Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: Ҷангҷӯёни "Ансоруллоҳ" нақшаи ҳамла доштанд


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҷангҷӯёни "Ансоруллоҳ" нақша доштаанд, сарҳади Афғонистонро гузашта, дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари кишвар "як силсила ҳамлаҳои террористӣ" анҷом диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми сентябр дар нишасти ҳамкоронаш аз Осиёи Марказӣ дар Душанбе гуфт, тайи моҳҳои охир аз ду кӯшиши рахна кардани марз аз тарафи ҷангҷӯёни "Ансоруллоҳ" пешгирӣ шуд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки 5-уми сентябри имсол Зариф Бобоҷонов, Фарҳод Баҳодуров ва Аҳтам Қосимов, се узви гурӯҳи “Ансоруллоҳ”-ро дар наздикии деҳаи Кеврони Дарвоз куштанд.

Санҷиш ва тасдиқи ин хабар ба воситаи манобеи дигар мушкил аст, вале он дар расонаҳои ҷаҳонӣ баёнгари осебпазирии Тоҷикистон аз хатарҳое шуд, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 26-уми апрели имсол низ хабар дода буданд, ки дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ду узви "Ансоруллоҳ" "безарар карда шуд".

“Солҳои охир мо ба кӯшишҳои рахна кардани сарҳад ва убури ғайриқонунии он аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни террористӣ рӯ ба рӯ гардидаем,” – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Вай рӯзи панҷшанбе илова кард, ки “дар баробари ин мо афзоиши фаъолнокии гурӯҳҳои гуногуни террористиро дар Афғонистон мушоҳида менамоем.”

Гурӯҳи "Ансоруллоҳ", ки аз ҳисоби зодагони Тоҷикистон шакл гирифтааст, солҳо боз дар Афғонистон зери назари Толибон амал мекунад.

Гуруҳи “Толибон”, ки моҳи августи соли 2021 назорати Афғонистонро ба даст гирифт, идораи баъзе аз қитъаҳои марзро бо Тоҷикистон ба дасти ин гурӯҳ супурд.

Раҳбарони ҳукумати Толибон борҳо ваъда додаанд, ки аз хоки Афғонистон ҳеч хатаре ба кишварҳои ҳамсоя таҳдид нахоҳад кард. Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Русияву Амрико аз ҳузури ҷангҷӯён дар Афғонистон борҳо нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG