Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки имрӯз, 10-уми ноябр, дар пойтахти Арманистон - шаҳри Ереван оғоз ёфт, медали биринҷӣ ба даст овард.
Ин варзишгари 33-сола дар вазни то 58 кило баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш Қайрат Уулуи қирғизистонӣ ва Жассулан Наримонови қазоқистонӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Вале Акмалиддин дар нимфинал аз Саян Хертеки рус, ки ба финал баромад, мағлуб шуд. Дар воқеъ, ин рақобати сеюми ҳарду ба шумор меравад. Қаблан дар финали қаҳрамонии ҷаҳон соли 2017 дар Сочи Хертек дастболо шуда буд. Соли 2021 дар Тошканд Каримов пирӯз шуда, соҳиби нишони тилло гардид.
Акмалиддин барои медали биринҷӣ ба Ҷайеонг Шин аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад. Ин медали сеюми биринҷии ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон аст. Ӯ як медали тилло ва чаҳор медали нуқра гирифтааст.
Нокомии Хушқадам
Имрӯз дар Ереван паҳлавони дигари номдори тоҷик Хушқадам Хусравови 30-сола ноком шуд. Вай дар вазни то 64 кило дар даври аввал аз Белек Бараканови қирғиз мағлуб гашт. Баъдан дар даври тасаллобахш ба Тэйлор Вебер аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Маттия Каневаро аз Италия ғолиб омад, вале Хушқадам барои медали биринҷӣ аз Сумия Лхагвасурен аз Муғулистон шикаст хӯрд.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван оид ба самбои варзишӣ миёни занон ва мардон, инчунин дар риштаи самбои размӣ байни мардон сурат гирифтааст.
Рақобатҳо аз рӯи 21 вазн доир мешавад:
Занон: 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг.
Мардон: 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.
Самбои размӣ: 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.
Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ғайр аз Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов, боз 9 варзишгар дохил аст:
самбои варзишӣ - Мустафо Ҳасанов (-71 кг), Деваштич Убайдӣ (-79 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг), Бахтовар Замиров (-98 кг), самбои размӣ - Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латипов (-64 кг), Худоёр Раҷабов (-71 кг), Сарвар Ҳотамбекзода (-88 кг), Исмат Саймуҳаммадзода (+98 кг).
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғайр аз медал, инчунин бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз хоҳанд шуд: барои ҷойи аввал 4000 доллари ИМА, ҷойи дувум – 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 2000-долларӣ.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван дар маҷмааи варзишию консертии ба номи Карен Демирчяни Ереван бо иштироки варзишгарони зӯртарин аз 65 кишвари дунё то рӯзи якшанбеи 12-уми ноябр идома хоҳад кард.
Тибқи қарори кумитаи иҷроияи Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS) дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Ереван варзишгарон аз Русия, Беларус, Фаронса ва дастаи паноҳандагон бо мақоми бетараф ширкат доранд.
Бояд гуфт, ки cоли 1975 дар Мински Беларус паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.
Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода дар шаҳри Сочии Русия ин унвонро ба даст овард. Баъдан соли 2018 дар Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов ва соли 2021 дар Тошканди Узбекистон Акмалиддин Каримов қаҳрамони ҷаҳон гардиданд.
Дар риштаи самбои размӣ бошад, ду паҳлавони тоҷик – Сайриддин Икромов (-74 кг, соли 2007, Прагаи Ҷумҳурии Чех) ва Эраҷ Раҳимов (-52 кг, соли 2009, Солоникии Юнон) - медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Акмалиддин Каримов: Мақсад дорам дар Ереван боз қаҳрамони ҷаҳон шавамПаҳлавонони тоҷик дар Саудӣ се медал гирифтандМедали паҳлавони тоҷик дар Гран-прии самбо дар ҚазонСе медали варзишгарони тоҷик дар "Гран-прии самбо" дар УфаПаҳлавони тоҷик қаҳрамони самбои ҷаҳон миёни устодон шудСе медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии куреси қазоқӣ