Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камолуддин Абдуллоев: Тоҷикон – суғдиҳои мусулмоншуда?


Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Қисми 2

Бахши аввали навиштаро дар инҷо хонед

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

"Занбӯрҳои фарҳанг"

Суғдиён дар муқоиса бо чиниҳо ва туркҳо мардуми он қадар бузурге нестанд. Онҳо на тавассути нерӯи лашкари худ ва ҳамлаҳои таҷовузкорона, балки тариқи ақлу хирад, заковат, чобукӣ ва малакаи муошират бо халқҳои дигар (бо забони худи онҳо) ба комёбӣ даст ёфтаанд.

Суғдиҳо дар соҳаи фарҳанг ба корҳои ҷамъиятӣ, аз қабили шикор, оростани зиёфат бо мусиқию рақс, театр ва варзиш таваҷҷуҳи вижа доштанд. Хонаи онҳо баъзан ба намоишгоҳи ҳунар шабоҳат дошт. Муҳоҷирони суғдӣ дар Чин дар санъати фароғатии ин кишвар баъзе навгонӣ ворид карда, тавре мегӯянд, онҳоро бо «стриптиз» ё рақсҳои урёну нимаурёни занон ошно сохтанд. Чиниҳоро ба шаробнӯшӣ моил карданд. Вожаи чинии “путао” (pútáojiǔ) ба маънои “ангур” ва “шароб” аз забони суғдӣ гирифта шудааст.

Суғдиён як фарҳанги нотакрор ва ба худ хоси шаҳрнишинии пешазисломиро дар Осиёи Марказӣ сохтанд, ки решаҳои қадимии ориёӣ ва юнонӣ дошт.

Аспҳои воридотӣ аз Давон (Фарғона) барои чиниҳо монанди мошинҳои гаронарзиши имрӯзаи хориҷӣ буданд. Рақси пурэнержии «Гурбони суғдӣ», ки ҳам дар майхонаҳо ва ҳам дар дарбори император иҷро мешуд, хеле маҳбуб гашта буд.

Таъсири суғдиҳо дар топонимика низ назаррас аст. Аксарияти мутлақи номҳои ҷуғрофии Осиёи Миёна дар давраи қадим ва асрҳои миёна суғдӣ мебошанд. Дар ин рӯйхат ҷои аввалро «канд» (шаҳр) ишғол мекунад. Ба андешаи П.Лурйе, калима (суффикс)-и «канд» (аз «кандан», яъне «кофтан», «сохтан») нишонии ба худ хоси топонимикаи суғдист.

Мустамликадорони суғдӣ ба муҳити бодиянишинон ё кӯчманчиёни Ҳафтрӯд маҳорати мукаммалтари кишоварзӣ оварда, бо ин роҳ ҳаёти иқтисодӣ ва экология ё муҳити зисти ин минтақаро дигар карданд. Онҳо дар асрҳои 2 ва 3-и милодӣ тарғибгарони асосии буддоияи ҳиндӣ дар Чин буданд. Суғдиҳо пас аз чаҳор сол ба Чин ва туркҳои АвруОсиё динҳои ғарбии монӣ ва масеҳияти несторианиро оварданд. Дастовардҳо ба ҳадде зиёданд, ки донишмандон мегӯянд, тамаддуни суғдӣ назар ба кашфиёту ихтирои худ бо азхуд кардан ва интиқол додани дастовардҳои хориҷӣ бештар маъруф аст. Онҳо суғдиҳоро «занбӯрҳои фарҳанг» меномиданд.

Аҷиб аст, тамаддуни бойи суғдӣ, ки тақрибан ду ҳазор сол дар Осиёи Миёна ривоҷу равнақ ёфтааст, ҳеч гоҳ давлатдории худро ташкил накардааст, то бо Византия, Сосониён, Кушониён ва Чини ҳамзамонаш рақобат кунад. Он чи мо ҳоло Суғд меномем, чанд қаламрави хурду мустақил, шаҳр ва воҳаҳост. Тамоми дастоварду комёбиҳое, ки суғдиҳо дар фарҳанг ва иқтисод доштанд, бе такя ба қудрат ва нерӯи ҷангӣ ба даст омадааст. Онҳо ин дуро надоштанд!

Вақте ба сарзамини суғдиҳо аввал ҳуннуҳо (асри 4) ва баъдан туркҳо (асри 6) ҳамла карданд, онҳо тавони муқовиматро бо ҳамлагарон надоштанд. Аммо ба қадри кофӣ дониш доштанд, ки таҷовузи душманро ба нафъи худ истифода карда, онро ба ҳамкорӣ, ба наздикшавии мардуми бумӣ ва бодиянишин равона созанд, то дар он қисмати АвруОсиё, ки дашт бо воҳаҳо ҳамсарҳад аст, нақши миёнарави асосиро бибозанд.

Онҳо сарватманд шуданд ва ҳам тавонистанд, дар ҳама соҳаҳо (ба ҷуз аз ҳарбӣ), пеш аз ҳама дар тиҷорат, санъат, илм, дипломатия ва забоншиносӣ пешрафт кунанд. Онҳо дар Чин ҳатто ташаббускорони ҳаракати суғдӣ ҳам буданд, ки "аз ҷониби тоҷирони суғдӣ дастгирӣ ёфта, қасди ғасби тахти императориро дошт".

Суғдиёни сарватманд ва ашрофзода ҳокимияти марказӣ - подшоҳи умумии худро надоштанд. Худро “шоҳи Суғд” эълом кардани Деваштич як кӯшиши дермондаи муттаҳидсозии суғдиён дар муқобили душман буд. Суғдиён ҳамчун арбоби давлатӣ шикаст хӯрданд, чун “дини давлатӣ”-и муттаҳидсоз надоштанд. Онҳо ҷаҳонватан ё космополит буданд ва дарҳояшон ба рӯйи ҳамаи фарҳангу дини мардуми дигар боз буд. Суғдиён як фарҳанги нотакрор ва ба худ хоси шаҳрнишинии пешазисломиро дар Осиёи Марказӣ сохтанд, ки решаҳои қадимии ориёӣ ва юнонӣ дошт. Хидмати асосии суғдиҳо ин буд, ки онҳо дарки ягонагии ҷаҳон ва ба ҳам наздишавии халқҳоро вазифаи худ медонистанд.

Исломишавии Суғд: “ҷонибдор” ва “зид”

Зуҳури дини ислом пайомадҳои мутаноқиз (ба ҳам зид) дошт. Ҳукмронии мусулмонон ба истифодаи забони суғдӣ хотима бахшид. Хушбахтона, ин забон дар шакли тағйирёфта ҳанӯз ҳам дар миёни мардуми кӯчаки «яғнобӣ» дар вилояти Суғди Тоҷикистон истифода мешавад. Бо ин ҳол, дар забони форсӣ-тоҷикӣ вожаҳои зиёди суғдӣ ҳифз карда шудаанд.

Чаро имрӯз дар Осиёи Миёна ба монанди Эрон пайравони дини зардуштӣ нестанд? Шояд ин натиҷаи бераҳмии арабҳо буд?

Маъмултарини ин вожаҳо дар забони тоҷикӣ “нағз” (хуб) аст, ки ба мо аз гузаштаҳои суғдиамон ба мерос мондааст. Ин калима барои аксари форсизабонони Эрон ва Афғонистон нофаҳмо аст. Ба назари Лурйе, гузариш ба форсии нав (тоҷики муосир) натиҷаи муҳоҷирати оммавии форсҳо ё наслкушии мардуми маҳаллӣ набуд. Ӯ мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд, ин як раванди тадриҷан аз худ кардани забонҳои маҳаллии эронӣ аз ҷониби хеши тавонотарашон буд.

Пайомади бешак мусбати омадани ислом ва гузаштани суғдиён ба забони форсӣ ин буд, ки онҳо ва форсизабонони Эронро дар як давлат – нахуст дар хилофати Аббосиён ва сипас дар империяи Сомониён муттаҳид сохт. Бо зуҳури Ислом як маркази бузурги мустақили қудрат дар Осиёи Миёна (Самарқанд ва Бухоро) падид омад. Ташаббускораш суғдиён буданд.

Этен де ла Васйе тахмин мезанад, ки тоҷирони сарватманди суғдӣ дар гардиши Суғд ба сӯи Форс ва Ироқ саҳм гузоштаанд. Онҳо истилои исломӣ-арабии Осиёи Миёнаро ба далелҳои иқтисодӣ ҷонибдорӣ карданд. Истилои Суғдиён «олигархҳо»-и суғдиро дар шакли ба истилоҳ, як иттиҳоди гумрукӣ бо вилоятҳои ғарбӣ пайванд кард, ки боиси бартараф шудани монеаҳои сахти гумрукӣ ва рушд ёфтани тиҷорат бо Бағдод шуд. Яъне, боиси боз ҳам сарватманд шудани тоҷирони суғдӣ гардид.

Гузашта аз ин, Этен де ла Васиер мегӯяд, суғдиён юриши мусулмононро ба Мовароуннаҳр амалан сармоягузорӣ мекарданд ва зиндонӣ шудани сарбозони арабро барои напардохтани қарзи судхӯрони суғдӣ далел меорад.

Оё тоҷикони имрӯз аз омадани Ислом ва аз байн рафтани дини зардуштӣ дар Суғд бояд ғамгин бошанд? Чаро имрӯз дар Осиёи Миёна ба монанди Эрон пайравони дини зардуштӣ нестанд? Шояд ин натиҷаи бераҳмии арабҳо буд? Вале арабҳо зардуштиҳоро дар Эрон ба монанди масеҳиёни қибтӣ дар Миср дар амон гузоштанд. Ҷомеаи онҳо то ҳанӯз ҳаст.

Далели ин дар вижагии ойини зардуштии суғдиён нуҳуфтааст. Дар Суғд ба монанди Форс барои ба сатҳи давлат расидани ин дин шароит вуҷуд надошт. Тавре таърихнигори тоҷик М. Мамадназаров мегӯяд, “бешубҳа дини асосии суғдиҳо зардуштӣ монда буд. Албатта, на дар шакли дини Сосониён, балки дар навъҳои суғдӣ-бохтарии он. Эҳтимол решаҳои ориёии бостонитаре дошт, ки баъдҳо тавассути ойинҳои ҳиндӣ, Ховари Миёна ва эллинӣ бар он афзуда шуд.”

Арабҳо маҳз ба хотири фарқиятҳои дини суғдӣ аз ойини догмашудаи зардуштии Эрони Сосонӣ ҳамчун бутпарастӣ таҳти таъқиб қарор доданд. Дар Суғд синфи рӯҳониёни зардуштӣ ба монанди коҳинону иерархҳо вуҷуд надошт, ки ҳуқуқу имтиёзҳои худро талаб кунанд ва аз арабҳо бигиранд.

Геополитика, иқтисод ва уфуқи фарҳангии Суғди бостонӣ дар миёнаҳои асри 8 тағйир ёфт. Дини нав суғдиҳоро аз Ҳиндустон, Чин ва Муғулистони бисёрхудоӣ дур карда, онҳоро ба самти ғарб, ба сӯи Форс ва Шарқи Наздик, минтақаи фаромарзие гардонд, ки марказаш дар Осиёи Ғарбӣ ва Миср воқеъ аст. Суғдиён дар баробари насрониён ва яҳудиён ба пайравони дини Иброҳим табдил ёфтанд. Дар ниҳоят, муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Ислом ба этногенез ё пайдоиши халқи тоҷик ва форс такони ҷиддие бахшид. Дар охири асрҳои 8 ва 9 мардуме пайдо шуд, ки дар як давлат муттаҳид шуда, дини ягонаро таблиғ мекард, ба забони муштарак – забони форсии нав (порсӣ, дарӣ, тоҷикӣ) сухан мегуфт ва ба ин забон шоҳасарҳои илмию адабӣ меофарид.

"Асри тилоӣ"-и таърихи форсу тоҷик дар асри 16, замоне ба поён расид, ки узбекҳои Дашти Қипчоқ ба Осиёи Миёна ҳуҷум ва туркҳои Сафавӣ мазҳаби шиаро дини давлатии Эрон эълон карданд.

Тоҷикон – суғдиҳои мусулмоншуда?

Ричард Фолтс ба ин суол посухи мусбат додааст. Ӯ ташаккули миллати тоҷикро "эҳёи исломии суғдиён" медонад. (Islamicized rebirth of the Sogdians)

Ин ақидаро туркшиноси канадаӣ Чжу-Юп Ли ҷонибдорӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, суғдиён пас аз истилои араб аз байн нарафтанд, балки бо номҳои мустаори нав “сарт” ва “тоҷик” монданд.

Истилои арабҳо эрониёни шарқӣ ва ғарбӣ (тоҷикону форсҳо)-ро давоми 800 сол дар як муҳити фарҳангие муттаҳид сохт, ки ба ҷаҳон нобиғаҳое ба монанди Хайём, Саъдӣ, Фирдавсӣ, Ҳофизу Ҷомӣ ва дигаронро бахшид. "Асри тилоӣ"-и таърихи форсу тоҷик дар асри 16, замоне ба поён расид, ки узбекҳои Дашти Қипчоқ ба Осиёи Миёна ҳуҷум ва туркҳои Сафавӣ мазҳаби шиаро дини давлатии Эрон эълон карданд. Ин зарбаи сахте ба ҷаҳони Эрон буд. Эрони шарқӣ ва ғарбӣ дубора ҷудо шуданд.

Эрони пойтахташ Исфаҳон Эрони пойтахташ Самарқандро рақиб ва мухолифи худ қабул кард ва бинобар ин, бо он ҳеч гуна равобити фарҳангие дигар ба роҳ намонд. Ҳамин тавр, фаромӯшавии идеяи «Эронзамин»-и Эрони Сосониён ва Сомониён ба таҳкими қудрати сулолаҳои турк дар Мовароуннаҳр мусоидат кард.

Дар бораи ифтихори Суғд: ба ҷои хулоса

Баррасии таърихи Суғд ба мо имкон медиҳад, ки суоли дигареро дар миён гузорем: кадоме аз ин ду Эронро бояд «марказӣ» ва кадомашро «ғайримарказӣ», ғарбӣ ё шарқӣ бояд бидонем? Шояд лозим аст, суғдиҳоро суғдӣ номем, на эронӣ? Ёдовар мешавем, ки Деваштич худро на шоҳи Эрон, балки «ҳокими Самарқанд, подшоҳи Суғд» номида буд. Ин баёнгари он аст, ки маҳз Суғд аҳамияти сиёсиву фарҳангӣ ва ҷуғрофӣ дошт, бар хилофи он чи мо одат карда будем, “Эрон” меномидем.

Ба нафъи бартарияти Эрони Шарқӣ-Суғд он буд, ки “Эрон” барои чиниҳо, куриёиҳо, тибетҳо ва туркҳои даврони қадим дар симои мустамликадорони суғдӣ аз Иссиқкӯл, Кошғар, Муғулистон ва Гансу оғоз мешуд, на дар минтақаи барои онҳо дур дар доманакӯҳҳои Эрон (Хуросон). Ва дар охир суол гузоштан ба маврид аст: чӣ гуна ташаккули форсии муосир рушд кард: Аз эрониҳо ба суғдиён ё баръакс, аз Суғд ба Эрон? Зеро адабиёти форсу тоҷик дар асри 10 дар Суғд (Бухоро ва Самарқанд) ба вуҷуд омадааст, на дар Форс. Суолест, ки баҳсу мунозара ва посух мехоҳад.

Дар мавриди хидматҳои суғдиён бояд ёдовар шуд, ки онҳо дар паҳн кардани дини Ислом дар минтақа хидмат кардаанд. Бо зуҳури ислом маҳз дар минтақаи тиҷории истисноии тоҷирони суғдӣ, дар даштҳои шимолии дарёи Сир, нахустин рӯйоварии туркҳо ба дини нав ба вуқуъ пайваста, сабаби қабул шудани дини Ислом аз сӯи нахустин империяҳои туркҳои мусулмонии Салҷуқиён ва Қарахониён (асрҳои 10-11) гардид. Суғдиён дар эҳёи Форс нақши ҳалкунанда бозиданд. Онҳо баъди ду қарни ҳукмронии арабҳо тавассути эҳёи тасвир ва рамзҳои бостонӣ дар санъати расмии Сомониёну сулолаҳои баъдӣ тавонистанд, бо муваффақият фарҳанги бостонии Эронро бо Ислом пайванд диҳанд.

Дари фарҳанги суғдӣ пеш аз зуҳури Ислом ҳам барои таъсири ҳиндуҳо, ҳам чиниҳо ва ҳам эрониҳо боз буд. Маҳз ҳамин ҳолат дар тарбияи бузургтарин донишмандони ҷаҳони Ислом аз асрҳои 9 то 11 ҳалкунанда буд. Инҷо танҳо чанд номро меорем: Берунӣ, Ал-Форобӣ, Ибни Сино ва Хоразмӣ ва албатта, зодаи Панҷакент, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ҳамаи инҳо ё аз Суғд буданд ва ё дар Суғд таҳсил кардаанд.

Тавре таърихшиноси рус Юрий Карев менависад, асли суғдӣ мояи ифтихори асирони Бағдод ва ҳамчунин бисёре аз эрониёни арабзабон буд. Ба гуфтаи арабшиноси рус В.А.Эберман, «дар давраи бознигарии мероси фарҳангии эрониён дар хилофати араб, ҳар як форс кӯшиш мекард, ки хонаводаи худ ба марзбон (вазирон - К.А.) ва подшоҳон пайванд диҳад».

Абуяъқуб ал-Хураймӣ ас-Суғдӣ, шоири арабзабони эронӣ (суғдӣ), ки дар асри 9-и милодӣ дар пойтахти давлати Аббосиён — Бағдод зиндагӣ мекард, навиштааст: "Онҳо (Суғдиён)! Бидонед, ин решаи ман аст, ки аз он ба воя расидаам. Охир ҳар навдаеро дар замин решае ҳаст."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG