Бо фаро расидани сардиҳо акнун муҳоҷирони тоҷик ба ватан бармегарданд. Дар як соли ахир муҳоҷирони тоҷик дар Русия чӣ ҳол доштанд? Шароити корашон чихел буд ва даромадашон кам шуд ё бештар? Муносибати кормандони пулиси Русия бо онҳо чигуна буд? Хабарнигорони Радиои Озодӣ ин суолро бо муҳоҷирони баргашта ва наздикони онҳо дар миён гузоштанд. Баъзе посухҳои муҳоҷиронро инҷо хонед:
- мо дар шаҳри Уфа будем, кор нағз буд. Назар ба соли гузашта маблағи бештар кор кардем, аммо аз ҳисоби паст шудани қурб “ду понздаҳ як си” шуд
- ҳуҷҷатҳои ман сад фоиз дуруст буд, аммо маро боздошт карда, маҷбур карданд, ки барои ба ҷанги Украина рафтан розигӣ диҳам. Розӣ нашудам ва маро 17 рӯз боздошт карда, шиканҷа доданд. Қабул накардам ва баъд маро барои панҷ сол аз Русия ихроҷ (депорт) карданд
- муҳоҷират муҳоҷират аст, танқисиаш ҳам ҳаст, роҳаташ ҳам ҳаст
- қурби пули русӣ арзон шуд. Баъд имсол дар ҳар қадам пулис нигоҳ дошта, ҳуҷҷатҳоятро тафтиш мекунад ва дуруст ҳам бошад, боздошт мекунанд
- солҳои пеш хубтар буд, имсол корашон камтар шуд
- рӯз ба рӯз вазнин шуда истодааст. Солҳои пеш нархи патент ва хӯрока арзон буд. Ҳозиран нархи ҳамаи чиз боло рафтааст
Гуфтугӯ