Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид (Мулло Яъқуб), сарпарасти Вазорати дифои "Толибон", рӯзи 31-уми декабр дар нишасте дар Кобул гуфт, дар пайи ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон "даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон" кушта ва боздошт шудаанд, аммо омори дақиқ наовард.
Ӯ гуфт: "Дар тамоми ҳамлаҳое, ки ба масҷиду хонақоҳҳо, алайҳи олимони дин ва таҷаммӯи мардум дар Афғонистон анҷом шуд, аз шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус атбои Тоҷикистон истифода шудааст. Дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятии мо даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва даҳҳо тани дигар боздошт шуданд."
Дар радаи дувум, ба нақли Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид, шаҳрвандони Покистон даст доштаанд. "Бештар аз 20 покистонӣ дар амалиёти нерӯҳои мо кушта шуданд ва садҳо тани дигар боздошт гардиданд," -- афзуд вазири дифои "Толибон".
Вай ҷузъиёт надод. Нагуфт, ки шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон, кадом гуруҳҳоро дар Афғонистон намояндагӣ мекунанд. Танҳо ҳаминро илова кард, ки намешавад гуфт, дар ин кор ҳукуматҳои ин кишварҳо ҳам даст доранд ё на.
Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба изҳороти намояндаи ҳукумати "Толибон" ҳанӯз дастрас нест. Онҳо дар гузашта, баръакс, гуфта буданд, ки баъди ба қудрат расидани "Толибон" қочоқи маводи мухаддир ва кӯшиши гузаштани ҷангҷӯён аз хоки Афғонистон бештар шуд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2023 гуфт, ки аз ду кӯшиши рахна кардани марз аз тарафи ҷангҷӯёни "Ансоруллоҳ" пешгирӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ҷангҷӯён нақша доштаанд, дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари кишвар "як силсила ҳамлаҳои террористӣ" анҷом диҳанд.
Гурӯҳи "Ансоруллоҳ", ки аз ҳисоби зодагони Тоҷикистон шакл гирифтааст, солҳо боз дар Афғонистон амал мекунад. "Толибон" назорати баъзе аз қитъаҳои марзи Афғонистонро бо Тоҷикистонро ба дасти ҳамин гурӯҳ супурда буданд.
Вазири дифои "Толибон" рӯзи 31-уми декабр ба ин масъала напардохт, аммо аз масъулони ҳукумат дар Тоҷикистон ва Покистон хост, ки "аз омадани туфангдорон ба Афғонистон" пешгирӣ кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон баъди ба қудрат расидани “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 борҳо гуфтаанд, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунанд, вале ҳамзамон хоҳони як ҳукумати фарогир ҳастанд.
Ҳукумати ду ҷониб бештар аз ду сол боз ба таври расмӣ муносибат надоранд, вале дар бораи содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қарордод имзо кардаанд. Масъули консулгарии Афғонистон дар Хоруғ низ чанде пеш иддао кард, ки зимоми идораи онҳо ба дасти “Толибон” аст, ҳарчанд сафири ҳукумати пешин дар Душанбе онро рад кард.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр сарҳад дорад, ки назорати бахше аз онҳо душвор аст. Бо вуҷуди ваъдаҳои “Толибон” дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз тарафи гуруҳҳои террористӣ изҳори нигаронии мақомоти тоҷик ва кишварҳои дигари осиёи Марказӣ аз он тарафи марз кам нашудааст.