Ин маблағ, ба гуфтаи Кирбӣ, василаҳои мудофиа, ҳадафҳои моливу иқтисодӣ ва башариро фаро мегирад. Агар танҳо кӯмакҳое, ки барои ҳадафҳои низомӣ ҷудо шудаанд, мадди назар гирифта шавад, пас 90% он кӯмакҳо харҷ шудаанд.
"Вазорати мудофиа тақрибан 1,1 млрд доллари дигар барои ҷамъоварии захираҳо барои зимистон дорад. Фурсат хеле кам мондааст, аз ҳамин хотир мо бояд дархости иловагиро тасдиқ кунем", - гуфт Кирбӣ. Манзур аз дархости иловагӣ бастаи нави кӯмакҳо ба Украина аст, ки дар Конгресси ИМА баррасӣ мешавад.
Президенти ИМА Ҷо Байден аз Конгресс хост, 61,4 млрд доллари дигар барои кӯмак ба Украина ҷудо кунад.