Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати амрикоӣ хатари шиканҷаро дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон "бисёр ҷиддӣ" гуфт


Яке аз боздоштгоҳҳо дар Душанбе
Яке аз боздоштгоҳҳо дар Душанбе

Як намояндаи ИМА гуфтааст, кишварҳое, ки аризаҳои паноҳандагии мунаққидони ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт мекунанд, бояд дар назар дошта бошанд, ки ин афрод дар ватани худ бо хатари шиканҷаву бадрафторӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Ин нуктаро Майкл Козак, сафири Амрико дар САҲА 9-уми октябр дар ҷаласаи Арзёбиҳои инсонии ин созмон дар Варшава баён кард. Баъди соли 2015 даҳҳо нафар аз Тоҷикистон фирор карда, аз кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагӣ карданд.

Майкл Козак
Майкл Козак

Майкл Козак дар конфронси бахшида ба мавзӯи "Ҳокимияти қонун" хатари бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистонро "бисёр ҷиддӣ" номидааст.

Ӯ гуфт: "Дар Тоҷикистон низоми додгустарӣ (судӣ) мустақил нест. Дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳо, аз ҷумла, дар бораи ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров гузоришҳо мерасад. Кишварҳое, ки аризаҳои фаъолони тоҷикро барои паноҳҷӯӣ баррасӣ мекунанд, бояд хатари бадрафторӣ нисбати онҳоро дар сурати ихроҷ ба ватан ба инобат гиранд."

Дар матни суханронии намояндаи Амрико, ки вебсайти САҲА нашр кард, ҳамчунин омадааст, Майкл Козак аз кишварҳои узви САҲА хост, вақти баррасии "аризаҳои паноҳҷӯёни фаъолони тоҷик ва аъзои созмонҳои мавриди ҳадафи мақомоти Тоҷикистон, мисли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон... хатари ҳабсу шиканҷа ё бадарфтории онҳоро дар боздошт ба инобат бигиранд".

Мақомот дар Тоҷикистон бисёр вақт интиқод аз шиканҷаро дар боздоштгоҳҳо нодида мегиранд ва ё аз санҷишу ба ҷавобгарӣ кашидани масъулон худдорӣ мекунанд.

Дар тахминан даҳ соли ахир ва баъди мамнӯъ эълон шудани созмонҳои мухолифе мисли ҲНИТ ва "Гуруҳи 24" дар Тоҷикистон, даҳҳо аъзову фаъолони мухолифон ва мунаққидони ҳукумат ба хориҷа, бахусус ба Аврупо паноҳ бурданд. Соли охир теъдоди паноҳҷӯён аз ҳисоби зодагони ВМКБ афзоиш ёфт. Пас аз саркӯб кардани эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 ва майи соли 2022 садҳо зодаи ин минтақа аз роҳҳои гуногун худро ба Аврупо расонданд.

Паноҳҷӯён дар яке аз гузаргоҳҳои марзии Белорус
Паноҳҷӯён дар яке аз гузаргоҳҳои марзии Белорус

Тибқи омори "Евростат" соли 2022 шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо 1380 дархости паноҳандагӣ кардаанд. Дар миёни кишварҳои ин иттиҳод Олмон бо 950 дархост дар мақоми аввал аст. Пас аз он Лаҳистон бо 95 дархост, Австрия 65 дархост, Шветсия, Ҳолланд ва ғайра аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони паноҳгоҳ интихоб кардаанд.

Бар асоси ин омор бештарин теъдоди дархости паноҳандагӣ аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2016 (як соли пас аз мамнуъ эълон шудани ҲНИТ) буда, ки ба 3090 дархост расидааст

Бо вуҷуди инки, дархости аксарияти паноҳҷӯён рад мешавад, онҳо барои даҳсолаҳо барои ҳаққи иқомат дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз мақомот додхоҳӣ мекунанд. Бархе ҳудуди Иттиҳодро тарк мекунанд ва баъзеҳоро иҷборӣ ба кишварҳояшон интиқол медиҳанд.

Дар як соли ахир чанд нафар аз мунтақидони ҳукумат аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддин, Ҳизбуллоҳ Шовализода ва Сорбон Абдураҳимзода аз Аврупо ба Тоҷикистон ихроҷ шуданд. Абдуллоҳи Шамсиддин 7 ва Ҳизбуллоҳ Шовализода 20 сол зиндонӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG