Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти Дарвоз. "Ансоруллоҳ" хуса ё таҳдид ба Тоҷикистон? САДО


Мақомот мегӯянд, ин яроқҳоро аз се узви "Ансоруллоҳ" мусодира карданд
Мақомот мегӯянд, ин яроқҳоро аз се узви "Ансоруллоҳ" мусодира карданд

Хабари Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ аз вуруди се ҷангӯйи мусаллаҳ ба хоки Тоҷикистон баҳси хатарҳо аз Афғонистонро бештар кард.

Убури марз, махфигоҳи силоҳу муҳимот ва омодагӣ ба амалиёти террористӣ дар арафаи Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон. Ҷасади се нафар ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ дар телевизион нишон дода шуданд. Гуфта шуд, ки рӯзи 5-уми сентябр, пас аз як ҳафтаи назорату думболагирии Зариф Бобоҷонов, зодаи Исфара, Фарҳод Баҳодуров, зодаи ноҳияи Нуробод ва Аҳтам Қосимов, зодаи Кулоб, се узви гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дар наздикиҳои деҳаи Кеврони Дарвоз кушта шуданд.

Санҷиш ва тасдиқи ин хабар ба воситаи манобеи дигар мушкил аст, вале он дар расонаҳои ҷаҳонӣ баёнгари осебпазири Тоҷикистон аз хатарҳое шуд, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд.

Гуфта мешавад, инҳо "Толибони тоҷикистонӣ" ҳастанд
Гуфта мешавад, инҳо "Толибони тоҷикистонӣ" ҳастанд

Гурӯҳи "Ансоруллоҳ", ки аз ҳисоби зодагони Тоҷикистон шакл гирифтааст, солҳост дар Афғонистон зери назари Толибон амал мекунад. Толибон, ки моҳи августи соли 2021 назорати Афғонистонро ба даст гирифтанд, идораи бархе аз қитъаҳои марз бо Тоҷикистонро ба дасти ин гурӯҳ супурда буданд. Раҳбарони ҳукумати Толибон борҳо ваъда додаанд, ки аз хоки Афғонистон ҳеч хатаре ба кишварҳои ҳамсоя таҳдид нахоҳад кард. Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Русияву Амрико аз ҳузури ҷангҷӯён дар Афғонистон борҳо нигаронӣ кардаанд.

Шубҳа ба амалиёт

Ин шубҳа пайдо шудааст, ки ин қадар аслиҳаро се нафар бо худ оварданд?
Ин шубҳа пайдо шудааст, ки ин қадар аслиҳаро се нафар бо худ оварданд?

Бархе мунтақидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки ҳеч имкон надорад, ки се нафар панҷ автомату ду снайпер, маводи таркандаву тиру тирдони зиёдеро бо худ бардошта тавонанд. КДАМ дар гузориши телевизионӣ шарҳ додааст, ки ин гурӯҳ ҳарчанд шаби 29 ба 30-уми август вориди Тоҷикистон шудааст, “қаблан, аз ҳудуди кишвари ҳамсоя миқдори ҳаҷман калони аслиҳа...интиқол ва дар пинҳонгоҳ ҷой кардаанд.” Санҷиши техникии аксҳое, ки КДАМ нашр кардааст, нишон медиҳад, ки онҳо гуё 9-уми сентябри соли 2020 аз соати 17 то 18 “ба вақти Лондон” бо дастгоҳи “Canon EOS 77D” бардошта шудаанд. Мақомот инро шарҳ надодаанд, вале коршиносон мегӯянд, агар соати дастгоҳи наворбардорӣ ба вақти маҳаллӣ дуруст нашуда бошад, имкон дорад, додаҳои иштибоҳиро нишон диҳад.

Ду сокини деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз гуфтанд, ки аз дохили деҳа садои тир шунида намешуд, вале чупонҳо он рӯз дар баландкӯҳҳои деҳа садои тирпарониро шунидаанд.

Ҷасадро нишон доданд, вале барои хоксупорӣ надоданд

Фарҳод Баҳодуров, яке аз кушташудаҳо зодаи ин ҷамоат будаааст
Фарҳод Баҳодуров, яке аз кушташудаҳо зодаи ин ҷамоат будаааст

Афроде, ки исмашон ҳамчун кушташудагони ин амалиёт расонаӣ шуд, чанд сол боз дар феҳрасти гумонбаршудагони таҳти пайгард қарор доштанд. Наздиконашон мегӯянд, хабари маргро ба онҳо расондаанд, вале ҷасадҳоро барои хоксупорӣ надодаанд. Бар асоси охирин тағйир дар қонунгузории Тоҷикистон ҷасади афроди муттаҳам ба терроризм ба наздиконашон дода намешавад.

Башар Баҳодуров, сокини деҳаи Шербегиёни ноҳияи Нурообод, падари Фарҳод Баҳодуров рӯзи 7-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта мақомот хабари марги писарашро ба ӯ расонданд. Ӯ гуфт, ба яке аз писаронаш ҷасадро нишон додаанд, вале онро ба ихтиёрашон насупурданд. Ба гуфтаи ӯ, писараш соли 2014 аз Русия ба Афғонистон рафта, ба гурӯҳи “Ансоруллоҳ” пайвастааст. Се сол пеш ду бародар ва як амаки Фарҳод барои тамос бо ӯ аз 3 солу шаш моҳ то 14 сол зиндонӣ шудаанд. Падараш гуфт, Фарҳод то ҳашт моҳ пеш бо наздикони ҳамсараш тамос дошт ва мегуфтааст, ки дар Афғонистон аст.

"Ҷамоати Ансоруллоҳ": Хуса ё таҳдид ба Тоҷикистон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:31 0:00
Линки мустақим

“Ҳеҷ гоҳ бо худи ман тамос надошт. Чӣ хел рафт, барои чӣ рафт, намедонам, саломатиам хуб нест. Ду фарзанд дорад, ки ҳардуяшро ба интернат додаанд ва онҷо тарбия мегиранд. Ягон гап нагуфтанд, ки ҷасадро медиҳем ё не, лекин имконият мешуд, медоданд, хуб мешуд. Хуб буд, бад буд, ки фарзанд буд,”—гуфт, ӯ.

Аз деҳаи Шербегиён ва чанд деҳаи атрофи он даҳҳо нафар ба гурӯҳи “Ансоруллоҳ” пайвастаанд. Амриддин Табаров, раҳбари собиқи ин гурӯҳ, ки гуфта мешавад, кушта шудааст, зодаи ҳамин минтақа буд, ки пас аз созиши сулҳ миёни ҳукумату мухолифон онро қабул накард ва бо гурӯҳе аз ҳамроҳони мусаллаҳаш ба Афғонистон паноҳ бурд.

Чаро Толибон “Ансоруллоҳ”-ро ҳифз мекунанд?

бозорҳои наздимарзӣ рӯзи 2 сентябр боз шуданд
бозорҳои наздимарзӣ рӯзи 2 сентябр боз шуданд

Хабари кушта шудани се ҷангҷӯи “Ансоруллоҳ” замоне расонаӣ шуд, ки ҳукумати Толибон ва мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз боз шудани бозорҳои наздимарзӣ дар хоки Тоҷикистон хабар доданд. Ин бозорҳоро Тоҷикистон пас аз бозгашти Толибон ба сари қудрат баста буд ва боз шудани онҳоро бархе коршиносон як навъ нарм шудани равобити ин кишвар бо ҳокимони нави Афғонистон унвон карданд. Тоҷикистон аз камтарин кишвари минтақа буд, ки эълон мекард, Толибон то ҳукумати ҳамашумул ташкил накунад, бо онҳо ҳамкорӣ намекунанд. Ин кишвар аз Ҷабҳаи муқовимат, як гурӯҳи мухолифи Толибон эълони пуштибонӣ карда буд.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, гурӯҳи “Ансоруллоҳ” пурра зери назорати Толибон аст ва дар гумон аст, ки бидуни хостаи онҳо даст ба амале занад. Ӯ мегӯяд, зоҳиран ин гурӯҳро Толибон ҳамчун як василаи фишор ба Тоҷикистон истифода мекунад.

Мақомоти тоҷик дар гузашта гуфта буданд, ки “Ансоруллоҳ” аз 200 то 500 узв дорад, ки аксарашон тоҷикистониянд.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

“Толибон имкон дорад, ки бо ин масъала Тоҷикистонро моил ба ҳамкории бештар кунад. Ҳоло аксари кумакҳои башардӯстона ба шимоли Афғонистон аз хоки Тоҷикистон интиқол меёбад. Дар шароити ҳозира ин гурӯҳ танҳо як роҳи фишор аст,”—гуфт ӯ.

КДАМ гуфтааст, ки ин гурӯҳ бо ҳидояту пуштибонии “хадамоти махсус” амал кардааст, вале аз ҳеч гурӯҳ ё кишвари пуштибони “Ансоруллоҳ” ном набурдааст.

Фаридун Ҳодизода мегӯяд, танҳо ҳолатҳои истисноие метавонад вуҷуд дошта бошад, ки ҷангҷӯёни норозии ин гурӯҳ бо эътироз ба раҳбарони худу Толибон бе иҷозаи онҳо мустақилона амал кунанд.

Мунтақидони ҳукумат ҳамеша ба ҳодисаҳои шабеҳ ба ин бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, мақомот барои дарёфти кумакҳои бештари хориҷӣ ва барои мубориза бо терроризм чунин ҳодисаҳоро бузург нишон медиҳанд.

Неъмат Аҳмадӣ, хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ, ки солҳо дар Бадахшони Афғонистон кор кардааст, мегӯяд, то сари қудрат омадани Толибон гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дар дараи Хустаки ин вилоят қароргоҳ доштанд. Баъдан, онҳоро ба ноҳияҳои наздиктар ба марзи Тоҷикистон интиқол доданд. “Мардуми маҳаллӣ, ки мо суҳбат мекунем, мегӯянд, онҳо бо таҷҳизоти пешарафта муҷҷаҳазанд ва дар сафи Толибон якҷо ҳастанд,”—гуфт ӯ.

Неъмат Аҳмадӣ мегӯяд, ҳоло Толибон манфиатдор нест, ки ин гурӯҳро мустақил гузорад ва барои ҳамлаҳои пайдарпайи ҳадафмандона ба Тоҷикистон равона созад.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

“Танҳо гоҳо барои фишор шояд аз онҳо истифода кунанд, вале дар умум Толибони маҳаллӣ дар Бадахшон манфиатдор нестанд, ки муносибаташон бо Тоҷикистон бад шавад. Чун баста шудани марзи Тоҷикистон ва бозорҳои марзӣ норозигии сокинони маҳаллиро ба бор меорад ва кумакҳои башардӯстона ҳам намерасанд. Фикр мекунам, ки Толибон барои дарозмуддат мехоҳад бо истифода аз “Ансоруллоҳ” бо Тоҷикистон бозӣ кунад,”—гуфт Неъмат Аҳмадӣ.

Гурӯҳи “Ансоруллоҳ” пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ, беш аз 20 сол боз дар Афғонистон ҳузур дорад. Дар ду соли ахир, баъди ба қудрат расидани Толибон бори дуюм аст, ки мақомоти тоҷик аз талоши тахрибкории ин гурӯҳ дар хоки Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Мақомоти тоҷик рӯзи 26-уми апрели соли ҷорӣ низ хабар дода буд, ки дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ду нафар аз афроди "Ҷамоати Ансоруллоҳ", ки аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон даромадаанд, "безарар карда шуданд". Он замон ба фарқ аз ҳодисаи рӯзи 5-уми сентябр мақомот шахсияти ду нафарро ошкор накарда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG