Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони тоҷик қаҳрамони самбои ҷаҳон миёни устодон шуд


Олимхон Алихонов (нафари дувум аз чап)
Олимхон Алихонов (нафари дувум аз чап)

Олимхон Алихонов, паҳлавони собиқадори тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбо миёни устодон, ки дар шаҳри Уралски Қазоқистон 8-уми сентябр оғоз ёфт ва имрӯз, 10-уми сентябр, ба поён мерасад, медали тило ба даст овард.

Паҳлавони тоҷик қаҳрамони самбои ҷаҳон миёни устодон шуд

Олимхон Алихонов, паҳлавони собиқадори тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбо миёни устодон, ки дар шаҳри Уралски Қазоқистон 8-уми сентябр оғоз ёфт ва имрӯз, 10-уми сентябр, ба поён мерасад, медали тило ба даст овард.

Мусобиқот бо иштироки 340 варзишгари 35-сола ва аз он боло дар риштаи самбои варзишӣ миёни мардон ва занон баргузор шудааст. Паҳлавонон мувофиқи синашон ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот иштироккунандагон аз рӯи 20 дараҷаи вазнҳо рақобат карданд.

Олимхон Алихонов дар мусобиқаи мардон дар вазни 64 кило байни устодони синашон аз 65-сола боло ғолиб шуда, ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тило даст ёфт. Ӯ дар финал ба Владимир Қизилбош аз дастаи FIAS (Федератсияи байнулмилалии самбо) ғолиб омад. Қизилбош медали нуқра гирифт. Дар ин вазн дар гурӯҳи М7 ду паҳлавони қазоқ - Серикбой Кабакбоев ва Алмаз Mусобеков - бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байнулмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, ки ҳамчун довари FIAS дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ рақобатҳоро ҳакмӣ мекунад, рӯзи 10-уми сентябр хабар дод.

Вай гуфт, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқот шаш варзишгар дар рақобатҳои самбои варзишӣ миёни мардон намояндагӣ мекунанд: Олимхон Алихонов, Иззатулло Юнусов, Саттор Сайфиддинов, Замонҷон Умаров, Муҳаммадшариф Зикруллоев ва Саймурод Одинаев.

Паҳлавонони дигари тоҷик дар рӯзи охирини мусобиқот – 10-уми сентябр – ба рақобат мепардозанд.

XS
SM
MD
LG