20-уми июн Рӯзи ҷаҳонии паноҳҷӯён аст. Рӯзи онҳое, ки аз бими озору азият ва даргирӣ кишвари худро тарк кардаанд. Барои Тоҷикистон, ки ҷанги дохилиро таҷриба кардааст, паноҳҷӯйӣ ҳанӯз мавзӯи рӯз аст. Ҳоло ҳам монанди 30 сол пеш садҳо шаҳрванди кишвар аз тарси пайгард хонаҳои худро тарк мекунанд.
ЗИНДАГӢ БЕ ОЯНДАИ РӮШАН
Мушкил дар худи паноҳҷӯён ҳам аст, ки раванди дархости паноҳандагиро намедонанд ва барои донистани он талош ҳам намекунанд...
Муизи 35-сола аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан як сол боз дар Австрия зиндагӣ мекунад ва дархости паноҳандагӣ додааст. Пеш аз он дар Русия мезист. Мегӯяд, баъди танқидаш аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон дар Бадахшон ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ кушоданд.
“Моҳи июни 2022 аз будани парвандаи ҷиноӣ хабар ёфтам. Ҳамроҳи чанд тани дигар Русияро тарк кардам. Мо ба Туркия рафта, вориди хоки Молдава шудем. Аз онҷо ба Украина рафта, чанд моҳ мондем. Ин ба марҳилаи фаъоли ҷанг дар он кишвар рост омад. Баъдан муваффақ шудам худро ба Аврупо расонам. Дар умум ним сол вақт гирифт ва душвортарин марҳилаи зиндагиам буд”, - мегӯяд Муиз.
Чанд моҳ қабл ӯро аз урдугоҳи паноҷӯён ба хонаи махсус интиқол доданд, ки он ҷо ҳар ҳафта ғизои ройгон ва ҳар моҳ 320 евро мегирад. “Шароит комилан хуб аст. Ба чизе ниёз надорам, аммо аз нигоҳи равонӣ таҷриба кардани ин душвор аст, хусусан замоне ки аз хонаводаат дурӣ ва намедонӣ туро чӣ ояндае интизор аст,” – афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
ОМОР БЕШТАР МЕШАВАД
Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бештар аз даҳ сол аст, ки макони паноҳҷӯён аз Тоҷикистон мебошад. Соли охир теъдоди паноҳҷӯён аз ҳисоби зодагони ВМКБ афзоиш ёфтааст. Пас аз саркӯб кардани эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 ва июни соли 2022 садҳо зодаи ин минтақа аз роҳҳои гуногун худро ба Аврупо расонданд.
Тибқи омори “Евростат” соли 2022 теъдоди дархостои паноҳандагӣ аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба 1380 расид. Дар миёни кишварҳои ин иттиҳод Олмон бо 950 дархост дар мақоми аввал аст. Пас аз он Лаҳистон бо 95 дархост, Австрия 65 дархост, Шветсия, Ҳолланд ва ғайра аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони паноҳгоҳ интихоб кардаанд.
Бар асоси ин омор бештарин теъдоди дархости паноҳандагӣ аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2016 (як соли пас аз мамнуъ эълон шудани ҲНИТ) буда, ки ба 3090 дархост расидааст.
Бо вуҷуди ин, дархости аксарияти мутлақи паноҳҷӯён рад мешавад ва барои даҳсолаҳо барои ҳаққи иқомат дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз мақомот додхоҳӣ мекунанд. Бархе ҳудуди Иттиҳодро тарк мекунанд ва баъзеҳоро иҷборӣ ба кишварҳояшон интиқол медиҳанд.
ОГОҲИИ КАМИ КИШВАРҲО
Лайло Нозгул Сейитбек, вакили мудофеъ ва раиси созмони ғайридавлатии “Озодӣ барои АвруОсиё”, ки барои паноҳҷӯён мадад мекунад, гуфт, кишварҳои аврупоӣ аз вазъи Тоҷикистон огоҳии кам доранд ва нақзи пайвастаи ҳуқуқи инсон ва миқёси онро намедонанд.
“Мушкил дар худи паноҳҷӯён ҳам аст, ки раванди дархости паноҳандагиро намедонанд ва барои донистани он талош ҳам намекунанд... шавоҳиди худро ба гунаи лозим ҷамъоварӣ намекунанд, ки ин ба таҳсилдида набудани онҳо рабт дорад. Албатта, ба вуҷуд надоштани кумаки ройгон ба паноҳҷӯён ҳам вобаста аст,” -- мегӯяд Сейитбек.
Ба гуфтаи ин фаъоли ҳуқуқи башар, комёбӣ дар гирифтани ҷавоби мусбат то ҳадде ба бардоши масъуле бастагӣ дорад, ки мустақим тасмим мегирад. Бар хилофи шаҳрвандни Украина, ки вазъияти онҷо барои аврупоиён маълум аст, масъалаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври маъмулӣ дар назар гирифта мешавад.
ДАРХОСТИ КӢ РАД ВА АЗ КӢ ҚАБУЛ МЕШАВАД?
Вакили мудофеъ Йоҳанес Нойперт, ки бо парвандаҳои паноҳҷӯёни тоҷик сару кор дорад, гуфт, тӯли ду соли охир тақрибан 15 дарсади паноҳҷӯёни ин кишвар ба унвони паноҳанда таъйид шуданд. “Дар доираи раванди паноҳандагӣ ҳаққи шахсӣ баррасӣ мешавад, ки оё ӯ воқеан дар Тоҷикистон таҳти пайгард аст ё не. Асосан вазъияти фардии дархосткунанда дар назар гирифта мешавад на тасвири куллии кишвар. Дархосткунанда имкон дорад дар рафти мурофиа дар бораи мушкили худ ҳарф занад. Аммо, мутаассифона, сарнавишти фардии дархосткунанда на ҳамеша барои ниҳоде, ки аризаи паноҳҷӯиро дар Олмон баррасӣ мекунад, рӯшан аст. Дар ин ҳолатҳо метавонем ба додгоҳ муроҷиат кунем,” -- мегӯяд Нойперт. Ба гуфтаи вай, дар давраи баррасии ариза ва ҳамчунин раванди додгоҳ иқомат дар Олмон қонунӣ маҳсуб мешавад.
"Пас аз охирин ҷавоби рад дигар иқомат дар кишвари мизбон ғайриқонунӣ аст. Дар чунин ҳолат, мақомоти Олмон аз дархосткунанда мехоҳанд, ки бо ихтиёри худ кишварро тарк кунад. Дар сурати тарк накардан, мақомот ҳақ доранд шахсро ихроҷ кунанд. Дар амал ихроҷ кардан як раванди печида ва тӯлонӣ аст. Яъне, наметавонанд фаврӣ ихроҷ кунанд. Аммо, зиндагии ғайриқонунӣ дар Олмон осон нест,” -- таъкид кард мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Расонаҳо пайваста баёнияҳои паноҳҷӯёни тоҷикро нашр мекунанд, ки таҳдид ба ихроҷ ба ватан шудаанд. Ҷойе, ки ҷонашон дар хатар аст.
Соли 2020 Ҳизбулло Шовализода, фаъоли сиёсӣ аз Австрия ва дар оғози соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, як фаъоли мухолифон аз Олмон ронда шуданд. Онҳо ҳангоми расидан ба Тоҷикистон боздошт ва барои солҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Мустафо Ҳаётов, фаъоли “Гуруҳи 24”-ро соли 2019 аз Лаҳистон ронданд. Дар рӯзҳои аввали расиданаш ба Тоҷикистон дар наворе иддао карда буд, ки дар озодист, вале сарнавишти баъдияш маълум нест.
Гуфтугӯ