Кӣ ронда шуд ва кӣ санҷишу бозпурсӣ мешавад?
Гап дар бораи чор гектар замин дар канори фурудгоҳи Кӯлоб ва минтақаи озоди иқтисодии ин шаҳр дар ҳудуди ҷамоати Зиракӣ меравад. Се сол пеш онро барои сохтани хона ба сокинон додаанд. Ҳоло мақомот мегӯянд, қисме аз ин замин хилофи қонун тақсим шудааст ва манзилҳо ғайриқонунӣ бунёд шудаанд.
Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми октябр гуфтанд, Хебар Зайдуллозода, додситони минтақаи Кӯлоб, барои “чашмпушӣ аз кирдорҳои ғайриқонунӣ” дар ин самт аз мақомаш барканор шудааст ва эҳтимоли даст доштани Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб дар тақсими қисме аз ин заминҳо тафтиш мешавад.
Аз ин пеш, дар нишасти матбуотии моҳи июли имсол дар додситонии Кӯлоб гуфта буданд, ки нӯҳ қарори шаҳрдори Кӯлобро дар робита ба тақсими замин ба сокинон бинобар ғайриқонунӣ будан бекор кардаанд ва қарорҳои дигари ӯ тафтиш мешаванд.
Ба гуфтаи ду манбаи огоҳи Радиои Озодӣ аз тафтишот, Амирҳамза Акобирзода, муфаттиши додситонии минтақаи Кӯлоб низ аз мақомаш барканор шудааст ва Ҳусниддин Зардиев, раиси собиқи ҷамоати Зиракии Кӯлоб аз ҷониби муфаттишони Додситонии кул бозпурсӣ мешаванд.
Дар ҳукумати Кӯлоб хабарро шарҳ надоданд. Хебар Зайдуллозода, додситони ҳамакунун собиқи минтақаи Кӯлоб, пас аз шунидани суол дар ин робита чизе нагуфт ва телефонашро хомӯш кард. Як манбаъ дар Додситонии вилояти Хатлон гуфт, Хебар Зайдуллозода аз 12-уми октябр дар кор нест ва фармони барканориаш баромадааст.
Ин манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, тафтиш дар ин самт як моҳ пеш оғоз шуда буд: “Ин замин дар плани генералӣ ҳамчун замини кишоварзӣ сабт шудааст, вале онро ғайриқонунӣ ба сокинон тақсим кардаанд. Аз ҳолатҳои ришвагирию ришваситонӣ ҳам шикоят расидааст. Қарорҳое, ки ба сокинон барои бунёди манзили зист дода буданд, бекор шуданд. Ҳоло комиссияи додситонӣ инро санҷиш дорад ва ҳатман чора хоҳанд дид.”
"Имрӯз замин медиҳанд, фардо хонаро чаппа мекунанд"
Чанд сокини маҳаллаи навбунёд рӯзи 31-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳудуди 15 зербинои хонаи истиқоматӣ дар ин маҳалла вайрон карда шудааст ва намояндагони додситонӣ ба беш аз соҳиби сӣ хона дастур додаанд, ки то ҳафтаи дигар ихтиёрӣ манзилҳояшонро кӯчонанд.
Нозим, як сокини маҳалла, ки худаш дар Русия қарор дорад, рӯзи 31-уми октябр гуфт, пас аз понздаҳ сол интизорӣ соли 2022 қарори бунёди манзилро дар ин минтақа дастрас ва ба сохтани хона оғоз карда буд.
“Мо дар даст қароре дорем, ки раиси шаҳр имзо кардааст. Имрӯз як нафараш заминро медиҳад, фардо як нафари дигар ғайриқонунӣ гуфта чаппа мекунад. Ман 30 ҳазор сомонӣ барои хонаам сарф кардаам ва нисфашро сохтаам. Ҳоло намедонам чӣ кор кунам ва зарарро кӣ ҷуброн мекунад?” -- гуфт Нозим.
Ин муҳоҷир, ки ваъда кард, нусхаи қарорро ба Радиои Озодӣ мефиристад, баъдан аз суҳбат худдорӣ кард ва телефонашро хомӯш намуд.
Сокиноне, ки то рӯзи 31-уми октябр аз тахриби хонаҳояшон шикоят мекарданд, дигар ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд. Як сокини ин маҳалла, ки ба далели амниятӣ нахост номашро зикр кунем, рӯзи 1-уми ноябр гуфт: “Вақти чаппа кардани зербиноҳо ҳар касе телефон баровард, кормандони милиса дар ҷояш боздошт карданд. Мақсад, ки ба мухолифону Радиои Озодӣ навор нафиристанд. Тамоман намонданд, ки ба навор гиранд.”
Мақомот дар Тоҷикистон борҳо аз тақсими ғайриқонунии заминҳои кишоварзӣ бо ҳадафи бунёди хона хабар дода буданд. Бо вуҷуди талошҳо ба назар мерасад, ки чунин ҳолат кам нашудааст. Коршиносон сабаби асосиро ба фасоди густарда дар Тоҷикистон рабт медиҳанд.