто афроди алоҳида талоши аз худ кардани манзили зисти онҳоро доранд. Мақомот мегӯянд, дар ин замина баҳс печида аст, чун ҳарду тарафи даъво санад ва далели худро доранд.
Як омили дигаре, ки боис ба авҷ гирифтани баҳси манзил дар Тоҷикистон шудааст, тасмими маскун кардани занон баъд аз ҷудо шудан аз шавҳаронашон аст.
Аксар хонаводаҳо баъди азҳампошӣ гирифтори баҳси манзил мешаванд. Бахши умдаи онҳое, ки барои маскун шудан даъво доранд, занон ҳастанд. Дар ҳоле ки ин матлаб омода мешуд Ризқиннисо Худойбердиева, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ки хоҳарзодааш баъди талоқ гирифтан аз шавҳар бо ду кӯдак "дар кӯча мондааст".
Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, "манзиле, ки хоҳарзодаам бо шавҳараш зиндагӣ мекард, дар асл моли ӯ буд. Аммо домод хонаро ба номи падараш гузаронда, тамоми ҷиҳозашро аз дар берун кардааст."
Худойбердиева мегӯяд, баҳси хонаи онҳо дар зинаи болоии додгоҳ баррасӣ мешавад.
Ин чанд намуна аз садҳо баҳс дар бораи хона аст, ки солҳо боз идома мекунанд. Як додарси додгоҳи шаҳри Душанбе бе зикри номаш эътироф кард, ки «солҳои ахир баҳси манзил зиёд шудааст» ва афзуд «бештари баҳсҳо баёни бародарон ё хоҳарон ва ё волидону фарзандон аст». «Ҳоло баҳси гуруҳии сокинон ва ширкатҳои хонасоз ҳам афзудааст», -- илова кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, як пажӯҳиши нави "Маркази мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон" нишон додааст, ки дар бештари маврид додгоҳҳо қарори худро ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба манзил ё кӯчонидани маҷбурии сокинон ба фоидаи давлат содир кардаанд.
Пурсидашудаҳо дар ин тадқиқот гуфтанд, додгоҳҳо ҳангоми баррасии чунин парвандаҳо мустақил набуданд. Ба қавли Абдураҳмон Шарифов, ҳуқуқшиноси ин марказ, аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки дар бештари маврид баҳси манзилро ба додгоҳ намекашанд. "Ба хотири ин ки ба худ бовар надоранд ва метарсанд, ки масъала аз будаш бузургтар нашавад", -- афзуд ӯ.
Ҳар сол аҳолии Тоҷикистон меафзояд ва «рақобатҳо» барои макони зист шадидтар мешавад. Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон 93 дар сади он кӯҳистон аст.
Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо манзил аз мушкили рақами аввал дониста мешавад. Нархи як метри мураббаи хона дар бисёртабақаҳои Душанбе аз 200 то 1200 долларро ташкил медиҳад.
Коршиносон мегӯянд, агар онро ба даромади аҳолӣ муқоиса кунем, «фарқ байни замину осмон хоҳад буд» ва зоҳиран ҷанг барои хона ҳам бесабаб нест.