Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 21-уми январ чандин хонаи навсохтро дар маҳаллаи Ҳуснободи шаҳри Душанбе пурра вайрон кардаанд. Онҳо гуфтанд, сокинон бе иҷоза дар ҷойи шинондани арчаҳо хона сохтанд. Мардум мегӯянд, ки барои бунёди манзил аз мақомот ҳуҷҷат доштанд.
Чанд сокини маҳаллаи Ҳуснобод бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда, гуфтанд, ки беш аз 15 хонаи навбунёд тахриб карда шудааст. Ба иттилои онҳо, дар ин маърака кормандони додситонӣ якҷо бо чанд маъмури милиса иштирок карданд.
Ҳабибулло Хоҷаев, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ҳанӯз соли 2003 дар мавзеи Ҳуснобод як порча замин гирифта, хона сохт. Ӯ нақл кард, ки бо бародараш дар як манзил ҳамроҳи волидон зиндагӣ доранд ва барояшон тангӣ мекунад.
“Бо сабаби он ки пул надоштам, сохтмон тӯл кашид. Маъюби гуруҳи дувум ҳастам, 108 сомонӣ нафақа мегирам. Танҳо як хонаро дар ин ҷо таъмир кардем, ҳоло барои сохтани бинои ошхона ва хоҷатхона зӯрамон нарасид", -- гуфт ӯ рӯзи 23-юми январ.
Мусоҳиби мо афзуд, ҳоло дар даст се санад – шиносномаи техникии хона, акси кайҳонӣ ва қарор барои ҷудо шудани заминро доранд, вале мақомот онҳоро эътироф намекунанд.
Умед, сокини дигари маҳалла гуфт, додситонҳои Додситонии кул ҳамроҳ бо масъулони ҳукумати шаҳр якбора бо мошини хокканӣ (мехлапата) хонаҳоро вайрон кардаанд. “Мегӯянд, дар ин ҷо бояд арча нишонда шавад ва гуё ҳуҷҷатҳои мо қалбакӣ аст. Мо ин ҳуҷатҳоро аз мақомот гирифтаем, агар нуқсе ҳам дар онҳо ҳаст, пас, гуноҳи масъулон аст, на мо”, -- иброз дошт ӯ.
Ҳуснобод як маҳаллаи навбунёдест, ки дар теппаҳои шимоли Душанбе қарор дорад. Қаблан ин заминҳо тобеи ноҳияи Рӯдакӣ буд ва ду сол қабл қисми зиёди он ба ихтиёри ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузашт.
Моҳи декабри соли 2018 тақрибан 8 ҳазор гектар замини ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳудуди ҷамоатҳои Чоряккорон, Чортеппа, Сарикиштӣ, Чимтеппа, Навобод, Гулистон ва “Россия” ба шаҳри Душанбе дода шуд.
Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯянд, мувофиқи тарҳи генералии пойтахт дар заминҳои ин маҳалла бояд арча ва дарахтони дигари ороишӣ шинонда шавад, чун барои бунёди хона мувофиқ нестанд.
Як масъули Идораи замини ноҳияи Синои Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, тақдири ҳар як хонаи бунёдшуда дар алоҳидагӣ баррасӣ мешавад: “Пеш аз он ки ягон хона вайрон карда шавад, масъулон ҳуҷҷатҳои сокинонро мебинанд. Агар ҳуҷҷатҳо нодуруст ва сохтмон худсарона бошад, баъд бо амри раиси ноҳия ё додситон бартараф карда мешаванд.”
Мақомот иддао доранд, ба онҳое, ки худсарона хона сохтаанд, аввал огоҳӣ медиҳанд, ки довталабона иморати сохтаашонро баркананд ва ҳадди ақал масолеҳи сохтмонии истифодашударо ҳифз намоянд. “Дар сурате, ки ин хоҳиш иҷро нашуд, ин гуна иморатҳо маҷбуран бартараф карда мешаванд”, -- гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Мавзӯи тақсими ноодилонаи порчаҳои замин солҳо боз дар Тоҷикистон доғ мемонад. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар як суханрониаш гуфта буд, ки “заминфурӯшӣ ба як дарди бедаво табдил ёфтааст” ва ҳарчанд ҳар дафъа ба ислоҳи вазъ таъкид мекунад, зоҳиран ҳанӯз давоеро дар ин маврид наёфтаанд.