Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Кӯлоб ба як зани гунг амр дод, ки манзили баҳсиро тарк кунад. ВИДЕО


Додгоҳи Кӯлоб амр дод, ки Зулқадамоҳ манзилашро тарк кунад

Додгоҳи Кӯлоб ба як зани маъюб амр кардааст, то хонае, ки дар он даҳ сол боз ҳамроҳӣ фарзандони ноболиғаш зиндагӣ мекунад, тарк кунад.

Мушкили Зулқадамоҳ пас аз марги шавҳар

Зулқадамоҳ Абдураҳмоноваи 49‑ сола соли 2010 бо Мурод Кавгаков, марде, ки аз ӯ 30-сол бузургтар буд, издивоҷ кард. Шавҳари ин зан соли 2019 фавтид ва ин зан аз ӯ ду фарзанди ноболиғ дорад.

Наворро ин ҷо тамошо кунед.

Духтарандар зани маъюбро бо ду фарзандаш аз хона берун мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Пас аз марги шавҳар духтарандараш ба додгоҳ муроҷиат кард, ки ҳамсари падарашро аз ин хона берун кунанд.

Сӯистифода аз маъюбӣ?

Пайвандонаш мегӯянд, ӯ гунг аст ва даъвогар аз ин нуқси модарзодии ӯ барои пирӯз шудан дар додгоҳ истифода кардааст.

Мижгона Муродзода даъво дорад, ки манзили зист ба номи ӯст ва ин зан ҳаққи зиндагӣ дар ин бино пас аз марги падарашро надорад.

Меҳриниссо Сафарова, ҳамсоя Зулқадамоҳ мегӯяд, ӯ дар сохтмони ин хона саҳм дорад ва дар ҳоле, ки ин зан суҳбат карда наметавонад, маълум нест, додгоҳ ба чӣ шакле назари ӯро пурсидааст.

“Ин макон як вайрона буд ва маҳрум шавҳарашро касе хабар намегирифт. Ҳамин занро соли 2010 гирифта, ба тағаи Мурод доданд ва ӯ ин маконро обод кард. 10 сол мешавад, ки ӯ бо ду кӯдакаш дар ҳаминҷо зиндагӣ дорад ва ҷойи рафтан надорад”,--гуфт ҳамсояи ин зан.

Даъвои духтарандар ва дахолати ҳамсояҳо

Дар ҳалномаи додгоҳи шаҳри Кӯлоб, ки 12-уми ноябри соли 2020 содир шудааст, гуфта мешавад, Мижгона Муродзода соли 2014 ин маконро харида, ба номи худ кардааст. Он замон Зулқадамоҳ дар ин ҳавлӣ зиндагӣ мекард ва як фарзанд аз ин мард дошт.

Дар ҳалномаи додгоҳ Мижгона Муродзода, духтарандари Зулқадамоҳ Абдураҳмонова гуфтааст, падараш бидуни огоҳ кардани ӯ зан гирифта, ба манзили ӯ овардаааст. Шоҳидон ин иддаоро нодуруст медонанд ва мегӯянд, имкон надорад, ки дар даҳ сол ӯ аз издивоҷи падараш огоҳ нашуда бошад.

Руқиямоҳ Сайфиддинзода, яке аз наздикони Зулқадамоҳ мегӯяд, ӯро Мижгона барои падараш хостгорӣ кардааст.

“Мижгона дар як маърака пурсид, ки ягон одам нест, ки ба падарам диҳам. Гуфтам, ки як нафар ҳаст, аммо забон надорад. Хулоса ҳамаи ҳамин корро худи Мижгона анҷом додааст, аммо имрӯз кардаашро ба гардан намегирад.”,--гуфт ӯ.

Асалмоҳ Масамиева, ҳамсояи Зулқадамоҳ мегӯяд, ӯ дар додгоҳ шаҳодат дода буд, ки ин зан дар сохтмони хона саҳм дорад.

“Инҷо як бинои вайрона буд. Ҳамин зан бо шавҳараш ин ҷоро обод карданд.”,--гуфт ӯ.

Баҳои ҳуқуқшинос ба баҳс

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, Зулқадамоҳ Абдураҳмонова тибқи моддаи 121-и Кодекси манзил ҳуқуқи аъзои оила эътироф шудан ва ҳаққи сокини ин хона буданро дорад.

Лутфулло Абдуҷабборзода, ҳуқуқшинос мегӯяд, “ин зан бо маҳрум шавҳараш, яъне бо падари соҳибмулк зиёда аз 10 сол зиндагӣ кардааст ва пурра ҳуқуқи маскун шудан дорад.”

Мижгона Муродзода, духтарандари Зулқадамоҳ дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки он макон моли ӯст ва бояд онро фурухта дар Душанбе хона харад.

“(Ба Зулқадамоҳ)гуфтам хона харида медиҳам, маро гуш накард, ҳоло ҳеҷ чиз намехарам, баромада равад.”,--гуфт ӯ.

Пайвандони Зулқадамоҳ мегӯянд, иҷрочиёни суд пойфишорӣ доранд, ки ӯ хонаро зудтар тарк кунад. Ин зан бо ишора мегӯяд, ҷое барои зист надорад ва ин маконро ба ҳеҷ сурат тарк нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG