Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии куреси қазоқӣ


Ҳамроз Раҷабов.
Ҳамроз Раҷабов.

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии курес, куштии қазоқӣ, ки аз 31-уми август то 3-юми сентябр дар шаҳри Уштобе (Сетеппа)-и Қазоқистон баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқоти байнулмилалӣ, ки таҳти сарпарастии Федератсияи ҷаҳонии куштӣ доир гардид, паҳлавонон аз 20 кишвари олам дар вазнҳои мухталиф рақобат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Сорбон Абдулҳаев ҳафт варзишгар дохил буд. Аз байни онҳо се нафар медал гирифтанд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 82 кило медали нуқра ба даст овард. Валимуҳаммад Боқиев дар вазни то 80 кило ва Рашид Зиёбеков дар вазни то 100 кило бо нишони биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Курес куштии миллӣ ва яке аз намудҳои қадимаи қазоқҳо ба шумор меравад. Дар Қазоқистони муосир ин намуди якҳарба маъруфияти беандоза касб кардааст ва мусобиқот дар рӯзҳои ид ва тантанаҳо баргузор мегардад. Курес аз соли 1938 ба барномаи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дохил шудааст.

Зимнан, соли 2016 ЮНЕСКО бо зикри таъсири таҳкими муносибатҳои байни ҷомеа бар асоси принсипҳои таҳаммулпазирӣ, некхоҳӣ ва ҳамбастагӣ, куреси қазоқиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

Куреси қазокӣ аз лиҳози техникӣ ба куштии кураш ё камарбандии тоҷикӣ монанд аст. Бархе аз усулҳои курес ба куштии самбо дохил шудааст. Аксар вақт куштигирони куреси қазоқӣ (паҳлавонҳо) дар мусобиқаҳои мухталифи байнулмилалии самбо ва ҷудо иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG