Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Тоҷикистон як вилояти Чин (Хитой) буд? Бахши 2


Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигори тоҷик

Дар қисми аввал баъзе аз мушкилоти таърихи қадими Минтақаи ғарбӣ (Шинҷон), нуфузи Кушониёну сулолаи Хон (206пеш аз милод ва 220милодӣ) дар ин минтақа ва инчунин талошҳои сулолаи Тан барои зери идораи чиниҳо даровардани ҳамаи Осиёи Марказӣ кӯтоҳ баррасӣ шуданд. Ҳоло қисми дуввумро бихонед.

СУҒДИҲО ДАР ЧИН

Императорони Тан ҳарчанд бо сулолаи пешини Хон робита доштанд, аз нигоҳи этникӣ ва фарҳангӣ ба мардуми Осиёи Марказӣ, бо шумули турку аҷдоди тоҷикон – суғдиҳо наздик буданд. Донишманди фаронсавӣ Этйен де ла Весйер (Étienne de La Vaissière) ҳатто шимоли Чинро дар давраи Тан "муҳити туркӣ-суғдӣ" номидааст.

Тоҷирони суғдӣ
Тоҷирони суғдӣ

Ба гуфтаи Маттео Компарети (Matteo Compareti), ҷаҳон дар бораи суғдиҳо аз сарчашмаҳое огоҳ шуд, ки аврупоиҳо дар оғози асри 20 дар ғарби Чин (Турфон) ошкор карда буданд. Суғдиҳо дар миёнаҳои асрҳои 4 ва 10 маҳаллаеро аз Қошғар то шарқи Чин таъсис доданд. Онҳо бо забони зодгоҳҳои худ – Самарқанд, Панҷакент, Бухоро ва Хуҷанд ҳарф мезаданд, ки дар асри 10 аз истифода дур монда, ҷойи онро забони нави форсӣ – забони муосири тоҷик гирифт (Эҳтимол сабаби зуд ва тақрибан пурра аз истифода мондани забони суғдӣ дар он буд, ки бештари матнҳои тоисломӣ – масеҳӣ, буддоӣ ва монавӣ бо он навишта шуда буданд).

Забони суғдӣ давоми шаш аср на танҳо забони ҷамъиятҳои муҳоҷир дар Чин, балки забони тиҷорат аз Аврупо то Чин буд. Бо ин забон ба ҷуз аз суғдиҳо, турку уйғурҳо низ ҳарф зада, ҳамчунин, забони номанависӣ, почта ва иртиботи бозаргонони Чин бо "дафтари марказияшон" дар Самарқанд буд. Дар ҳукумати Тан ба хотири ба даст овардани ҳадди аксари даромад аз тиҷорат бо Ғарб идораи махсусе дар умури пешвоёни корвонҳои суғдӣ фаъолият мекард.

Суғдиҳо - сайёҳони космополити эронизабон дар Чин дар баробари бозаргонон ҳамчунин қишри кишоварз, сарбоз, нассоҷ, дипломат ва тарҷумонро ташкил медоданд. Онҳо аз асри 4 то асри 9 дар тамоми соҳаҳо – иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаҳои шимоли Чин иштирок доштанд.

Дар сарчашмаҳои чинӣ суғдиёнро миллати фаъоле номидаанд, ки модарзод тоҷир ба дунё омадаанд. Онҳо, ки ба синни 20 расиданд, барои истифодаи бештари истеъдодҳои худ ба кишварҳои дур бо шумули Чин, Ҳиндустон ва Осиёи Ҷанубию Шарқӣ мерафтанд. Суғдиҳо барои қонунигардонӣ ва беҳтар пеш рафтани корҳояшон насабҳои чинӣ мегирифтанд (дар қайдҳои сулолавӣ низ онҳо ҳамчун "нӯҳ оила" маъруф буданд).

Дар Чин бухуроиҳоро "Ан", самарқандиҳоро "Канг", сокинони болооби Зарафшонро "Мӣ", форсҳои Эрони Сосониро "Ҳе" меномиданд. Онҳо мансабҳои калидиро дар артиш, маъмурият ва додгоҳҳо дар даст доштанд. Дарҳои Ғарб бо шарофати суғдиҳо ба рӯйи Чин боз шуд. Тақсими ҳафта ба ҳафтаи рӯз низ аз суғдиҳо ба Чин омадааст. Дар Чангъон ва шаҳрҳои дигар маҳз мусиқинавозон ва раққосҳо аз Осиёи Марказӣ машҳур буданд.

Ҷолиб ин аст, ки ҳамаи сохторҳои сиёсиву фарҳангии давлати уйғурҳо на бо чиниҳои ҳамсоя, балки бо суғдиҳо муштарак буд.

Дар тасвирҳо, ниқобҳо ва намоишномаҳои театрӣ шахсиятҳои хориҷӣ бо бинии дарозу чашми калон ва риши ғафс оварда мешуданд. Дар зиёфатҳои бошукӯҳ ҳаракати даврзанонаи раққосҳо бо шароби суғдӣ "муд" буд. Сарватмандони чинӣ ба занҳои сабукпои эронӣ ошиқ мешуданд.

Моделҳои чинӣ рӯйҳои худро, тавре дар Ғарб "муд" буд, ороиш медоданд, пироҳанҳои худро аз матои бо "ангезаҳои ғарбӣ" бофташуда дар Сичуан, дар сехҳои Хе Чоу медӯхтанд ва мардони аспсавори Чин ба тарзи эрониёни шарқӣ матоъҳои палангӣ мепӯшиданд. Беҳтарин аспҳо дар Чин аз Осиёи Марказӣ буданд. Чиниҳо аз эрониён чавгонбозиро пазируфта буданд, ки ҳатто диққати бонувонро низ ҷалб карда буд.

Суғдиҳо дар таърихи уйғурҳо нақши муҳимеро бозидаанд. Ин мардум соли 744-и милодӣ бо туркон-қарлуқон ба ҳам омада, Хоқонии шарқии Туркро сарнагун карда, давлати худро бо пойтахташ дар Муғулистон таъсис доданд. Вале баъд аз 100 сол ҳароси аз байнравӣ бар асари зарбаҳои бераҳмонаи қирғизҳои Енисей уйғурҳоро маҷбур сохт, барои омехта шудан бо тахориён ва суғдиҳои маҳаллӣ ба ҷанубу шимол, воҳаҳои ҳавзаи Тарим фирор кунанд. Дар натиҷа, қавми муосири уйғур ташаккул ёфт, ки дар таркиби он хислатҳои ҷисмонии муғулӣ ва эронӣ мушоҳида мешавад.

Ҷолиб ин аст, ки ҳамаи сохторҳои сиёсиву фарҳангии давлати уйғурҳо на бо чиниҳои ҳамсоя, балки бо суғдиҳо муштарак буд. Хоқонҳо ба роҳ мондани муносибатҳоро бо чиниҳо танҳо дар тиҷорат авло медонистанду дар масоили боқӣ ба суғдиҳо такя мекарданд. Давлати онҳо (850–1250), ки аз нигоҳи фарҳангӣ суғдӣ буду таҷрибаи ойини буддоӣ, монавӣ ва масеҳиро дошт, бисёртарин таъсирро дар тамаддуни ҳамсояҳо, пеш аз ҳама муғулҳо гузоштааст.

Уйғурҳо маҳз дар ин давра номаи суғдиҳоро қабул карданд, ки гуфта мешуд, ин алифборо сипас ба муғулҳо бидиҳанд. Он ҳанӯз ҳам дар вилояти худмухтори Муғулистони Дохилии Чин истифода мешавад.

ЗАДУХӮРДИ ТАЛАС

Дар миёнаҳои асри 7 барои Осиёи Марказӣ таҳдиди нав – арабҳо пеш омад. Артиши мусулмонон дар оғози асри 8 рӯди Омуро гузашт ва бо муқобилияти сахти амалдорону мансабдорони суғдӣ дар ҳампаймонӣ бо туркҳо рӯ ба рӯ шуд. Ду титани АвруОсиё – империяи Тан ва хилофати Аббосиён, ки он замон дар авҷи камоли худ қарор доштанд, ба тарафи якдигар ҳаракат мекарданд ва задухӯрди онҳо ногузир буд.

Гуруҳи бузурге ба раҳбарии генерали Тан Гао Сянчжӣ (куриёӣ), ки пештар бо баҳонаи кумак ба фарғонагиҳо дар муборизаҳо бо тошкандиҳо (ёриталабон аз арабҳо) Помирро аз тибетҳо ғасб карда буд, моҳи июли соли 751 ба рӯдхонаи Талас дар марзи Қирғизистон ва Қазоқистони муосир расид.

Бузургтарин ва ягона задухӯрди артиши чиниҳо ва арабҳо низ маҳз дар ҳамин ҷой сурат гирифт. Арабҳо зери фармонравоии Зиёд ибни Солеҳ, ки аз сӯи туркон-қарлуқон пуштибонӣ медид, душманро мағлуб сохта, ба ҳукмронии чиниҳо дар Осиёи Марказӣ поён бахшиданд. Туркон-қарлуқон дар аввали набард пуштибони чиниҳо буданд, вале дар ҷараёни муҳорибаҳо ба тарафи мусулмонон гузаштанд. Дар ин задухӯрд ва яке аз ҷангҳои муҳим дар таърихи Осиёи Марказӣ ҳудуди 50 ҳазор сарбози чинӣ дур аз ватан ва ҳангоми ҳимоят аз манфиатҳои империя дар ҷанги бемаъное кушта шуданд, ки танҳо суқути давраи Танро наздик сохт.

Ан Лушан
Ан Лушан

Чиниҳо баъд аз чаҳор сол барои гирифтани қассос ва муқобала дар баробари нуфузи Аббосиён ба минтақа артиши наверо ташкил карданд. Вале ҳамларо ошӯби генерали чинии суғдӣ-туркнажод Ан Лушан (Равшан Бухороӣ) халалдор сохт. Ошӯб тавассути давлати уйғурҳо ва чиниҳо саркӯб шуд. Этен де ла Весйер ва Кристофер Бэквит (Christopher Beckwith) мегӯянд, ошӯби Ан Лушан бо маслиҳати "ҳаракати суғдие сурат гирифт, ки аз он бозаргонони суғдӣ ҳимоят мекарданд" ва ҳадафаш ҳам ғасби тахти император буд.

Ҳамин тариқ, ҳукумати сулолаи Тан баъд аз ҳодисаҳои мазкур дигар натавонист, ба таври зарурӣ барқарор шуда, дубора ба самти Ғарб ҳаракат кунад. Чиниҳо нерӯҳои худро аз Тибету Осиёи Марказӣ берун бурданд ва Вахону Шуғнон дубора бо тибетҳо байъат карданд. Ан Лушан ихтиёрӣ буд, ё маҷбурӣ монеи ғасб шудани ватани таърихияш аз сӯи чиниҳо шуда, ба идома ёфтани исломишавии Осиёи Марказӣ мусоидат кард.

Тибетҳо, туркҳо ва уйғурҳо соли 763-и милодӣ тақрибан ҳамаи Минтақаи ғарбиро зери идораи худ дароварда, дар ниҳоят чиниҳоро ҳам аз Осиёи Марказӣ ҷудо карданд. Ба зудӣ Тибет низ шикаст хӯрд ва уйғурҳо бо ақиб нишондани туркҳо ба шарики асосии чиниҳо дар Минтақаи ғарбӣ табдил ёфтанд. Дар он замон ва тақрибан то омадани лашкари муғули Чингиз Хон ба минтақа ҳам тиҷорат дар дасти суғдиҳо буд.

ОСИЁИ МИЁНА БАЪД АЗ ҲУКУМАТДОРИИ ЧИНИҲО

Соли 751 намоди густариши ҳадди аксари мавҷи аввали исломишавии АвруОсиё ба самти шарқ аст. Он ҳамчунин дуртарин марзҳои ғарбии империяи чинии Тонро ҳам фаро гирифт. Арабҳо баъди Талас тавонмандии нигаҳ доштани минтақаҳои дурдасти ғарбии худро аз даст доданд. Ҳарчанд онҳо дар ҷанг бо чиниҳо пирӯз шуда бошанд ҳам, дигар барои пеш рафтан на нерӯ доштанду на алоқаманд буданд.

Заифшавии Аббосиён ба иллати ҷанг бо чиниҳо ба нафъи тоҷикон ва ташкили империяи Сомониён дар шарқи хилофат шуд, ки амалан аз Бағдод мустақил буд. Ин охирин сулолаи эронии Осиёи Миёна буд, ки як ҳувияти этно-фарҳангии муосири тоҷикро ба вуҷуд овард. Сомониён дар заминҳои Суғд ворисони анъанаҳои чандинасраи фарҳангии Эрони шарқӣ буданд, ки дар асрҳои 9-10 муваффақ шуд, суннатҳои эронии пешазисломиро бо Ислом созгор кунад.

Ин омезиши фарҳангӣ ҳатто баъди ба поён расидани "асри тилоӣ"-и тоҷикон ва суқути сулолаи Сомониён дар соли 999 аҳамияти худро гум накард. Қарахониён, ки ба ҷойи онҳо сари қудрат омада, пойтахтеро бо номи Қошғар таъсис доданд, Исломро қабул карданд ва ба пайравии ойини буддоӣ дар Хутан дар соли 1006 хотима бахшиданд. Бо суқути Сомониён турксозии Осиёи Марказӣ суръат гирифт, вале ин маънои онро надорад, ки фарҳанги эронӣ нақши калидии худро дар ҷомеа ва фарҳанги Осиёи Марказӣ аз даст дод.

Мусулмонон баъд аз чиниҳо давоми чаҳор сад сол, яъне то омадани лашкари муғулҳо, ки императори Чин низ буданд, Осиёи Марказиро идора карданд. Муғулҳои Мовароуннаҳр (Вароруд) баъди шикасти мусулмонон ба зудӣ турк шуда, Исломро қабул карда, ба мухлису ҳомии ашадии дини Ислом ва фарҳанги исломӣ-форсии мардуми Эрону Осиёи Марказӣ табдил ёфтанд.

ХУЛОСА

Наметавон гуфт, ки Минтақаи ғарбӣ, бахусус Осиёи Марказӣ пурра зери фармонравоии Чини давраи Тан буд. Фармонравоии Чин дар ин минтақа пароканда ва ноқис буд. Императорҳо на бо шомилгардонии заминҳои турку тоҷикон ба ҳайати империя, балки тавсеаи тамосҳо бо сокинони воҳаҳо ва ҷалби онҳо ба фарҳанги чинӣ буд. Нақши ин робитаҳои аҷдоди тоҷикон ва чиниҳо бо гузашти вақт дар фарҳанги Осиёи Марказӣ пайдо шуданд.

Аз ҷумла, таъсири чиниҳо дар миниатюраи китобҳои форсӣ-тоҷикӣ мушоҳида мешавад. Албатта, аз нигоҳи симо ва либос. Ҳамчунин, ин осорро дар наққошиҳои сақфи кандакоришудаи хонаву чойхонаҳои Исфара, Хуҷанд ва Конибодом бо рангҳои гуногун дидан мумкин аст. Исёни Ан Лушан ва суқути сулолаи Тан ин ҳама омезиши фарҳангӣ миёни Чин ва Осиёи Марказиро ба ҳам зада, боис ба пайдоиши бегонаситезӣ, мавриди ҳамла қарор гирифтани ҷамъиятҳои эронӣ ва маҳдуд шудани ҳуқуқи онҳо дар Чин шуд.

Тавре Ҷеймс Миллвард (James A. Millward) мегӯяд, фармонравоии каму беш комили Тан бар Минтақаи ғарбӣ аз 300 соли умумӣ ҳамагӣ 100 сол идома ёфтааст. Ин садсоларо ба далели ҳамлаи туркону тибетҳо, ки ҳукмронии чиниҳоро, бахусус дар Бадахшон ба ҳам зад, метавон ду тақсим кард.

Империяи Тан марзи Қазоқистону Ҷунгарияро 20 сол идора кардааст. Дар ин давра дар минтақаи мазкур маконҳои қобили таваҷҷуҳи чининишин набуд. Нухбагони маҳаллӣ раҳбариро идома дода, гарнизонҳои танӣ аз ҷанговарони турке иборат буд, ки онҳоро низ ғайричиниҳо (туркон, суғдиён ва куриёиҳо) фармонравоӣ мекарданд.

Империяи Тан ҳарчанд аз нигоҳи нуфуз ва тавонмандӣ назар ба империяи Хон фарқ мекард, он тавре ки худро тасаввур мекард, қавӣ набуд. Он ҳамин тариқ натавонист ба рафти ҳаводиси АвруОсиёи марказӣ дар давраи нубуғаш дар асри 8 таъсире расонад. Дар ниҳоят, чиниҳои боланда маҷбур шуданд, дарк кунанд, ки онҳо тавонмандии муқоисашаванда бо ҳамсояҳоро дар Шимолу Ғарб доранд.

Онҳо ҳамчунин дарк карданд, ки дигар набояд мустақим бо мусулмонҳо вориди муҳориба шаванд ва, беҳтар аст, дар қиболи Осиёи Марказӣ аз сиёсати инзивоталабӣ пеш гиранд. Баъд аз суқути Тон барои Чин ҳазор соли дигар лозим шуд, ки ба ҳавзаи Тарим баргардад. Императорҳои Тсин соли 1759 хонигарии Ҷунгария (муғулӣ)-ро шикаст дода, ҳудуди он ва Туркистони Шарқиро ба зери идораи худ медароранд ва вилояти Шинҷон (маъно: навиловашуда)-и Чинро ташкил мекунанд.

Он замон мардуми туркзабон (аксаран қазоқҳову уйғурҳо) ва тоҷикон беш аз 90 дарсади аҳолии минтақаро ташкил медоданд. То соли 1930 ба баъзе аз ноҳияҳои минтақа иҷозат дода шуда буд, ки нимамухтории худро ҳифз кунанд. Худдории фоҷеабори Пекин аз сиёсати таҳаммулпазирӣ ба Ислом дар давраи Ҷумҳурии Чин (1912-1949) дар соли 1930, баъд аз марги Мақсуд Шоҳ – хони Кумул (уйғур), мулаққаб ба "Омири Гобӣ" сурат гирифт. Ӯ як шоҳи вафодор ба сулолаи Тсин ва аз насли ҳокимони Улуси Чағатой ва охирин хони мустақили Осиёи Марказӣ буд.

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG