Камолуддин Абдуллоев, таърихнигори тоҷик
Фитрат: Худӣ дар миёни бегонаҳо, бегона дар миёни худиҳо
Айнӣ роҳеро интихоб кард, ки ӯро як нависандаи муваффақу эътирофшуда гардонд ва то синни пирӣ ва бештар аз ҳамсолаш Сталин зиндагӣ кард. Дар ин маврид сарнавишти ӯ аз равшанфикри дигари (агар равшантарин ҳам набошад) бухороӣ Абдуррауфи Фитрат фарқ мекунад. Фитрат як навовар дар адабиёт ва насрнависи барҷастаи тоҷикзабон буд. Вай дар баробари Айнӣ дар офаридани забони насри муосири тоҷик, соддатар ва фаҳмотар кардан ба мардум - бе зиёдаравиҳои пуртаъсири шоирони гузашта ва архаизмҳои забони мадрасаи Бухоро хидмати бузург кардааст.
Донишманди маъруф Ҳабиб Борҷиён Фитратро “робитаи гумшудаи адибони форсизабони Мовароуннаҳр, ба хусус Аҳмади Дониш бо адабиёти муосири тоҷик, ки онро Садриддин Айнӣ оғоз бахшид”, медонад.
Фитрат кадом забонро модарӣ меҳисобид, барои Борҷиён суоли боз мондааст. Туркшиноси амрикоӣ Эдвард Олворт (Edward Allworth) бар ин аст, ки забони аслии Фитрати нависанда тоҷикӣ буд ва ӯ баъдтар, баъди бозгашт аз Истанбул дар соли 1914, ба омӯзиши амиқи забони туркӣ пардохт ва дар ин омӯзиш такя бар китоб кард, на ба муошират бо узбекҳои Тошканд. Забони онҳоро таҳрифшуда ва нофаҳмо меҳисобид.
Дар ин маврид Фитрат ба ҳамтои худ Айнӣ монандӣ дорад, ки барои ӯ туркӣ (узбекӣ) пас аз забони тоҷикӣ-форсӣ дувумин буд. Фитрат то соли 1917, ҳатто ҳангоми дар шаҳри Истанбул дар муҳити туркзабон будан ҳам асарҳои худро танҳо бо забони тоҷикӣ менавишт. Асарҳои ӯ дар давраи туркӣ (1910-1913) - “Мунозараи мударриси бухороӣ бо як фарангӣ дар Ҳиндустон дар бораи макотиби ҷадид” ва “Баёноти сайёҳи ҳиндӣ” Фитратро пештози насри муосири тоҷик гардонданд. Ин китобҳо қариб дар ҳол дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ба забонҳои узбекӣ ва русӣ тарҷума шуданд ва шуҳрати беандоза пайдо карданд. Бешубҳа, метавон онҳоро аз зумраи беҳтарин китобҳои таърихи Тоҷикистон ва Узбекистон шумурд.
Баъд аз ворид шудан ба сиёсат, дар пайравӣ аз Хоҷаев соли 1918 ба сафи Ҳизби коммунистии Русия шомил гашт ва дар сарнагун кардани амир ширкат варзид ва яке аз раҳбарони Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро шуд. Вай моҳи марти соли 1921 ба забони форсӣ ва дар баробари он ба ислоҳоти исломӣ дар рӯҳияи Дониш ба нафъи туркгароии ифротӣ “хиёнат” кард. Фитрат ба худ ва атрофиёнаш илҳом мебахшид, ки форсӣ забони рӯҳониёну амир ва узбекӣ забони мардуми оддӣ аст. Вай ташаббускори аз форсӣ ба туркӣ гузарондани маориф дар ҶХШБ ва забони давлатӣ эълон шудани он буд.
“Қабр”-и Бухороро ҳамчун маркази фарҳанги форсӣ-исломӣ Фитрат кандааст. “Лоиҳаи миллии Чағатой” барои табдил додани Бухоро ба Узбекистон ташаббуси ӯ ва Хоҷаев аст. Фитрат соли 1917 аз забони тоҷикӣ-форсӣ ба узбекӣ гузашт ва фавран ба ислоҳоти он пардохт. Вай чунин меҳисобид, ки забони чағатоӣ (забони хаттӣ ва адабии туркии асри XV) бояд асоси забони умумии тамоми туркҳои Мовароуннаҳр гардад. Ӯ ба ҳайси муаллифи назари чағатоӣ дар бораи таърихи Мовароуннаҳр, ки бар пояи парастиши Чингизхон ва Амир Темур асос ёфтааст, муътақид буд, ки таърихи туркҳо набояд ба ҷузъҳои этникӣ ҷудо ва алоҳида омӯхта шавад. Онро бояд якҷоя омӯхт.
Вай миллати узбекро вориси давлати туркӣ-исломии Мовароуннаҳр медонист. Маҳз бо шарофати Фитрат этноними таҳқиромези “сарт”, ки аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ мавриди истифода қарор гирифта буд, аз байн бардошта ва “узбак” ҷойгузини он шуд. Ӯ зери мафҳуми ғояҳои чағатоӣ ба он аҳамият намедод, ки лоиҳааш на танҳо тоҷикону халқҳои дигари минтақаро табъиз, балки ба таври умум ҳуқуқи худшиносии онҳоро инкор мекунад. Чағатоии Фитрат як тарҳи императорӣ ва алтернативӣ ба сохти Шӯравӣ буд.
Албатта, ин ақида бар хилофи “хатти ҳизбӣ” буд, ки дере нагузашта минтақаро ба панҷ ҷумҳурӣ тақсим кард. Чор ҷумҳурии туркзабон, вале бо забонҳои алоҳидаи миллии худ шуд. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт, ки онро чағатоиҳо тарҳрезӣ накарда буданд. Онҳо тоҷиконро туркҳои забонгумкарда ва авлоди ғуломони эронӣ медонистанд. Фаъолияти Фитрат ҳамчун сиёсатмадор баробари оғоз шуданаш ногаҳон хотима ёфт. Ӯро соли 1923 аз ҳамаи мақомҳо дар ҳукумати ҶХШБ барканор карданд. Ӯ ба Маскав рафт ва дар Пажӯҳишгоҳи забонҳои зиндаи шарқи ба номи Лазарев кор карда, бо забони тоҷикӣ-форсӣ мақолаҳои илмӣ навишт.
Зимнан, забони имрӯзаи узбекӣ соли 1924 дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд мавриди истифода қарор гирифт. Забони чағатоӣ, тавре ки Фитрат нақша дошт, ҳеч гоҳ барои мардуми туркзабони минтақа забони модарӣ нашуд. Дар Узбекистон чағатоиро узбекии кӯҳан меномиданд ва баъдан он ба хотири доштани вожаҳои форсӣ ва арабӣ (беш аз 60%) ҳадафи мунаққидони ҷумҳурӣ қарор гирифт.
Фитрат танҳо дар соли 1927 ба адабиёти форсӣ (тоҷикӣ) баргашта, пйесаи “Исёни Восеъ” ва баъд аз се сол рисолаи “Давраи ҳукмронии Амир Олимхон”-ро навишт. Вай ин корро қисман аз маҷбурӣ, барои раҳоӣ аз ҳамлаи ходимони фарҳанги Узбекистони Шӯравӣ, ки зиёиёни пешазинқилобиро дар ҷадидия, пантуркизм ва чағатоигароӣ муттаҳам мекарданд, анҷом додааст. Сабаби дигари гузаштани ӯ ба забони форсӣ таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкони рӯи чоп омадани асарҳои ӯ бо забони як замон барояш “модарӣ” бидуни хатари муттаҳам шудан ба миллатгароӣ буд.
Бо тақвият ёфтани ҳукумати Шӯравӣ муносибат бо ҷадидиҳо низ тағйир ёфт. Ҷадидони насли калонсол нахустин ҳадафҳо буданд. А.Муҳиддинов, писари ҷадиди кӯҳансол ва душмани шахсии Ҳоҷаев соли 1934 дастгир ва парронда шуд.
Ба ҳимояти Фитрат яке аз ҷонибдоронаш Хоҷаев бархост, аммо “шафоат”-и ӯ тавонист умри Фитратро ҳамагӣ чор сол дароз кунад. Ҷадидони ҷавони содиқ ба коммунистон низ соли 1937 мавриди таъқиб қарор гирифтанд. Фитрат ва Хоҷаев моҳи июли ҳамон сол тақрибан дар як вақт боздошт, шиканҷа ва латукӯб гашта, пас аз як сол паронда шуданд.
Ба Айнӣ, ки яке аз аввалин ҷадидон буд, бештар бо шарофати пуштибонии Абулқосими Лоҳутӣ, ки ӯро Устод (муаллим) ва худро шогирди Айнӣ меномид, муяссар шуд, аз ҳабс озод ва аз қатл наҷот ёбад. Ба Лоҳутӣ ҳамчун инқилобгари эронӣ худи Сталин лутф кардааст. Вай ҳангоми дар Маскав будан ба ҳимоят аз устод маъракаи муваффақеро роҳандозӣ кард, ки самар дод.
Абдуррауфи Фитрати бухороӣ ҳамчун як фарди танҳои боистеъдод зоҳир мегардад. Ҳамзамононаш аз истеъдоди ӯ ба ваҷд меомаданд ва ҳамзамон нафринаш мехонданд. Имрӯз баҳодиҳиҳо дар бораи шахсияти худи ӯ ва мероси адабияш ба ҳам зид ҳастанд.
Хидмати бешубҳаи ӯ дар он буд, ки ҳамроҳи Хоҷаев, Муҳиддинов моҳирона кӯшиш мекард, то дар харобаҳои аморат як ҷумҳурии муосири миллӣ, бо сиёсати дохилию хориҷии худ ва муносибатҳои баробарҳуқуқи шартномавӣ бо Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Федеративии Русияро асос гузорад.
Аммо ҷадидони ҷавон ба нерӯи худ аз ҳад зиёд боварӣ дошта, маккорӣ ва тавоноии болшевиконро, ки аз аввал қасди додани истиқлол ба Бухоро надоштанд, “ба чашми кам диданд”. Болшевикон то пурра зери назорати ҳукумати Шӯравӣ даромадани “Бухорои Шариф” бухороиҳои ҷавонро ҳамчун ҳампаймони муваққатӣ ва маҷбурӣ истифода бурданд.
Дар Тоҷикистон туркдӯстии Фитрат, ки солҳои 1917-1927 идома ёфт, мунсифона маҳкум карда шудааст. Ҳарчанд, ба назари мо, шавқу ҳаваси Фитрат ба туркгароӣ бар зарари тоҷикон назар ба самимият хусусияти фурсатталабона дошт. Дар ҳар сурат, мехостам ба ин бовар кунам.
Оё Фитрат ва Айнӣ рақиб буданд? Ин ду бузургтарин ақли Мовароуннаҳр дар охири асри 19 ва аввали асри 20 аз ислоҳотпарастии мусулмонӣ (ҷадидизм) ба миён омадаанд. Ҳарду порсизабон буда, барои ислоҳи ду забони адабии минтақа - тоҷикӣ ва узбекӣ талошҳои бузург кардаанд. Миёни онҳо дар соли 1917 маҳз барои он ихтилофи назар ба вуҷуд омад, ки чи гуна бояд дар Бухоро ислоҳот гузаронд.
Айнӣ бар хилофи Фитрат, ки пас аз сафар ба Истанбул аз идеяҳои аврупоии миллатгароӣ, модернизм ва пешравӣ илҳом гирифта буд, олими маъруфи Бухоро, “марди қалам”, ҷонибдори рушди таҳаввулоти Бухоро буд. Айнӣ бо вуҷуди мероси ғании адабӣ боқӣ гузоштан бо забони узбекӣ ба фарқ аз Фитрат ҳеч гоҳ ба туркгароӣ таваҷҷуҳ надошт. Устод ба Фитрат ҳамчун нахустин нависандаи тоҷик баҳои баланд медод, вале аз фаъолияти сиёсӣ ва чағатоии ӯ норозӣ буд.
“Фарҳангшиносӣ”-и Айнӣ ва Лоҳутӣ
Айнӣ баҳори соли 1925, баъд аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Тоҷикистон, барои навиштани китоби таърихи адабиёти тоҷик шартнома имзо кард. Сухан аз антология (маҷмӯаи матнҳои бадеӣ) “Намунаи адабиёти тоҷик” меравад. Онро Садриддин Айнӣ солҳои 1924-1925 дар Самарқанд навиштааст. Дар ҳоле ки он замон пойтахти кишвар - Душанбе деҳаи кулбаҳои гилин буд ва дар атрофи он босмачиён мегузаштанд ва ҳокимияти Шӯравӣ танҳо дар шаҳру деҳоти бузург пойбарҷо буд.
