Грегори Лоҷерфо, муовини аввали ҳамоҳангсози Бюрои мубориза бо терроризм дар Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, кишвараш дар мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар марз бо Афғонистон, ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.
Оқои Лоҷерфо охири ҳафтаи гузашта дар як суҳбати ихтисосӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, гуруҳи «Ансоруллоҳ»-ро барои Тоҷикистон «хатари воқеӣ» меҳисобад. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ин мақомдори амрикоӣ дар бораи ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон, вазъи феълии Афғонистон, ваъдаи Толибон ва ҷанг дар Навори Ғазза пурсид.
Грегори Лоҷерфо: Бисёр хушҳолам, ки дар инҷо дар шаҳри дӯстоштании Душанбе ҳастам. Ин аввалин сафари ман ба Тоҷикистон аст ва умедворам, ки боз ба инҷо меоям. Ман бо ҳайате аз Амрико дар инҷо ҳастам, то бо мақомоти Тоҷикистон суҳбат кунам ва инро баррасӣ кунем, ки дар бахши амният чигуна метавонем ҳамкориҳои самаранок дошта бошем.
Видеои суҳбатро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Дар вохӯрӣ бо мақомоти Тоҷикистон онҳо аз кадом нигарониҳои худ дар мавзӯи терроризм ба шумо гуфтанд?
Грегори Лоҷерфо: Дар рафти вохӯрӣ бо намояндагони Тоҷикистон мо дар бораи хатарҳои терроризм ва дигар хатарҳое, ки ҳам ба ИМА ва ҳам ба Тоҷикистон таҳдид мекунад, суҳбат кардем. Инчунин дар бораи дастгирии ИМА оиди соҳибихтиёрии Тоҷикистон суҳбат кардем. Ҳамкории мо бо Тоҷикистон беҳтар мешавад ва тақвият ёфтани ҳамкориҳои мо дар асосии боварӣ ба якдигар мебошад.
Амрико дар бораи “Ансоруллоҳ” чӣ маълумот дорад?
Радиои Озодӣ: Биёед дар мавзӯи терроризм ва хатарҳо аз Афғонистон суҳбат кунем. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар як соли ахир гуруҳи “Ансоруллоҳ” ду маротиба марзи Тоҷикистонро убур карда, талош кард дар дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳад. Аммо бархе ба ин ҳарфҳо шубҳа доранд. Ба назари Шумо, хатари гуруҳи “Ансоруллоҳ” ва ё дигар гуруҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон то куҷо воқеӣ ба назар мерасад?
Грегори Лоҷерфо: Ҳукумати Амрико дар бахши мубориза бо терроризм, бо омӯзиш додани низомиён ва пешниҳод намудани таҷҳизот ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Ҳукумати ИМА гуруҳи “Ансоруллоҳ”-ро барои амнияти Тоҷикистон ва инчунин ба шаҳрвандони Амрико дар Тоҷикистон хатари воқеӣ меҳисобад.
Радиои Озодӣ: Давлати Амрико дар бораи “Ансоруллоҳ” чӣ маъмулоти бештар дорад, ки дар такя ба он шумо мегӯед, ки ин гуруҳ воқеан хатар аст?
Грегори Лоҷерфо: Баҳодиҳии мо дар асоси ҳамкории мо бо шарикони мо дар Тоҷикистон мебошад. Он маълумоте, ки мо аз онҳо мегирем, онро маълумоти дуруст мешуморем.
Толибон ба ваъдаи худ вафо карданд?
Радиои Озодӣ: Гуруҳи Толибон, ки беш аз ду сол аст қудратро дар Афғонистон дар даст дорад, борҳо эълон кардааст, ки иҷозат намедиҳад аз хоки Афғонистон ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хатаре таҳдид кунад. Шумо ҳамчун мақомдори амрикоӣ дар бахши мубориза бо терроризм ба ин ҳарф бовар мекунед?
Грегори Лоҷерфо: ИМА мунтазир аст, ки гуруҳи Толибон ба ваъдаи додаи худ дар Доҳа амал кунад. Онҳо уҳдадор шуданд, ки иҷозат намедиҳанд, аз хоки Афғонистон хатаре ба кишварҳои минтақа таҳдид кунад. Аз ҷумла, хатарҳо ба Тоҷикистон.
Радиои Озодӣ: Аммо суолам ин буд ки шумо ба ин ҳарфҳои Толибон бовар доред?
Грегори Лоҷерфо: Мо интизор ҳастем, ки онҳо ба гуфтаҳои худ амал мекунанд.
Радиои Озодӣ: Аммо дар амал мо дидем, ки баъди ба қудрат расидани Толибон, неруҳои Амрико дар як ҳамлаи паҳподӣ роҳбари “Ал-Қоида” Айман аз-Завоҳириро дар маркази Кобул куштанд. Мақомдорони амрикоӣ инро хилофи созишномаи Доҳа гуфтанд, ки бар асоси он Толибон набояд дар дохили Афғонистон барои фаъолияти гуруҳҳои террористӣ иҷозат диҳанд. Суолам ин аст, ки Афғонистони зери назорати Толибон барои гуруҳҳои террористӣ ҳоло макони амн аст?
Грегори Лоҷерфо: Гуруҳи Толибон вазифадор аст, ки масъалаи терроризмро дар Афғонистон зери назорат дошта бошад. Ҳамлае, ки мо кардем ва дар он Айман аз-Завоҳирӣ кушта шуд, як навъ посухи мо ба он хатарҳое буд, ки аз тарафи гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон мебинем. Ва инчунин хатарҳо ба давлатҳои минтақа. Мо умедворам ки гуруҳи Толибон ба уҳдадориҳое, ки дар чаҳорчӯби созишномаи Доҳа гирифтаанд пойбанд мемонанд.
Амрико ба Тоҷикистон чӣ кумак мерасонад?
Радиои Озодӣ: Намедонам дар вохӯрӣ бо мақомоти Тоҷикистон онҳо ба Шумо гуфтанд ё не, аммо баъди ба қудрат расидани Толибон, нигаронӣ аз Афғонистон дар Тоҷикистон ва минтақа зиёд шуд.
Грегори Лоҷерфо: Мо дар масъалаи хатарҳои терроризм бо Тоҷикистон гуфтугӯи олӣ дорем. Аз ҷумла, дар ин бора суҳбат кардем, ки чигуна ҳамкориҳоро дар ин бахш беҳтар кунем ва чигуна ба Тоҷикистон кӯмак кунем, то амният дар марзҳои худро мустаҳкамтар кунад. Фардо ман дар як маросими фориғуттаҳсилон иштирок мекунам, ки аз тарафи ҳукумати Амрико ба кормандони ОМОН-и Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар доираи ин барнома кормандони ОМОН дар бораи таъмини амният дар минтақаҳои сарҳадӣ омӯзиш гирифтаанд.
Радиои Озодӣ: Иёлоти Муттаҳида дар бахши мубориза бо терроризм, бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон чӣ барномаи ҳамкориро ба роҳ мондааст ё ба роҳ монданист?
Грегори Лоҷерфо: Мо бо шарикони худ дар Тоҷикистон дар масъалаи бехатарии сарҳадӣ ҳамкории зич дорем. Ин ҳамкории мо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби С5+1 рафта истодааст. Мо ҳамчунин барномаҳои минтақавӣ дорем. Маркази яке аз барномаҳои мо дар Алмаато аст ва Тоҷикистон ҳам дар ин барнома иштирок мекунад. Дар чаҳорчӯби ин барнома мо дар масъалаи таъмини амният дар сарҳад, бехатарӣ дар истифодаи интернет, бехатарии авиатсия ва дигар соҳаҳо омӯзишҳо пешниҳод мекунем. Сафари ман ба Осиёи Марказӣ ғайр аз Тоҷикистон, инчунин Узбекистон ва Қазоқистонро ҳам фаро мегирад. Дар ин кишварҳо низ мо бо шарикони худ дар масъалаи бехатарӣ суҳбат мекунем.
Радиои Озодӣ: То куҷо нигаронии мақомоти Тоҷикистон ва дигар кшварҳои ОМ аз хатарҳо аз Афонистон дар шароити феълӣ воқеӣ ба назар мерасад?
Грегори Лоҷерфо: Ҳамаи мо дарк мекунем, ки неруҳои “ДОИШ” бо номи Хуросон дар Афғонистон ҳастанд. Мо ҳамкориҳои худро бо шарикон дар минтақа - давлатҳои ОМ, алалхусус Тоҷикистон ба роҳ мондаем. Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлоние дорад ва Тоҷикистон дар ин масъала дар минтақа як давлати пешрав аст. ИМА таҷрибаи худро дар масъалаи мубориза бо терроризм бо шарикони худ дар минтақа дар миён мегузорад, то дар ин масъала ба дастовардҳо ноил шавем.
“Навори Ғазза набояд тасарруф шавад”
Радиои Озодӣ: Ҳоло, ки мо суҳбат дорем, ҷанг миёни Исроил ва гуруҳи “Ҳамос” дар Навори Ғазза идома дорад. Ва ҳамчунин даргириҳои пароканда миёни Исроил ва гуруҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон. Оё дастгирии Амрико аз Исроил эҳсосоти зиддиамрикоиро дар ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои исломӣ ба бор намеорад?
Грегори Лоҷерфо: Ҳукумати Амрико, Тоҷикистон ва шариконамон дар минтақа ҳамаи мо мехоҳем, ки ин мушкил дар Ховари Миёна ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад. Ва азобу машаққати шаҳрвандон дар Ғазза кам шавад. Ягона роҳ барои дастрас шудан ин аст, ки мо бояд як шароите фароҳам орем, ки ҳолати сулҳ ва амният дар минтақа пойдор бошад. ИМА бовар дорад, ки дар ин ҷанг бояд шаҳрвандони Ғазза аз хонаҳои худ маҷбуран кӯчонда нашаванд, на ҳозир ва на баъд аз ҷанг. Инчунин Ғазза ҳамчун минтақа барои терроризм ва дигар ҳамлаҳои террористӣ истифода бурда нашавад. Баъди анҷоми ҷанг набояд Ғазза ишғол карда шавад ё ба муҳосира гирифта шавад. Ҳудуди Навори Ғазза кам карда нашавад ва мо бояд ҳамин шароитро фароҳам оварем, ки хатари терроризм аз Ғазза аз байн бардошта шавад.