Сабти рамз, ки қаблан ройгон буд, акнун пулакӣ шудааст. Арзиши сабти IMEI 50 сомонӣ аст, аммо бо изофаи пардохтҳои дигари гумрукӣ, аз ин бештар мешавад.
Cокинон шикоят доранд, ки ҳудуди 15-20 дарсади пуле, ки телефонро харидаанд, барои сабти IMEI ва расмикунонии гумрукии он харҷ мешавад.
Мақомот мегӯяд, барои соҳибони телефонҳо фурсат дода шуда буд, ки тариқи ройгон рамзи дастгоҳҳои худро сабт намоянд.
Ба иттилои масъулон, телефонҳои наве, ки мавриди хариду истифода қарор мегиранд, дар сурати сабт нашудани IMEI-и ё аз расмиёти гумрукӣ нагузаштан, баъди 30 рӯз аз сӯи ширкати “Нет Солюшенс” хомӯш мешавад.
IMEI– индентификатори байналмилалии таҷҳизоти мобилӣ буда, аз 15 рақам ё рамз иборат аст, ки маъмулан дар пушти телефон, дар зери батарея ё дар менюи танзимоти телефон пайдо мешавад.
"Талаби маблағ барои IMEI зарба ба ҷайби мардум аст"
Намояндагони Хадамоти алоқа ҳадаф аз сабти рамзро таъмини амният ва пешгирӣ аз қочоқи телефону планшетҳо гуфтаанд. Ба назари баъзе коршиносон ин амал як роҳи нави пулкоркунӣ аст.
Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин, рӯзи 23-юми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои IMEI-и телефон, ки бидуни маблағ, ба таври автоматӣ сабт мешуд, талаб намудани маблағ, зарбае ба ҷайби мардум аст.
“Гап сари он аст, ки ба таври автоматӣ сабти ном шудани ин чиз аллакай худаш ба роҳ монда шудагӣ буд. Ҳозир яке аз роҳҳои маблағ ҷамъ кардан аз мардум шуда истодааст, чунки тавре мебинем, бо хабарҳои гуногун, аз 10 то 15 фоизи нархи худи телефон ва таҷҳизотро мегиранд, ҳол он ки телефони 10 ҳазор сомона ҳам ҳамон IMEI дораду телефоне, ки 300-500 сомонӣ мегиред, ҳамон IMEI дорад. Яъне чанд ҷойи сим-карта дошта бошад, ҳамон қадар IMEI дорад. Агар хоҳанд, метавонанд онро ба таври автоматӣ сабти ном кунанд”-афзуд, ӯ.
Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мавзӯро шарҳ надоданд. Рӯзи 23 ноябр дар ин ниҳод барои шарҳи мавзӯъ аз қабл пешниҳоди саволҳоро талаб намуданд.
Аз ширкати “Нет Солюшенс” гуфтанд, то якуми октябри имсол ҳама рамзҳои IMEI-и телефони сокинон ба таври автоматӣ сабт шудаанд.
Мақомот дар баробари сабти IMEI, масъалаи қонунӣ гардонидани телефонҳои қочоқиро низ ба миён гузоштааст. Ҳаҷми маблағи ин амал бештар боиси нигаронии сокинон шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, сокинон ҳангоми ворид намудани телефон аз хориҷи кишвар метавонанд тариқи ройгон дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ онро аз расмиёти гумрукӣ гузаронаду рамзи IMEI-ро сабт кунанд.
Дар акси ҳол дастгоҳ қочоқӣ ҳисобида шуда, барои расмикунонии он ӯҳдадориҳое, аз ҷумла пардохти андоз аз арзиши иловашуда, пардохти маблағи рамз барои расмикунонии телефон пеш меояд, ки онро аз тариқи махзани ягонаи электронӣ “imei.tj” анҷом додан мумкин аст.
Дар махзан вобаста ба қимати телефон 15 дарсад андоз аз арзиши иловашуда, 10 доллар пардохти гумрукӣ ва 50 сомонӣ пардохти пули сабти IMEI пешбинӣ шудааст.
Баъзе аз сокинон гуфтанд, пас аз харидани таҷҳизоти нав огоҳӣ (тавассути бонки "Душанбе Сити") гирифтанд, ки бояд боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашударо супоранд. Ин, ба ҳисоби миёна, 15-20 дарсади нархи телефонро ташкил медиҳад.
Пардохти сабти IMEI ва расмиёти дигар вазифаи тоҷир аст ё харидор?
Анна Хохин, сокини шаҳри Душанбе, нақл кард, ки ба наздикӣ телефон харид, аммо зуд ба фурӯшанда баргардонид: "Телефонро ба 3570 сомонӣ аз Фурӯшгоҳи Марказии Душанбе гирифтам. Пас аз чанд рӯз дар бораи пардохти боҷи гумрукӣ паёмак расид. Маблағи изофӣ надоштам, маҷбур телефонро пас додам."
Мусоҳиби мо аз он нигарон аст, ки масъулияти сабти IMEI ва харҷи он на бар дӯши фурӯшандаҳо, балки бар ӯҳдаи харидорон бор шудааст.
Дар Низоми давлатии сабти дастгоҳҳои мобилӣ гуфтанд, ки қайди IMEI ва аз расмиёти гумрукӣ гузаронидани телефонҳо ҳангоми ворид намудан вазифаи тоҷирон аст ва харидорон барои ин метавонанд пофишорӣ кунанд "Агар IMEI-и телефон дар Системаи ягонаи давлатӣ қайд нашудааст, харидор бояд дастгоҳро баргардонад. Тоҷир барои сабти рамз масъул аст," – таъкид карданд, дар ин идора.
На ҳама сокинон дар бораи чӣ будани IMEI ва шеваи сабти он маълумот доранд. Баъзеҳо бар ин нананд, ки ин кор набояд аз роҳи маҷбурӣ ё хомуш намудани телефонҳо сурат гирад.
Билол Назаров, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, маҷбур кардани мардум ё хомуш кардани телефонҳо роҳи дурусти масъала нест: “Маҷбурӣ ягон корро кардан даркор нест. Инро дуруст пешниҳод кардан лозим, ки чӣ аҳамият дорад. Масалан, агар телефонатро гум кардед, мо онро пайдо мекунем. Ё ин ки сифати алоқаи мобилиро ин метавонад беҳтар кунад. Дар ин сурат мардум худаш ҳавасманд мешавад, ки сабти ном кунанд»
Ҳукумати Тоҷикистон қарори сабти рақами IMEI-и ҳама гуна телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳоро моҳи марти соли 2020 содир карда буд. Сабти он дар Тоҷикистон тобистони имсол ҳатмӣ шуд.
Мақомоти Тоҷикистон аз соҳибони телефонҳои мобилӣ даъват намуда буданд, ки ҳар чи зудтар IMEI-и телефонҳои мобилии худро сабт намоянд, то мушкилиҳои дигар пеш наояд.
Тибқи хабари мақомот, дар кишвар ҳудуди ду миллион рамзи фаъоли IMEI мавҷуд аст, вале ин шумораи умумии дастгоҳҳо нест, зеро яке аз онҳо метавонад ду ва зиёда рамз дошта бошад.