“Намунаи адабиёти тоҷик”, ки дар шаҳри Маскав бо хати форсӣ нашр шуд, ба “шиноснома”-и ҷумҳурии ҷавон табдил ёфт. Дар он ишора шуда буд, ки тоҷикон мардуми форсизабони Осиёи Марказӣ буда, ба ҷаҳониён галактикаи шоирон, аз А.Рӯдакии замони Исмоили Сомонӣ (асрҳои 9-10) то шоирони асри бистро бахшидаанд. “Намуна” ҳамчун ҷойгузини форсӣ ба лоиҳаи чағатоии Фитрат бо Алишер Навоӣ ва Амир Темур ба шумор меравад. Тааҷҷубовар ин аст, ҳарду тарҳ, ки пояи давлатдории узбеку тоҷикро гузоштанд, на аз сӯи туркҳои Мовароуннаҳр, балки аз ҷониби бухориёни форсизабон таҳия шудаанд. “Намуна” на танҳо ба ҷаҳониён нишон дод, ки ба ҷуз аз худи Форс, қисмати шарқии фазои фарҳангии эронӣ, ки дар он тоҷикон сукунат доранд, вуҷуд дорад, балки шиносоии маҷрои Сирдарё ва Амударё (Мовароуннаҳр) бо “Туркистон” аз нигоҳи илмӣ нуқс дорад.
“Намуна” бо дастгирии фаъолонаи шоири инкилобӣ Абулқосим Лоҳутӣ нашр шуд. Ӯ баъди шӯриши бебарор дар Табрез (Эрон) дар феврали соли 1922 ба Озарбойчон фирор кард ва соли 1923 аз онҷо ба Маскав рафт. Дар он ҷо бо адабиёт машғул шуда, ба сафи Ҳизби коммунист пайваст. Баъди огаҳ шудан аз ташкилёбии ҷумҳурии форсизабонон дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1924 хоҳиш мекунад, ки дар Тоҷикистон кор кунад. Ӯ дар Тоҷикистон ба узвияти Кумитаи иҷроияи марказии ҶСШ Тоҷикистон шомил шуда, масъули ташвиқу тарғибот мешавад.
Муносибатҳои ӯ, собиқ жандарми эронии аврупоишуда, ки ба ашъори ирфонӣ дилбастагӣ дошт ва ба Русия муҳоҷир шуда, “шоири Шарқи инқилобӣ” гашт ва Айнӣ, ки як донишманд аз оилаи камбағал, собиқ муаллими мадрасаи Бухоро буд, наздик ва гарм мешавад, ки инро мукотибаҳояшон тасдиқ менамояд.
Назари онҳо дар бораи адабиёт ва рушди забони тоҷикӣ комилан ба ҳам мувофиқ омада, зиддиятҳои эҳтимолии дорои хусусияти сиёсиву идеологӣ дур партофта шуданд.
Дар муқаддимаи «Намунаи адабиёти тоҷик» Лоҳутӣ навиштааст, ки «Адабиёти тоҷик имрӯз ба боғе шабоҳат дорад, ки солҳои зиёд бе боғбону бе об мондаст ва ҳоло ба нигоҳубин ниёз дорад». Айнӣ ва Лоҳутиро аз зумраи ин «боғбонҳо» метавон шумурд. Лоҳутӣ дӯстдорони адабиёти эрониро бо эҷодиёти адибони тоҷик шинос ва ба наздик шудани ду халқе, ки худро намояндаи онҳо медонист, кумак кардааст.
Лоҳутӣ аз забони тоҷикӣ сахт ҷонибдорӣ карда, дар мукотибаҳои худ бо Айнӣ бештар вожаҳоеро истифода кардааст, ки решаи суғдӣ доранд. Ба монанди кофтан, камбағал, нағз, ганда, авқот ва ғайра. Ҳамин тариқ, ӯ ба Айнӣ на танҳо ҳамчун тоҷик эҳтиром қоил буд, балки асолат, зебоӣ ва баробарии забони тоҷикиро дар баробари форсии Эрон эътироф кардааст. Ҳам Лоҳутӣ ва ҳам Айнӣ талош карданд, ба забони тоҷикӣ вожаҳои нав, аз ҷумла зинда ва мардумиеро ворид кунанд, ки Айнӣ тамоми умр бо ҷустуҷӯи онҳо машғул буд ва мувофиқ ба меъёрҳои забони классикии форсӣ буданд. Онҳо дар баробари ин ба «муҳаррирони сиёсӣ», ки аз нависандагон талаб мекарданд, то «тарзе навис, ки ман фаҳмам», яъне, ба забони соддаи мардуми одӣ механдиданд.
Китоби Айнӣ бо вуҷуди он ки муаллиф талош карда буд, бо истифода аз фразеологияҳои инқилобӣ ба он "ҷома"-и марксистӣ-болшевикӣ пӯшонад, норозигии раҳбарияти Узбекистонро, ки Тоҷикистони худмухтор панҷ соли аввал ҷузъи он буд, ба бор овард.
Ба миён омадани як ҳувияти нерӯманди рақиб – тоҷикиро дар Узбекистон хуб напазируфтанд. «Намуна»-и Айнӣ пас аз шикояти котиби якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Узбекистон Акмал Икромов, ки аз сӯи намояндаи Комиссариати халқии корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди Шӯрои Комиссарони Халқии Узбекистон А. А. Знаменский ҷонибдорӣ мешуд, бо дастури узви Бюрои сиёсии Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Шӯравӣ Николай Бухарин дар соли 1930 аз фурӯш бардошта ва оташ зада шуд.
Айниро ба кӯшиши барқарор кардани аморат ва гуноҳҳои дигар муттаҳам карданд. Аммо, тавре Камол Айнӣ навиштааст, падараш соли 1934 Бухаринро мутмаин месозад, ки «Намуна» ягон сухану муҳтавои зараровар надорад ва ба омодасозии он барои бознашр мепардозад. Вале соли 1937 таъқибу саркӯбгариҳо шуруъ мешаванд ва Бухарин ҳам дар канор намемонад. Нашри китоб дубора ба таъхир меафтад. Ҳамин тариқ «Намунаи адабиёти тоҷик» бо талоши Камол Айнӣ дар соли 2010, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш бо ҳарфҳои кириллӣ нашр мешавад.
Ҳарчанд «Намуна» таърихи фоҷиавӣ дорад ва ба андозаи осори бадеии Айнӣ хонандаи зиёд надошта бошад ҳам, арзиши онро баҳо додан хеле мушкил аст. «Намунаи адабиёти тоҷик» пас аз ташкилёбии Ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон тоҷиконро зуд ба ҷаҳониён муаррифӣ карда, рушди минбаъдаи адабиёти тоҷикро ҳамчун идомаи анъанаҳои классикони бузурги форс муайян кард.
Каме назария дар охир
Оё адибони тоҷик асарҳои худро бо тарсу ҳарос навиштанд ва пинҳонӣ пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро мунтазир буданд? Ё онҳо коммунистон-ленингароҳои воқеӣ ва содиқ буданд? Дар умум, оё давраи Шӯравии таърихи Тоҷикистон мустамликавӣ буд? Оё нухбагони Тоҷикистон комилан мутеи қудрати бераҳмонаи Кремл буданд?
Ҳамасри мо, назарияпардози пасоистеъморӣ, амрикоии ҳиндиасл Ҳомӣ Бҳабҳа (Homi Bhabhа) як қатор консепсияҳоеро таҳия карда, ки муносибатҳо миёни мустамликадорон ва мустамликаҳоро таҳлил мекунанд. Онҳо метавонанд барои дарки феномени фарҳанги шӯравии тоҷикӣ муфид бошанд. Сухан дар бораи мафҳумҳои воридкардаи донишмандон «дурага» (гибридность) ва «тақлид» (мимикрия) меравад.
Истилоҳи «гибридӣ» дар боғдорӣ истифода мешавад. Дарахтеро гибридӣ меноманд, ки тавассути пайванд ё гардолудкунии ду навъи дигар ба миён омадааст. «Гибридӣ»-и Бҳабҳа ба эҷоди шаклҳои нави фарҳангӣ дар минтақаи тамос, ки дар натиҷаи мустамлика ба вуҷуд омадааст, ишора мекунад. Бҳабҳа «тақлид»-ро нусхабардорӣ шудани фарҳанги мустамликадорон аз ҷониби мустамликашудаҳоро меномад.
Нақши нухбагони маҳаллии мусулмон дар шӯрависозии ин минтақа дар давраи баъд аз инқилоб ҳалкунанда набошад ҳам, муҳим буд. Онҳо ба сафи ҳизб шомил шуда буданд, то пас аз пошхӯрии ҳукумати подшоҳӣ ва аморат боқимондаи “партовҳоро дур андозанд”: масҷидҳои зери идораи муллоҳои пешворо банданд, вақфро барҳам диҳанд, ба ҷомеаҳои ҷиноии дарвеш-қаландарҳо хотима бахшанд, ба ҳамгироии занон дар ҷомеа мусоидат кунанд, зидди исрофкорӣ дар тӯю маросими дафн ва маҳр мубориза баранд.
Ин корро ба ҷуз аз онҳо, каси дигаре карда наметавонист. Садоқати пешвоёни мусулмон ба идеалҳои коммунистӣ мутлақ набуд. Он шиори коммунистиеро мемонд, ки бо хати арабӣ дар матои сурх шитобкорона навишта шуда, пушти он майлу хоҳиши нухбагон ба мероси иҷтимоӣ ва фарҳангии гузашта пинҳон буд. Вобастагӣ ба таҷрибаи наслҳои пешин аз байн нарафт. Ҳатто ҳангоми пеш омадани зарурати навиштан дар бораи Ленин, трактор ва пахта эҳсос мешуд. Он моҳирона пинҳон шуда, мунтазири фурсате буд, ки дубора берун шавад ва навъи севуми ба истилоҳ, «гибридӣ»-ро ташкил намояд.
Ҳукумати Шӯравӣ ҳарчанд итоаткориро талаб мекард, дар баробари дигарандешиҳо тоқатнопазир буд. Дар бештари маврид ба ҷазодиҳӣ дар шакли танбеҳ, “поккориҳои ҳизбӣ”, ҳабс, ҳатто қатл даст мезад ва аз майли тоҷикон ба фарҳангу арзишҳои худ огаҳ буд. Шӯравӣ ҳарчанд маҳдуд мекард, ҳеҷ гоҳ рушди миллиро манъ накардааст. Бинобар ин, он дар даҳсолаи аввали ҳукмронии худ тавонист ба босмачигарӣ пирӯз шавад ва бештари зиёиёнро ҷонибдори худ созад. Ҳокимияти шӯравӣ дастурамали «омода барои истифода» набуд, ки аз боло иҷборан таҳмил шуда бошад. Он дар «минтақаи тамос» якҷоя бо нухбагони миллӣ ҳаракати муайяни “аз поён ба боло”-ро дар назар дошт ва аз ҷумла, “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро бо қасидаи шоири дарбории асри 9-10, ки ба амири Бухоро бахшида шуда буд, намунаи адабиёти тоҷик эътироф кард.
Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ҳукумати Шӯравӣ ба фаъолияти эҷодии нависандагон, рассомон, мутахассисони бонуфуз ва асилзодагони маҳаллӣ, ки дар як вақт бо раҳбарони давлати Шӯравӣ ва одамони одӣ робита доштанд, иҷозат дода буд. Онҳо метавонистанд ба манфиати Кремл таблиғ кунанд ва ҳамзамон имкони таъсиррасонӣ ба сиёсати онро аз даст надиҳанду дар ниҳоят ҳамон маҳсули зеҳнии «гибридӣ»-ро ба вуҷуд оранд. Аз ҷумла китобҳоеро, ки дар боло номашон гирифта шуд.
Ин “гибридӣ”, маҳз омезиши садоқат ба низом бо эҳтиром ба гузаштаи хоси Айнӣ имрӯз ҳамчун зуҳуроти зиддимустамликадорӣ зоҳир мегардад, зеро он ногузир болшевизмро заиф сохта, онро аз мақоми доктринаи ҳукмрон маҳрум кард. Ҳарчанд беҳтарин намояндаҳои нухбагони Тоҷикистони Шӯравӣ – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ фаъолияти худро хилофи коммунизм намешумориданд, дар парадигмаи зидди мустамликадорӣ беғаразона амал карда, тадриҷан - бошуурона ё беихтиёрона – заминаеро омода месохтанд, ки рӯзе дар асоси он давлати мустақили тоҷикон таъсис ёбад.
Давраи шӯравии таърихи Тоҷикистон раванди пурҷӯшу хурӯши дигаргуниҳо, задухӯрдҳо, созишҳо ва зиддиятҳо буд. Меъёрҳои фарҳангии одатӣ аз байн рафтанд ва ба ҷои онҳо меъёрҳои наве ба вуҷуд омадаанд, ки ба назари тоҷикон, кӣ будани худи онҳо ва чӣ гуна будани давлаташонро метавонанд муаррифӣ кунанд.