Бен Кардин дар номае ба Эмомалӣ Раҳмон навишт, аз “муносибати бади ҳукумати ӯ нисбат ба мухолифон, фаъолони ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” сахт нигарон аст.
Номаро рӯзи 27-уми ноябри имсол ба Қасри Миллат, қароргоҳи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, фиристодаанд. Муҳтавои онро 6-уми декабр дар Сенат ва бо ҳузури намояндагони баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Freedom House, низ баррасӣ мекунанд.
Посухи ҳукумати Тоҷикистон ба нома маълум нест. Намояндагони ҳукумат дар гузашта нақзи ҳуқуқи одамон ва саркӯби рақибону дигарандешонро рад карда, ин афродро ба ҷиноят, аз ҷумла ифротгароӣ, гунаҳкор кардаанд.
Кардин гуфтааст, дар ҳоле ки Тоҷикистон мехоҳад аз ҳамкориҳои бештари байнулмилалӣ ва тиҷорату сармоягузориҳои хориҷӣ баҳра гирад, ҳукуматаш бояд тибқи ваъдаҳои супурдаи худ, аз ҷумла бар асоси Эъломияи ҳуқуқи башари Созмони Милал, амал кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Махсус ба Шумо муроҷиат мекунам, ки ба саркӯби давомдори мухолифон, рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, чи дар дохили Тоҷикистон ва чи дар беруни он, хотима диҳед,” – афзудааст ӯ.
Вай дар идома нигошта, ки дар бораи “ҳабси худсарона, шиканҷа, ҳамла ва ҳатто куштори рӯзноманигорону мухолифони сиёсӣ, пешвоёни динӣ ва ҷомеаи маданӣ” пайваста гузориш мерасад.
“Хусусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъқиби намояндагони камшумори этникиву динӣ, созмонҳо ва роҳбарони маҳаллии онҳо идома дорад,” – гуфтааст Бен Кардин.
Бино ба гузориши Департаменти давлатии Амрико дар бораи ҳуқуқи башар, ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2022 “бо таҳдид ва суистифода аз расмиёти додгоҳӣ” шахсони берун аз ватан, рақибони сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башару рӯзноманигоронро ҳадаф қарор додааст.
Созмони Freedom House ҳукумати Тоҷикистонро “яке аз омилони саркӯби фаромиллӣ дар ҷаҳон” донистааст. Ин созмон тахмин мезанад, ки танҳо дар соли 2022 ёздаҳ мухолифи сиёсиву мазҳабӣ аз Русия ба таври иҷборӣ ба Тоҷикистон баргардонда шуда, “бисёре аз онҳо бо иттиҳомҳои сохта” дар зиндон ҳастанд. Аксари ин мавридҳо пас аз ҳодисаҳои хунини моҳи май дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабт шудааст.
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2022 наздик ба сад нафар аз кишварҳои хориҷӣ ба Душанбе истирдод шуданд.
Юсуф Раҳмон моҳи марти имсол дар Маҷлиси Миллӣ гуфт, ки 18 нафари онҳо ба терроризму ифротгароӣ гумонзад буданд. Солҳои охир баъзе аз мухолифони сиёсиро дар Тоҷикистон бо бандҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ муҳокима ва зиндонӣ мекунанд.
Бен Кардин гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ҳамкориҳои афзояндаи худро бо Тоҷикистон таҳким бахшад ва афзудааст, ки риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар дарозмуддат ба фоидаи Тоҷикистон хоҳад буд.
"Аз шумо хоҳиш мекунам, ки саркӯби тазоҳургарони осоишта, пешвоёни ҷомеа, рӯзноманигорон ва фаъолон дар Тоҷикистон, инчунин, ҳама шаклҳои таъқиби фаромиллиро фавран хотима диҳед. Ба воситаи Интерпол маҷбуран ба ватан баргардондани дигарандешонро низ," – хулоса кардааст ӯ.