Интизор меравад, ки ҷаласаи мазкур шоми имрӯз, 8 ноябр баргузор шавад. Дар ин бора Дмитрий Полянский, муовини аввал намояндаи Русия дар СММ хабар дод.
Мақомоти Русия дар вилояти Донетски ишғолшуда гуфтанд, дар натиҷаи зарба ба Донетск панҷ кас кушат, 25 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти Русия дар ин ҳамла Украинаро айбдор мекунанд.
Денис Пушилин, раиси вилояти Донетски ишғолшуда гуфт, артиши Украина маркази Донесткро бо мушакҳои HIMARS зарба задааст.
Расонаҳои украинӣ навиштанд, зарбаҳо ба "Маркази низоми бесарнишонҳо" равона шуда буданд, ки Русия онҷо ҳамоҳангсозони бесарнишинҳои низомиро омода мекард.