Дар Қрими ишғолшуда шаби панҷшанбе ба ҷумъа ба киштиҳои тезгарди десантии Русия осеб расонида шуд. Дар ин бора рӯзи 10 ноябр Сарраёсати умури иктишофии Вазорати дифои Украина хабар дод. Дар як навори видеоие, ки вазорат нашр кард, саҳнаи эҳтимолии ҳадафи ҳамла қарор гирифтани яке аз чунин киштиҳо намоиш дода шудааст.
Чанд расонаи украинӣ бо такя ба Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина навишт, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо ду киштии навъи 11770 ("Серна") осеб дидааст. Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки дар дохили киштиҳо, ки дар наздикиҳои деҳаи Черноморски нимҷазираи Қрим қарор доштанд, ҳангоми ҳамла ҳайати шахсӣ ва техникаи низомӣ қарор дошт.
Ҳадафи ҳамла қарор гирифтани киштиҳои низомии Русияро телеграм-канали русии "Рыбарь" ҳам тасдиқ мекунад.
Телеграм-канали рӯ ба украинии "Крымский ветер" инчунин як навори видеоиро нашр карда гуфтааст, ки дар Черноморск ба як казармаи низомии русӣ мушак расидааст. Феълан тасдиқи ин хабар тавассути манбаъҳои мустақил вуҷуд надорад.
"Рыбарь" менависад, ки ҳамлаи мушакӣ ҷой дод, вале он ба қароргоҳи низомиён нарасид. Ин манбаъ навиштааст, ки дар як вақт ба қароргоҳи киштиҳои русӣ чор киштии босуръати украинӣ ворид шуда киштиҳои русиро ҳадаф қарор доданд. Ин телеграм-канал таъкид мекунад, ки ҳеҷ талафоте дар миёни ҳайати шахсӣ вуҷуд надорад, вале айни замон низомиёни Русияро барои бепарвоӣ сарзаниш кардааст. Ин метавонад ишора ба он бошад, ки воқеан ҳам дар ҳамла киштиҳои русӣ осеб дидаанд.
Дар изҳороти расмиаш вазорати дифои Русия гуфт, ки дар фазои Қрим шаби гузашта ду киштии бесарнишин нобуд карда шуд. Телеграм-канали "База" навишт, ки онҳо пойгоҳи нафтиеро дар Феодосия ҳадаф қарор доданд. Яке аз ҳавопаймоҳо дар ҳудуди ин пойгоҳ афтода, тавре таъкид мешавад, зиёни чандоне ворид накардааст. Мақомоти украинӣ дар бораи ҳодисаҳои шаби гузашта дар Қрим чизе наменависанд.
Фармондеҳии нирӯҳои ҳавоии Украина мегӯяд, шаби 10 ноябр нирӯҳои Русия ба қаламрави Украина шаш дрони навъи «Шаҳид» ва ду мушакро партоб карданд, панҷ ҳавопаймои бесарнишин ва як мушак нобуд карда шудааст. Дар вилояти Черкасск хисороте мушоҳида мешавад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
ИМА 96% кӯмаки барои Украина ҷудошударо харҷ кардаастФишори бесобиқа ба муҳоҷирони тоҷик. Русия гуфт, 15 ҳазор нафарро ихроҷ кардааст. ВИДЕОРусия дар робита ба зарба ба Донетск ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ-ро дархост кардЭътирози ҳамсарони басеҷшудаҳо дар РусияПрезиденти Тоҷикистон: Истиқлолу озодии кишварҳои гуногуни дунё «осебпазир шудааст»Украина ба корхонаи киштисозии Русия ҳамла кард