Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дидбонгоҳҳоро дар марз бо Афғонистон зиёд мекунад. ВИДЕО


Баъди дубора ба қудрат расидани Толибон, Тоҷикистон шумораи дидбонгоҳҳоро дар сарҳад бо Афғонистон бештар кардааст.

Мақомот мегӯянд, танҳо имсол дар марз бо Афғонистон даҳ дидбонгоҳ ё қароргоҳи нави марзбонон сохтаанд. Давлати Тоҷикистон аз вазъият дар Афғонистон, бахусус ҷамъшавии ифротиён дар шимоли ин кишвар нигарон аст.

Дидбонгоҳи сарҳадии “Гулдара” яке аз қароргоҳҳои нави марзбонон аст, ки дар ноҳияи марзии Шамсиддини Шоҳин ифтитоҳ шуд. Рӯбарӯи ин дидбонгоҳ - он сӯи дарёи Панҷ - вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шудааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тоҷикистон назорати марзро бо Афғонистон таҳким мебахшад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар нишасти хабарие гуфт, дар минтақаҳои марзии ин ноҳия имсол панҷ дидбонгоҳ бунёд шуда истодааст.

“Аз ин панҷ дидбонгоҳ се адади он пурра мавриди истифода қарор дода шуданд. Бо тамоми таҷҳизот ва бо тамоми сохти нави замонавӣ. Сарбозону афсарон имрӯз дар ин дидбонгоҳҳои замонавӣ адои хизмат доранд,”-афзуд раиси Зафар Гулзода.

Чанд сол мешавад, ки дар марзи Афғонистон сохти дидбонгоҳу қисмҳои ҳарбӣ ҷараён дорад. Як сол пеш марзбононро аз маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба қароргоҳи нави наздиктар ба марз, ба деҳаи Ёл кӯч дода шуданд.

Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, дидбонгоҳҳо бо кӯмакӣ “соҳибкорони саховатманд” сохта шудаанд. Аммо Зафар Гулзода аз касе мушаххасан ном набурд ва ҳамчунин маблағи харҷшударо нагуфт.

Танҳо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нест, ки дар он дидбонгоҳи марзӣ сохта мешавад. Аз ноҳияи Панҷ сар карда то ноҳияи Мурғоб бунёди дидбонгоҳҳои марзӣ ҷараён дорад.

Моҳи август, бо ҳузури маҷозӣ (онлайнӣ)-и президенти Тоҷикистон 10 дидбонгоҳи нав дар марз бо Афғонистон боз шуданд. Дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳам гуфтанд, ки бо бунёди ин дидбонгоҳҳо назорати марз бо Афғонистон тақвият дода мешавад.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад. Бо вуҷуди ваъдаҳои Толибон дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гуруҳҳои террористӣ, мақомоти тоҷики аз он тарафи марз нигаронӣ доранд. Дар як соли ахир мақомот аз чанд ҳодиса убури қочоқчиён ва террористон бо силоҳ ба Тоҷикистон хабар доданд. Аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 6-уми август аз кушта шудани се узви гуруҳи «Ансоруллоҳ» ва мусодираи аслиҳаи зиёд хабар дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG