Бо чунин мазмун аз шоми 27-уми апрел то ҳол ба телефони чандин нафар муштариёни ширкатҳои мобилӣ низ паём расидааст. Ҳарчанд дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳадафи ин тасмимро ҷилавгирӣ аз қочоқи телефон ва таъмини бехатарӣ арзёбӣ мекунанд, вале коршиносн чизи дигар мегӯянд.
Мақомот қаблан аз ифшои номи ширкате, ки чунин хидматрасониро анҷом медиҳад, худдорӣ мекарданд. Рӯзи 28-уми апрел масъулони Хадамоти алоқа гуфтанд, дар ин самт ширкати “Нет Солюшнз” хидматрасонӣ мекардааст. Вале на мақомот ва на намояндагони ширкат ҳозир нашуданд шарҳ диҳанд, ки ин чӣ гуна ширкат аст ва соҳибаш кист.
Дар смс-паёмаке, ки аз номи сомонаи imei.tj ба телефони муштариён омадааст, аз онҳо дархост шудааст, ки то 30-юми апрел IMEI ё рақами байналмилалии дастгоҳи мобилии худро расман сабт намоянд. Бар асоси ин огоҳинома, сокинон феълан метавонанд ройгон чунин амалро анҷом диҳанд. Баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ доранд, ки чунин иқдом барояшон норушан аст.
Ҳадафҳои дигар?
Ҳарчанд мақомот ин иқдомро ба таъмини амният рабт медиҳанд, вале бархе коршиносон бар ин назаранд, ки чунин амал дар баробари назорат болои сокинон, ҳадафҳои дигар низ дорад. Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин, рӯзи 28-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шояд барои дарёфти телефонҳои гумшуда сабти IMEI-и телефонҳои мобилӣ кӯмак расонад, вале бе ҳамин ҳам дар системаи операторони мобилӣ чунин рақам нишондода мешуд.
“Аммо то чӣ андоза ҳамин чиз зарур аст як саволи кушод мемонад. Якуми ин ки ин то якуми апрел мувофиқи дастурҳо ройгон аст, аммо пас аз он чӣ мешавад? Агар ин хизматрасонӣ пулакӣ шавад, ин тамоман як чизи зиёдатӣ аст, ки ба ҷайби сокинон таъсир мерасонад. Аз ин нуктаи назар шояд мақсади асосӣ боз ҳам ҷамъоварии маблағ аз шаҳрвандон, аз истифодабарандагони алоқаи мобилӣ аст. Чун ки бо оморҳои гуногун, агар ки тахминан се миллион нафар ё аз ин ҳам зиёдтар рақами телефон бошаду ҳамин қадар таҷҳизот бошад, ҳатто агар як сомонӣ ҳаққи хидматрасонӣ ҷорӣ шавад, се миллион сомонӣ мешавад. Мақсади асосӣ, ба назари ман, ҷамъоварии маблағ аст”-афзуд ӯ.
Ҳукумати Тоҷикистон қарори сабти рақами IMEI-и ҳама гуна телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳоро моҳи марти соли 2020 содир карда буд. Масъулони Хадамоти алоқа эҳтимоли пулакӣ шудани хидматрасониро дар ин самт тасдиқ намуда, таъкид мекунанд, ки ҳадаф пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунист.
Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, мақсад аз ин “пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ, истифода таҷҳизотест, ки сифаташ паст аст. Дуюм: аз қочоқи ворид намудани таҷҳизоти ниҳоӣ, телефонҳои мобилӣ, воситаҳои радиоэлектронӣ, ки барои истифода бо симкарт ба роҳ монда мешавад, пешгирӣ карда мешавад”.
Шиносномаи телефон
IMEI- “International Mobile Equipment Identifier” – индентификатори байналмилалии таҷҳизоти мобилӣ буда, аз 15 рақам ё рамз иборат аст, ки маъмулан дар пушти телефон, дар зери батарея ё дар менюи танзимоти телефон пайдо мешавад. Агар дар телефони мобилӣ *#06# -ро интихоб намуда, занг занед, рақами IMEI дар экран нишон дода мешавад. Муҳим аст, ки рақами IMEI-и худро бехатар нигоҳ доред ва онро бо шахсони дигар беиҷозат мубодила накунед, зеро он метавонад барои пайгирии макони телефони шумо ва назорати фаъолияти шумо истифода шавад. Тариқи он амалкарди ҳар нафарро дар интернет низ имкон дорад пайгирӣ кард. Ҳоло ки сабти IMEI ройгон пешбини шудааст, бо рақамчинии фармоишӣ *З366# IMEI- и телефони мобилии шумо бақайд гирифта мешавад.
Ду сол пеш, дар паи расонаӣ шудани ин қарор, баъзе аз коршиносон гуфта буданд, ки сабти рақами IMEI дар кишвар паёмадҳои духӯра дорад. Аз як ҷониб ҷустуҷӯ ва пайдо кардани телефонҳои дуздиро осон мекунад, аз ҷониби дигар сабти рақами IMEI телефонҳое, ки айни ҳол дар дасти мардум аст, кори саҳл нест ва маъракаи пурхарҷ хоҳад шуд. Дар сурати худдории сокинон аз сабти номи IMEI-и телефонҳои худ ё ҳар гуна таъхиркорӣ маълум нест, мақомот аз чӣ чораҳо кор мегирад, вале анҷоми чунин амал ҳатмӣ гуфта мешавад.
Гуфтугӯ