Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сабти IMEI нархи телефонҳоро дар Тоҷикистон боло бурдааст"


Фирӯз Қосимзода, таҷрибаомӯз

Сабти ҳатмии IMEI (индентификатори байнулмилалии таҷҳизоти мобилӣ) дар Тоҷикистон арзиши телефону планшетҳоро "боло" бурдааст.

Баъзе аз сокинон гуфтанд, пас аз харидани таҷҳизоти нав огоҳӣ (тавассути бонки "Душанбе Сити") гирифтанд, ки бояд боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашударо супоранд. Ин, ба ҳисоби миёна, 15-20 дарсади нархи телефонро ташкил медиҳад.

Анна Хохин, сокини шаҳри Душанбе, нақл кард, ки ба наздикӣ телефон харид, аммо зуд ба фурӯшанда баргардонд: "Телефонро ба 3570 сомонӣ аз Фурӯшгоҳи Марказии Душанбе гирифтам. Пас аз чанд рӯз дар бораи пардохти боҷи гумрукӣ паёмак расид. Маблағи изофӣ надоштам, маҷбур телефонро пас додам."

Мусоҳиби мо аз он нигарон аст, ки масъулияти сабти IMEI ва харҷи он на ба дӯши фурӯшандаҳо, балки гардани харидорон бор шудааст. Дар ин маврид мақомот назари яксон надоранд.

Дар Низоми давлатии сабти дастгоҳҳои мобилӣ гуфтанд, ки қайди IMEI вазифаи фурӯшандагон аст. "Агар IMEI-и телефон дар Системаи ягонаи давлатӣ қайд нашудааст, харидор бояд дастгоҳро баргардонад. Тоҷир барои сабти рамз масъул аст," – таъкид карданд дар ин идора.

Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон бовар доранд, ки фурӯшанда барои ба расмият даровардани телефон пурра вазифадор нест. Хуршед Каримзода, раиси Хадамот, чанде пеш гуфт, "ҳар кас метавонад телефон ворид кунад, вале пеш аз истифода онро бояд сабтином кунанд. Муҳим нест, инро шаҳрванд ба анҷом мерасонад ё фурӯшанда."

"Телефонро бе сабти рамз мефурӯшем. Агар ин корро кунем, арзиши телефон боло меравад ва мардум эътироз мекунанд. Ба муштариён мефаҳмонем, ки ё боҷи гумрукиро худашон супоранд ё ин корро мо сомон диҳему телефонро андаке гаронтар бихаранд," – гуфт як тоҷири телефон. Мусоҳиби мо нахост, ки номашро нависем.

Сабти IMEI дар Тоҷикистон тобистони имсол ҳатмӣ шуд. То ин дам ихтиёрӣ буд. Мақомот иқдомро ба таъмини амният ва пешгирӣ бо қочоқи телефону планшетҳо пайванд доданд. Баъзе аз мутахассисон мегӯянд, ин иқдом барои ёфтани дастгоҳҳои гумшуда ё рабудашуда мадад хоҳад кард.

"Агар дастгоҳи мобилӣ сабти IMEI-ро нагузарад, баъд аз муҳлати таъиншуда имкони истифодаи симкорт аз байн меравад. Соҳиби телефон наметавонад аз хадамоти ширкатҳои мобилӣ истифода барад," – гуфтанд дар Низоми давлатии сабти дастгоҳҳои мобилӣ. Ширкатҳои мобилӣ телефонҳоеро, ки пас аз як моҳи истифода сабти IMEI надоранд, бояд банданд.

Ба иттилои Хадамоти гумрук, соли 2022 ба Тоҷикистон беш аз 64 ҳазор дастгоҳи мобилӣ оварда шудааст, дар ҳоле ки солона ба тақрибан ним миллион дастгоҳ эҳтиёҷ аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи хабари мақомот, дар кишвар ҳудуди ду миллион рамзи фаъоли IMEI мавҷуд аст, вале ин шумораи умумии дастгоҳҳо нест, зеро яке аз онҳо метавонад ду ва зиёда рамз дошта бошад.

Илова: Тибқи қарори ҳукумат, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барои ниёзҳои шахсӣ метавонад (бар асоси имтиёз) бе пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт ба арзиши на бештар аз ду ҳазор доллар аз хориҷа мол биорад. Муқаррарот ба дастгоҳҳои мобилӣ низ дахл дорад. Агар телефони ҳушманд барои эҳтиёҷи шахсӣ аст, дар нуқтаи гумрукӣ эъломияи T-6 ва дар сомонаи imei.tj бахши Тартиби боимтиёз пур карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки IMEI-и дастгоҳи мобилӣ бепул ворид гардад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG