Муҳоҷири тоҷике, ки "граната"-ро аз дасти марди рус гирифт, кист? ВИДЕО

Муродалӣ Қувватов, муҳоҷири тоҷик грантаро аз дасти марди рус гирифт.

Номи Муродалӣ Қувватов, муҳоҷири тоҷик, ки монеъи ворид шудани марди рус бо гараната ба масҷиде дар минтақаи Любертсии вилояти Маскав шуда буд, сархати расонаҳо шуд.

Рӯзи 10-уми ноябр дар вақти намози ҷумъа марде дар даст граната вориди масҷид шуд ва таҳдид кард, ки онро метарконад.

Хабарнигори “Мигрант медиа”-и Радиои Озодӣ ин шахсро пайдо ва бо ӯ суҳбат кард.

Муродалӣ Қувватов, муҳоҷири тоҷик мегӯяд, вақте ин мард гуфт, “мусулмонҳоро чашми дидан надорад” ва гранатаро барои таркондан мехост омода кунад, ӯ давида наздаш рафту дастонашро дошт.

Ӯ гуфт, он рӯз бовар дошт, ки агар норинҷак таркад, ӯ ва марди ҳамлагар кушта хоҳанд шуд. Марде, ки граната дар даст ба масҷид ворид шуд, шаҳрванди Русия, Алексей Бинявский будааст.

Видеои пурраро инҷо бинед:

Ба масҷид даромадани ин мард намозгузоронро он рӯз ба ваҳшат оварда, сабаби вайрон шудани намози ҷумъа гашт.

Воқеа дар наздикии Котелникии вилояти Маскав рух дод, ки муддатест, масҷиди он ба як макони ҷанҷолӣ ва мояи эътирози аҳолии маҳаллӣ табдил ёфтааст.

Муродалӣ мегӯяд, Алексей Бинявский фарёд зад, ки ҳамаро метарконад ва намозгузорон бархоста, аз назди вай ба дуртар гурехтанд. Муродалӣ замоне бо мард кашмакаш кард, ки вай сими нигоҳдорандаи норинҷакро кашида буд.

“Тарафаш рафтам, ҳамон замон, аллакай дар фикрам набуд, ки ман се кӯдак дорам. Ман ягон каси дигарро фикр накардам, падару модарамро фикр накардам. Ман фикри ин бародарони узбеку тоҷикро кардам. Берун аз масҷид боз кадом мактаб буд, чизи дигар буд. Фикри он кӯдаконро кардам. Ин қадар бародари тоҷик, ин қадар бародари узбек, ин қадар бародари қирғиз дар ин дарун намоз мехонданд. Ман фикри онҳоро кардам, ки кӯдакони онҳо пагоҳ бе падар намонанд, азоб накашанд. Ман фикри оилаи худамро накардам. Ман фикри ҳамонҳоро кардам, рафтаму дар дасти он одам гранатаро қапидам ва ҳамроҳаш берун баромадам. Хостам аз дасташ бигирам, то дигарон зарар набинанд,”—гуфт Муродалӣ Қувватов.

Дар ин масҷид, ки дар майдони Дзержинскии вилояти Маскав ҷойгир аст, рӯзҳои ҷумъа қариб 300 нафар намозгузорон, асосан муҳоҷирон барои намозхонӣ ҷамъ мешаванд. Онҳо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Русия ҳастанд.

Он рӯз Муродалӣ тавонист, Бинявскийро тела дода ба беруни масҷид барорад.

Кашокашаш бо ӯ дар ҳавлии масҷид рӯй дод. Ӯ гуфт: “Ман хостам гранатаро аз дасти ӯ бигирам, бачаҳое буданд, ки мегуфтанд, аз дасташ бигир, хушрӯ бигир, накафад, эҳтиёт кун. Бародарҳо дар барам истодагӣ буданд. Якеаш гуфт, ки бикаш, бигир ҳамон чизро аз дасташ. Аз як бобат тарсидам, ки мекафад.”

Муродалӣ Қувватов аз соли 2015 дар Русия муҳоҷир аст ва бо аҳли оилааш ин ҷо зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд, чӣ будани норинҷаки дастиро медонад, чун дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ кардааст.

Мақомот ва расонаҳои Русия дертар гуфтанд, Алексей Бинявскийро дастгир кардаанд. Онҳо эълом доштанд, ки граната аслан бозича ё ороишӣ будааст. Вале Муродалӣ мегӯяд, кормандони пулис вақте ба ҷойи воқеа расиданд, аз норинҷак тарсиданд ва наздик намешуданд.

Пулиси Русия гранатаро бозича эълон кард, вале тафтиши дурустии ин хабар номумкин аст. Ба ҷуз ин, Алексей Бинявскийи 45-сола як бемори рӯҳӣ номида шуд, ки санҷидани мустақилонаи ин низ имкон надорад. Инчунин гуфта шуд, ки ӯ сархуш буд.

Муродалӣ Қувватов шод аст, ки боз фарзандонашро мебинад ва мехоҳад фаромуш кунад, ки мумкин буд онҳо дигар ӯро набинанд ва ба сару китфу гарданаш набароянд ва дидору шодмонӣ накунанд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо пайваста аз таҳқир шуданашон аз ҷониби пулис ва аҳолии маҳаллӣ шикоят мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ сатҳи миллатбадбинӣ ва бадбинии мусулмонҳо дар Русияро баланд медонанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Пурсиш аз муҳоҷирон: Имсол шароити кор дар Русия чигуна буд? ВИДЕОФишори бесобиқа ба муҳоҷирони тоҷик. Русия гуфт, 15 ҳазор нафарро ихроҷ кардааст. ВИДЕОФишор ё "пешниҳоди популистӣ"? Вокунишҳо ба як тарҳи вобаста ба муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО"Дар Тоҷикистон кор нест." Муҳокимаи садҳо муҳоҷир дар Қазоқистон. ВИДЕОДаъвати “қишрҳои осебпазир" ба артиши Русия. Чаро ин тасмим барои муҳоҷирон хабари бад аст? ВИДЕО"Муҳоҷирони бе пушту паноҳ". Чаро Тоҷикистон тавони муҳофизати шаҳрвандони худро надорад?"Розием, ки аз ҳисоби худ "депорт" шавем." Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз Екатеринбург