Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акмалиддин Каримов: Мақсад дорам дар Ереван боз қаҳрамони ҷаҳон шавам


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳои 10-12-уми ноябр дар пойтахти Арманистон - шаҳри Ереван – баргузор мешавад, иштирок мекунанд, ки дар байни онҳо қаҳрамонҳои собиқи ҷаҳон Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов ҳастанд.

Паҳлавони номдори тоҷик Акмалиддин Каримов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мақсад дорам дар мусобиқоти шаҳри Ереван боз қаҳрамони ҷаҳон шавам. Зимнан, то ҳоло касе аз Тоҷикистон ду бор дар риштаи самбо қаҳрамони ҷаҳон нашудааст.”

“Имсол самбо 85-сола мешавад. Дар мусобиқоти ҷашнӣ, ки дар маҷмааи варзишию консертии ба номи Карен Демирчяни Ереван бо иштироки варзишгарони зӯртарин аз 65 кишвари дунё доир мегардад, мо, инчунин, ситораҳои ҷаҳонии самбо, қаҳрамонҳои бисёркаратаи ҷаҳонро аз кишварҳои мухталиф даъват кардаем”, - гуфтааст президенти Федератсияи байнулмилали самбо (FIAS) Василий Шестаков дар сомонаи ин ташкилот.

Тибқи қарори кумитаи иҷроияи FIAS дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Ереван варзишгарон аз Русия, Беларус, Фаронса ва дастаи паноҳандагон бо мақоми бетараф ширкат меварзанд.

Мусобиқот оид ба самбои варзишӣ миёни занон ва мардон, инчунин дар риштаи самбои размӣ байни мардон сурат мегирад.

Рақобатҳо аз рӯи 21 вазн доир мешавад:

Занон: 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг.

Мардон: 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.

Самбои размӣ: 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз, 9-уми ноябр, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ёздаҳ варзишгар дохил аст:

самбои варзишӣ - Акмалиддин Каримов (-58 кг), Хушқадам Хусравов (-64 кг), Мустафо Ҳасанов (-71 кг), Деваштич Убайдӣ (-79 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг), Бахтовар Замиров (-98 кг), самбои размӣ - Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латипов (-64 кг), Худоёр Раҷабов (-71 кг), Сарвар Ҳотамбекзода (-88 кг), Исмат Саймуҳаммадзода (+98 кг).

Ҳайати варзишии Тоҷикистонро раиси Федератсияи самбои кишвар Давлатмурод Наҳтуллозода сарварӣ менамояд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғайр аз медал, инчунин бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз хоҳанд шуд: барои ҷойи аввал 4000 доллари ИМА, ҷойи дувум – 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 2000-долларӣ.

“Ба беҳтарин гуштигирон (аз ҳар як кишвар якнафарӣ), ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон натиҷаҳои баландтаринро ба даст овардаанд, нишони махсуси хотиравӣ тақдим мегардад, ки аз металли холиси қиматбаҳо сохта шудааст. Аз кишвари мо барои гирифтани ин нишон Акмалиддин Каримов пешниҳод шудааст”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик бори охир ду сол пеш, моҳи ноябри соли 2021, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар пойтахти Узбекистон - шаҳри Тошканд - доир гардид, се медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифта буданд.

Акмалиддин Каримов дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ варзишгар аз Русия Саян Хертекро шикаст дод.

Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд. Инчунин Табризшо Парпишоев дар самбои размӣ дар вазни то 79 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Бояд гуфт, ки cоли 1975 дар Мински Беларус паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.

Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода дар шаҳри Сочии Русия ин унвонро ба даст овард. Баъдан соли 2018 дар Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов ва соли 2021 дар Тошканди Узбекистон Акмалиддин Каримов қаҳрамони ҷаҳон гардиданд.

Дар риштаи самбои размӣ бошад, ду паҳлавони тоҷик – Сайриддин Икромов (-74 кг, соли 2007, Прагаи Ҷумҳурии Чех) ва Эраҷ Раҳимов (-52 кг, соли 2009, Солоникии Юнон) - медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG